ВидеоРӯйдодҳои БадахшонТоҷикистон

ДАР БАДАХШОН ЧӢ ГАП? ШОҲРОҲРО КУШОДАНД, ЯК ЗАН ДАР РӮШОН МУРДАИ ПИСАРАШРО ДИДУ ҶОН ДОД… (ВИДЕО)

Бино ба хабарҳое, ки рӯзи 20 майи соли 2022 аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба даст расиданд, вазъ дар ин минтақаи ноором дар шарқи Тоҷикистон нисбат ба оромтар шудааст.

Дар шаҳри Хоруғ эътирозгарон шоҳроҳи стратегии Душанбе Хоруғ Қулмаро, ки 5 рӯз боз дар маҳаллаи УПД масдуд карда шуда буд, рӯзи 20 май боз карданд ва гуфта мешавад, равуои нақлиёт ва интиқоли бор тавассути ин роҳ аз сар гирифта шуд.

Боз кардани ин шоҳроҳи стратегӣ яке аз талабҳои асосие буд, ки мақомоти қудратӣ шоми 18 май, дар пайи саркӯби эътирозҳо дар ноҳияи Рӯшон дар пеши эътирозгарони Хоруғ гузошта буданд. Мақомот аз эътирозгарон дар Хоруғ ҳамчунин талаб доранд, ки силоҳҳои худро супурда, ба мақомот таслим шаванд.

ТВ “Бадахшон” шоми 20 май хабар дод, ки шоҳроҳи Душанбе Хоруғ Қулма баъди 5 рӯзи баста будан дар натиҷаи музокирот боз гардид ва 92 мошини дар тарафи Мурғоб дармонда ва 68 мошини дар самти Ванҷ дармонда рӯзи 20 май ба роҳи худ идома доданд. Дар барномаи “Ахбор” дар ин шабака ҳамчунин гуфта шуд, онҳое, ки бо аризаи изҳори пушаймонӣ худро ба мақомот месупоранд, аз ҷавобгарӣ озод карда мешаванд.

Вале сокинони Хоруғ ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” хабар доданд, ки роҳи маҳаллаи Бархоруғ (Хоруғи боло), маҳалли зист ва пойгоҳи асосии тарафдорони Мамадбоқир Мамадбоқиров, яке аз лидерҳоии ғайри расмии Бадахшон,  ҳамчунон масдуд боқӣ мемонад ва сокинони дигар маҳаллаҳои Хоруғ имкони рафтан ба Бархоруғро надоранд. Сокинони худи Бархоруғ низ  тақрибан кӯшиши аз ин минтақа баромадан намекунанд.

Бо ин ҳол, рӯзи 20 май дар ноҳияи Рӯшон, маркази асосии саркӯби эътирозҳои ахир, сокинон ба гӯручӯби афроди рӯзи 18 май кушташуда идома доданд. Рӯзи 20 май дар инҷо ҳамчунин модари Тоҷиддин Назарбеков, сокини деҳаи Деҳрӯшонро дар канори мазори писараш ба хок супурданд. Гуфта мешавад, ки рӯзи 19 май, вақте мақомот мурдаи писарашро супурданд, ин зан бародари дидани ҷасади фарзандаш дилкаф шуда, вафот кардааст.

Тоҷиддин Назарбеков

Мақомот то кунун ҳалокати як афсари милиса ва 8 тан аз эътирозгаронро дар Рӯшон расман тасдиқ кардаанд. Вале сокинон мегӯянд, ки рӯзи 19 май мақомот ҷасадҳои 21 сокини Рӯшонро ба хешу таборашон доданд. Сокинон бар инанд, ки шумори кушташудаҳо аз ин ҳам бештар аст.

ВКД Тоҷикистон ҳамчунин аз захмӣ шудани 11 эътирозгару 13 низомӣ ва дастгир шудани 114 нафар дар Рӯшон хабар додааст.

Мақомот эътирозгаронро “аъзои мусаллаҳи гуруҳҳои муташаккилонаи ҷиноятӣ ва террористӣ” меноманд, ки ба иддаои мақомот, таҳти роҳбарӣ ва сарпарастии сиёсатмадори мухолиф Алим Шерзамонов, полковники қӯшунҳои марзбонӣ Холбаш Холбашев, ҳамсари собиқи ӯ ҳомии ҳуқуқи инсон Улфатхоним Мамадшоева ва яке аз лидерҳои ғайрирасмии Бадахшон Мамадбоқир Мамадбоқиров амал мекунанд.  Сокинон иддаои “терроризм”-ро бепоя меноманд ва мегӯянд, нирӯҳои қудратӣ болои мардуми бесилоҳ тир кушоданд ва барои тавҷеҳи ин кирдори худ ончиро, ки дар Рӯшон гузашт, “амалиёти зиддитеррор” ном гузоштаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button