ВидеоИқтисодМарзи Тоҷикистону Қирғизистон

БОЗДОШТИ ДУ ЧӮПОНИ ҚИРҒИЗ БО ДУ РАМА ГӮСФАНД ДАР МАРЗИ ТОҶИКИСТОН

Хадамоти матбуоти Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон дар бораи ошкор шудани ду мавриди кӯшиши қочоқи шумори зиёди чорвои хурд аз Тоҷикистон ба Қирғизистон хабар дод.

Бино ба иттилои ин ниҳод, рӯзи 12 апрели соли 2022 дар мавзеи марзии Майти дар ҷамоати Қулундуи ноҳияи Лайлак бо иттиҳоми қочоқи 99 сар гӯсфанд аз Тоҷикистон ба Қирғизистон шаҳрванди қирғиз М.А.Р. дастгир шуд. Бино ба ҳисоби шуъбаи бодкандии Палатаи савдою саноати Қирғизистон, арзиши ин 99 сар гӯсфан 1 миллиону 426 ҳазор сом, ё наздики 18 ҳазор долларро ташкил медиҳад.

Ҳамин тавр, бино ба иттилои КДАМ Қирғизистон, рӯзи 27 апрел дар мавзеи Садаи ҳамин ҷамоати Қулунду шаҳрванди қирғиз Д.Н.А. ҳангоми кӯшиши бо роҳи қочоқ аз Тоҷикистон ба Қирғизистон гузарондани 258 сар гӯсфанд дастгир шуд. Палатаи савдою саноат арзиши ин чорвои қочоқиро 2 миллиону 569 ҳазору 500 сом, ё беш аз 32 ҳазор доллар баровард кардааст.

Дар робита ба ҳарду мавриди кӯшиши қочоқи чорво аз Тоҷикистон бар асоси моддаи 231 Кодекси ҷиноятии Қирғизистон бо иттиҳоми қочоқи иқтисодӣ парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд.

Ҷамоати Қулунду бо ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғди Тоҷикистон ҳамсарҳад мебошад.

Қирғизистон марзаш бо Тоҷикистонро аз 20 майи соли 2021 билофосила баъди задухӯрдҳои хунин дар марзи ин ду кишвар барои равуои сокинону мошинҳо баст ва интиқоли маҳсулот низ байни ду кишвар расман манъ шудааст. Ҳарчанд Бишкек қарори бастани марзро ба пандемияи коронавирус рабт медод, вале мансабдорони қирғиз чандин бор изҳор доштанд, ки марзро тангҳо баъди ҳалли тамоми масоили марзӣ бо Душанбе аз нав хоҳанд кушод.

Бо гузашти 30 сол аз суқути СССР, аз 970 км марзи Тоҷикистону Қирғизистон то кунун беш аз 300 километраш ҳамчунон таъйин ва аломатгузорӣ нашудааст. Дар қитъаҳои баҳсӣ, ки асосан дар марзи ноҳияҳои Бодканду Лайлаки вилояти Бодканди Қирғизистон бо ҷамоатҳои шаҳри Исфара ва  ноҳияи Ғафурови вилояти Суғди Тоҷикистон ҷойгир шудаанд, ҳар сари чанд вақт бар сари обу замину чарогоҳу роҳ муноқишаҳо рух медиҳанд. Ин муноқишаҳо баъзан ба тирпаррониҳо мепечанд ва боиси ҳалокати мардум аз ду тараф мешаванд.

Дар як соли охир дар натиҷаи задухӯрдҳои мусаллаҳона дар марзи ду кишвар дастикам 59 нафар  (36 нафар аз ҷониби Қирғизистон ва 23 нафар аз тарафи Тоҷикистон) кушта шуда, ҳудуди 270 нафар  аз ҳарду ҷониб захмӣ шуданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button