ВидеоРӯйдодҳои БадахшонСиёсат

НИГАРОНИИ АМИҚИ САФОРАТҲОИ ҒАРБӢ АЗ ВАЗЪИ БАДАХШОН ВА ДАЪВАТ БА СУЛҲУ ОШТӢ

Намояндагии Иттиҳоди Аврупо ва Сафоратҳои Фаронса, Олмон, Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико шоми 18 май дар як изҳороти муштарак  аз гузоришҳо оиди вазъи муташанниҷ ва даргириҳои хушунатомези дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон изҳори нигаронии амиқ карданд.

“Мо даъват аз ҳамаи тарафҳо менамоем, то дар роҳи паст намудани шиддати вазъият қуввату ғайрати худро дареғ надоранд, таҳаммул пеша намоянд, инчунин аз истифодаи бемеъёри қувва ва даъват ба зуроварӣ даст кашанд. Мо аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват ба рӯй меоварем, то бо риояи қатъии волоияти қонун амал намудан, инчунин меъёрҳои эҳтироми ҳуқуқ ва озодиҳои асосии инсонро ҳатто дар ҳолатҳои бӯҳронии марбут ба амният риоя намудан аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таъмин карда шавад. Таҳдид ва таъқиби арзшудаи шаҳрвандон ва рӯзноманигорон ва маҳдудияти васеи маъмули дастрасӣ ба иттилоот дурнамои коҳиши босуръати шиддат ва бозгашт ба тартиботи муқаррариро халалдор мекунад.Аз талафоти ҷонӣ сахт дар таассуф ҳастем ва ба аҳли оилаҳо изҳори ҳамдардии самимӣ менамоем. Ҳамдардии мо ба маҷрӯҳшудагон аз ҷумлаи сокинони маҳаллӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ низ равона шудааст”, – гуфта мешавад дар изҳороти дипломатҳои ғарбӣ.

Дар анҷоми изҳорот сафоратҳои ғарбӣ аз ҳамаи тарафҳо даъват кардаанд, “то ба муоширати софдилона ва роҳи зудтари оромии вазъият рӯй биоваранд”.

Ин изҳорот дар ҳоле нашр шуд, ки чанд рӯзи охир вазъ дар Бадахшон хеле буғранҷ шудааст. Дар ҷараёни эътирозҳо ва амалиёти ҳарбии мақомот дар се рӯзи охир дар Хоруғ ва аксаран дар Рӯшон, ба эътирофи мақомот, аз ҳарду тараф дастикам 10 нафар (як афсари “Алфа” ва 9 сокини Бадахшон) кушта ва наздики 30 нафар (13 низомӣ ва дастикам 17 сокини Бадахшон) захмӣ шуда, танҳо дар ноҳияи Рӯшон ва танҳо рӯзи 18 май беш аз 70 танро барои иштирок дар нооромиҳои ахир дастгир кардаанд.

МАТНИ ПУРРА:

Изҳороти муштарак оиди рӯйдодҳо дар ВМКБ

Намояндагии Иттиҳоди Аврупо ва Сафоратҳои Фаронса, Олмон, Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз гузоришҳо оиди вазъи муташанниҷ ва даргириҳои хушунатомези дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон изҳори нигаронии амиқ мекунанд.

Мо даъват аз ҳамаи тарафҳо менамоем, то дар роҳи паст намудани шиддати вазъият қуввату ғайрати худро дареғ надоранд, таҳаммул пеша намоянд, инчунин аз истифодаи бемеъёри қувва ва даъват ба зуроварӣ даст кашанд. Мо аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват ба рӯй меоварем, то бо риояи қатъии волоияти қонун амал намудан, инчунин меъёрҳои эҳтироми ҳуқуқ ва озодиҳои асосии инсонро ҳатто дар ҳолатҳои бӯҳронии марбут ба амният риоя намудан аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таъмин карда шавад. Таҳдид ва таъқиби арзшудаи шаҳрвандон ва рӯзноманигорон ва маҳдудияти васеи маъмули дастрасӣ ба иттилоот дурнамои коҳиши босуръати шиддат ва бозгашт ба тартиботи муқаррариро халалдор мекунад.

Аз талафоти ҷонӣ сахт дар таассуф ҳастем ва ба аҳли оилаҳо изҳори ҳамдардии самимӣ менамоем. Ҳамдардии мо ба маҷрӯҳшудагон аз ҷумлаи сокинони маҳаллӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ низ равона шудааст.

Билохира, мо ҳамаро даъват менамоем, то ба муоширати софдилона ва роҳи зудтари оромии вазъият рӯй биоваранд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Сафирони ғарб ба худ савол надоданд, ки дар ин чо тарафхо нею балки макомоти низомии кишвар бар зидди гурухи мусалахи чинояткорон мубориза бурда истода, дар натичаи мукобилият нишон додани онхо агар ин гурӯҳи чинояткор мусаллаҳ намебуд, чӣ гуна афсари Алфа аз синааш кушта мешуд. Дигар ин ки мардуми осоишта медонанд, ки Мамадбокир Мамадбокиров рохбари гурухи чинояткор дар Хоруг асту аз макомот пинхон шуда гашта, барои чиноятхои муомилоти маводи нашъаовар, хариду фуруши яроку авбоши, ташкили иттиходи чинояти ва барангехтани кинаву адовати милли ва чанд чинояти дигар дар кофтуков карор дорад, изхороти макомоти хифзи хукукро диккат дода, аз асли вокеи хабардор шуда ба хар хел суханхои дуругу бофтаи бадхонони миллат набояд гуш кард

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button