ВидеоИқтисодМуҳоҷирон

ҲАВОПАЙМОИ МАСКАВ – КӮЛОБ БА ТОҶИКИСТОН РАСИДА НАТАВОНИСТ, АЗ НИМИ РОҲ ГАШТ

Ҳавопаймои ширкати “Уралские авиалинии”, ки шаби 18 ба 19 май аз фурудгоҳи Домодедово дар канори шаҳри Маскав, пойтахти Русия ба қасди шаҳри Кӯлоби Тоҷикистон ба парвоз хеста буд, ба Тоҷикистон расида натавонист. Аз иттилои пойгоҳи Flightradar24 бармеояд, ки ин ҳавопаймо дар фазои вилояти Пензаи Русия идомаи парвози худро қатъ карда, ба фурудгоҳи Домодедово баргаштааст.

Дар ширкати ҳавопаймо и “Уралские авиалинии” аз шарҳи сабабҳои аз роҳи парвозаш пас гаштани ҳавопаймои Маскав– Кӯлоб худдорӣ кардаанд, вале Телеграм-канали “Авиаторщина” аз қавли манбаи худ хабар додааст, ки сабаби аз роҳаш баргаштани ҳавопаймо ба парвози он иҷозат надодани ҷониби Тоҷикистон будааст. Ба гуфтаи манбаи ин канал, масъулони “Уралские авиалинии” аз қабл иҷозати мақомоти авиатсионии Тоҷикистонро барои анҷоми парвоз бо ин ҳавопаймо, ки ҳуҷҷатгузориаш чандон ҷобаҷо набудааст, нагирифта будаанд.

Вале канали “Аваторшина” менависад, ки ҳамин ҳавопаймо ҳамон рӯзи 18 май аз Кӯлоб ба Маскав ва аз он пештар аз Маскав ба Кӯлоб бидуни кадом мушкиле парвозҳо анҷом дода буд.

Рӯзи 18 май парвозҳои дигари ширкати “Уралские авиалинии” аз Екатеринбург ва Маскав ба шаҳри Кӯлоби Тоҷикистон бидуни мушкил сурат гирифтаанд.

Ёдовар мешавем, вақте кишварҳои Ғарб дар пайи ҳамлаи артиши Русия ба Украина ба зидди Русия таҳримоти сангин ҷорӣ карданд, шумори зиёде аз ҳавопаймоҳои ширкати “Уралские авиалинии”, ки зери қарзи лизинг буда, дар кишварҳои дигар сабти ном шуда буданд, таҳти хабари ҳабс қарор гирифтанд. Ширкат ба ин далел як муддат тақрибан ҳамаи парвозҳои хориҷиашро қатъ кард ва ҳавопаймоҳояшро дар Русия аз нав сабти ном кард.

Дар пайи ҷорӣ шудани таҳримоти байналмилалӣ, даҳҳо ҳавопаймои марбут ба ширкатҳои ҳавопаймоии Русия дар фурудгоҳҳои кишварҳои гуногун ба ҳабс гирифта шуданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button