ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҲАМАГӢ 22 СОЛ ДОШТ… МАРГИ РОНАНДАИ ҶАВОН ДАР РОҲИ ХУҶАНД – ИСТАРАВШАН

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки 18-уми майи соли 2022, тахминан соати 05:15, ронандаи мошини тамғаи «Опел-Астра», Ҳамдамов Аббосҷон Акбарович, соли таваллудаш 2000, сокини шаҳри Истаравшан, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Хуҷанд ба самти шаҳри Истаравшан, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Яхтан аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба дарахти сари роҳ бархӯрдааст.
Дар натиҷа, худи ронанда Ҳамдамов А.А ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Мусофирони автомашинаи мазкур: Пулотов Шариф Аслонович, соли таваллудаш 2003 ва Фузайлов Ҷовид Ҷамшедович, соли таваллудаш 2002, сокинони Истаравшан ва Одинаева Бунафша Сафаралиевна, соли таваллудаш 2004, сокини шаҳри Душанбе, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, двр беморхона бистарӣ гардидаанд.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Аз аввали ҳафтаи ҷорӣ ин алакай дастикам чорумин садамаи марговар дар роҳҳои Тоҷикистон аст.

Субҳи 15 май  дар кӯчаи Зафари шаҳри Душанбе як мошини “Мерседес” як зану як духтари пиёдагардро пахш кард. Дар натиҷа, Солеҳа Холиқова, соли таваллудаш 1983 дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, ноболиғ Рабиева Ганҷина, соли таваллудаш 2004 ҷароҳат бардошт

Шоми 15 май дучархарон Сафаров, соли таваллудаш 1990, сокини шаҳри Ваҳдат дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ дар зери чархи мошини боркаши тамғаи “Шакман” ҷон бохт.

Ҳамин тавр, субҳи 17-уми майи соли 2022, тахминан соати 07:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Хонда», Саидов Абдуҷалол Раҷабович, соли таваллудаш 1967, сокини шаҳри Ҳисор, ҳангоми ҳаракат аз самти Ҳисор ба самти шаҳри Душанбе, дар ҳудуди деҳаи Ноҷии Боло аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дучархарони хурдсол Мирзоев Муслиҳиддин Ғафурович, соли таваллудаш 2012, сокини Ҳисорро пахш намудааст.
Дар натиҷа, Мирзоев М.Ғ. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози шумори садамаҳо пурхатар шумурда мешаванд. Бино ба омори расмӣ, соли 2021 бар асари 1102 садамаи нақлиётӣ  дар роҳҳои ин кишвар 395 нафар ба ҳалокат расида, 1 218 нафар ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштаанд. Суръати баланди ҳаракат ва риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ҳамчунин роҳҳову мошинҳои фарсуда аз иллатҳои умдаи садамаҳо, аз ҷумла садамаҳои марговар дар роҳҳои Тоҷикистон ном бурда мешаванд.

Вақтҳои охир истифодаи телефонҳои мобил ва дигар васоили электронӣ ҳангоми рондани мошин ба як омили дигари садамазо табдил ёфтааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button