ВидеоРӯйдодҳои БадахшонҲуқуқи инсон

ДИДБОНИ ҲУҚУҚИ БАШАР: ҲУҚУҚИ СОКИНОНИ БАДАХШОН БОЯД ЭҲТИРОМ КАРДА ШАВАД!

Созмони байналмилалии ҳомии ҳуқуқи инсон Дидбони ҳуқуқи башар (Human Rights Watch, HRW) рӯзи 18 майи соли 2022 дар як изҳороти вижа аз афзоиши танишҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар шарқи Тоҷикистон ва истифодаи хушунат дар пайи эътирозҳо ба зидди  таъқиби сокинони маҳаллӣ изҳори  нигаронии ҷиддӣ кард ва аз ҳукумат ва мақомоти амниятии Тоҷикистон хост, то ба ҳуқуқи сокинони Бадахшон эҳтиром тамом қоил шуда, ажз истифода зӯр ва нерӯ барои саркӯби эътирозҳо даст бикашанд.

Дар баёнияи созмон гуфта мешавад, ки рӯзи 16 май Замир Назришоеви 29-сола дар ҷараёни эътирозҳо  дар шаҳри Хоруғ, маркази маъмурии ВМКБ кушта шуд. Пулис гуфт, ӯ ва як гуруҳи ҷавонон ба бинои додгоҳ ҳамла карданд ва Назришоев ҳангоми ҳамин ҳамла кушта шуд. Вале расонаҳо аз қавли шоҳидон хабар доданд, ки Назришоев дар як шароити мармуз аз тири силоҳи оташфишон кушта шудааст. Ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 18 май эълон кард, ки барои анҷоми “амалиёти зиддитеррор” ба Бадахшон нирӯ ворид мекунад. Расонаҳо дар бораи кушта шудани сокинони маҳаллӣ дар соатҳои аввали ин амалиёт хабар доданд.

Синат Султоналиева, муҳаққиқи Дидбони ҳуқуқи башар мегӯяд: “Ҳукумати Тоҷикистон бояд уҳдадориҳояш дар м авриди риояи ҳуқуқи мардум ба зиндагӣ, гирдиҳамоӣ ва озодии матбуотро дар ҷараёни ҳар гуна амалиёти ҳарбӣ ё амниятӣ дар ин вилояти мухтор қатъан риоя кунад. Мақомот бояд минбар барои муколамаи созанда бо эътирозгаронро фароҳам оварда, аз истифодаи беш аз ҳадди нерӯ худдорӣ кунанд ва барои тамоми афроди боздоштшуда адолати комилро кафолат бидиҳанд”.

Ҳомиёни ҳуқуқ менависанд, эътирозҳо дар Хоруғ рӯзи 14 май аз як нишасти афроди муътабар ва муҳокимаи масоили марбут ба таъқиби сокинон аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон оғоз ёфт. Он нишаст талаби истеъфои раиси вилоят Алишер Мирзонабот, озод кардани ҳамаи афроди дар робита ба эътирозҳои моҳи ноябри соли 2021 дастгиршуда ва қатъи таъқиботу боздоштҳои зодагони Бадахшон дар хориҷро пеш гузошт.

Рӯзи 16 май, баъди онки ҳукумати марказӣ аз баррасии ин талабҳо даст кашид, эътирозгарон ба тазоҳурот сар карданд. Вале вақте ки сокинон ба сӯи маркази Хоруғ равон шуданд, нирӯҳои амниятӣ бо истифода аз гази ашковар онҳоро пароканда кард. Ҳамон рӯз дастрасӣ ба Интернет дар минтақа дигарбора қатъ карда шуд ва алоқаи мобил низ ба мушкилӣ кор мекунад.

Пӯзи 17 май расонаи мустақили “Азия Плюс” эълон кард, ки дигар масоили Хоруғро инъикос намекунад, зеро додситонии кулли Тоҷикистон ин расонаро ҳушдор додааст, ки пайгирии эътирозҳои моҳи ноябрро яктарафа анҷом додааст ва ба ин далел, онро метавонанд банданд.

Рӯзи 17 май ҳамчунин 4 хабаринори “Радиои Озодӣ” ва “Настоящее время” билофосила баъди анҷоми мусоҳибаҳо бо фаъоли зодаи Бадахшон Улфатоним Мамадшоева, ки пулис ӯро ба ташкили эътирозҳои ахири Хоруғ айбдор мекунад, ҳадафи ҳамла қарор гирифтанд. Афроди ношинос телефонҳои мобил ва дастгоҳҳои сабти журналистонро бо зӯрӣ кашида гирифтанд ва якеи онҳоро таҳдиди куштан карданд.

Дидбони ҳуқуқи башар тақозо кардааст, ки мақомоти Тоҷикистон бояд ба озодии сухан ва дастрасӣ ба иттилоот, аз ҷумла ба дастрасӣ ба Интернет ва ҳуқуқи сокинон ба гирдиҳамоиҳои осоишта эҳтиром гузоранд, мавридҳои хушунат дар ҷараёни эътирозҳои ахирро тафтиш карда, гунаҳкоронро ҷазо диҳанд. Ҳамчунин аз шарикони минтақавӣ ва байналмилалии Тоҷикистон хоста шудааст, ки онҳо низ Душанберо ба иҷрои уҳдадориҳояш дар масъалаи ҳимояи ҳқуқи инсон даъват кунанд.

“Дар ҷараёни ин буҳрон ба мақомоти Тоҷикистон фавқулодда муҳим аст, ки уҳдадориҳои байналмилалии худро риоя карда, барои таъмини ҳалли ин буҳрон ба муколамаи мабнӣ бар эҳтироми ҳуқуқу озодиҳо мусоидат кунанд. Пулис бояд дар муносиабт ба эътирозгарон хештандорӣ нишон дода, аз ҳамаи тарафҳои буҳрон ҳимоят кунад” – мегӯяд пажуҳишгари Дидбони ҳуқуқи башар Синат Султоналиева.

Манбаъ: https://www.hrw.org/news/2022/05/18/tajikistan-tensions-escalating-autonomous-region

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button