ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

БАДАХШОНРО ДАР РӮЗИ ҲОДИСАҲОИ ХУНИНИ РӮШОН ЯК ЗАМИНЛАРЗА ҲАМ ТАКОН ДОДААСТ

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 18 майи соли 2022, соати 12:46 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави ин ҷумҳурӣ ва атрофи он боз як заминларза сабт шудааст. КҲФ гуфт, маркази  ин заминларза дар 259километрии ҷанубушарқи Душанбе ва 70километрии шимолу шарҳи ноҳияи Ишкошим дар ҳудуди Афғонистон ҷойгир шуда, иқтидори офати табиӣ дар марказаш тибқи ҷадвали Рихтер 4 балл ва дар Хоруғ 2 баллро ташкил додааст. КҲФ гуфт, ин офат ягон хисороти ҷониву молӣ ба ҷо нагузоштааст.

Марказҳои байналмилалии зилзиланигорӣ хабар доданд, ки  маркази заминларзаи рӯзи 18 май дар ноҳияи Ҷурми вилояти Бадахшони Афғонистон ҷойгир шуда, замин дар инҷо дар умқи 99 километр ларзидааст. Вале ин марказҳои зилзиланигорӣ иқтидори заминларзаи ахирро дар марказаш тибқи ҷадвали Рихтер 4,7 балл баровард кардаанд.

Тоҷикистон дар як минтақаи зилзилахези қораи Осиё ҷойгир шуда, ҳар сол дар қаламраваш садҳо заминҷунбӣ сабт мешавад. Аз ҷумла марказҳои зилзиланигорӣ танҳо дар як ҳафтаи охир дар қаламрави Тоҷикистон 4заминларзаи шиддаташ тибқи ҷадвали Рихтер аз 1,5 балл зиёд, дар як моҳи охир 17 чунин заминларза ва дар як соли охир 215 заминларзаро сабт кардаанд.

Ёдовар мешавем, 10 июли соли 2021 бар асари заминларза дар водии Рашт 5 сокини ноҳияи Тоҷикобод ба ҳалокат расида, дар ин ноҳия ва ноҳияи Рашт беш аз 200 хона хароб шуданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button