ВидеоРӯйдодҳои БадахшонТоҷикистон

ВКД АЗ ОҒОЗИ “АМАЛИЁТИ ЗИДДИТЕРРОРИСТӢ” ДАР НОҲИЯИ РӮШОН ХАБАР ДОД

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз оғози “амалиёти зиддитеррористӣ” дар ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистон Бадахшон хабар дод. Бино ба хабарҳои тасдиқношуда, дар ҳудуди ноҳияи Рӯшон бо оғози амалиёт ҳама навъи алоқа, аз ҷумла алоқаи мобил ва Интернет, пурра масдуд карда шудааст ва гӯё байни нирӯҳои давлатӣ ва эътирозгарон чанд задухӯрд сурат гирифта, аз ҷумла гӯё дар атрофи деҳаи Вамар 8 нафар аз тири нирӯҳои амниятӣ ҷароҳат бардоштаанд. Тасдиқи ин хабар тавассути манобеи дигар феълан муяссар нашуд.

Дар изҳороте, ки маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон субҳи 18 майи соли 2022 тавассути хабаргузории давлатии “Ховар” нашр кард,  гуфта мешавад, ки “17 майи соли 2022 аъзои гурӯҳи  муташаккили ҷиноятӣ бо мақсади халалдор сохтани вазъияти сиёсӣ-ҷамъиятӣ шоҳроҳи байналмилалии Душанбе-Кулмаро дар қисмати роҳи ноҳияи Рӯшон, бевосита дар назди хати сарҳади давлатӣ, ғайриқонунӣ бастанд.”

Дар идомаи изҳорот эътирошгарони Рӯшон “ҷинояткорон” ном бурда мешаванд, ки ба иддаои ВКД,  “бо дастгирии ташкилоти байналмилалии террористӣ силоҳу лавозимоти ҷангиро  берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ дастрас карда, барои анҷом додани амалҳои террористӣ ва дигар шаклҳои иғвоангезӣ зархаридони хориҷиро ҷалб намуданд.”

ВКД мегӯяд, кирдори мазкур бадқасдона ба муқобили пояҳои сохти конститутсионӣ равона шудааст ва “гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ба талаботи қонунии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар бораи супоридани силоҳу лавозимоти ҳарбӣ итоат накарда, муқовимати мусаллаҳона нишон доданд”.

ВКД меафзояд, “дар амали гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ дар ноҳияи Рӯшон, ки аз ҷониби созмонҳои байналхалқии террористӣ тарҳрезӣ ва маблағгузорӣ гардидааст, аломати ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ ҷой дорад.Аз ин лиҳоз, бо мақсади таъмини амнияти шаҳрвандон, тартиботи ҷамъиятӣ ва барқарорсозии ҳаракати бемамониати воситаҳои нақлиёт тавассути шоҳроҳи байналмилалии Душанбе-Кулма дар қисмати роҳи ноҳияи Рӯшон аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар амалиёти зиддитеррористӣ оғоз гардид.”

Ва аммо дар расонаҳову каналҳое, ки ҳаводиси Бадахшонро пайгирӣ мекунанд, иддаои ВКД дар бораи гӯё аз хориҷа пулу силоҳ гирифтану ба нирӯҳои давлатӣ муқовимати мусаллаҳона нишон додани эътирозгарон дар Рӯшонро рад мекунанд ва мегӯянд, нирӯҳои амниятӣдар ин ноҳия, аз ҷумла дар Вамар, болои издиҳоми мардуми осоишта тир кушодаанд.

Бино ба хабарҳо, рӯзи 17 май дар маркази Рӯшон садҳо нафар гирдиҳамоии эътирозӣ барпо карданд. Раиси ноҳия Фаррух Додхудо ба пеши эътирозгарон баромад ва аз онҳо хост, ки хона ба хона раванд. Вале мардум гӯг надод ва дар майдони назди почта истод. Қарибиҳои шом як гуруҳи эътирозгарон ба роҳи асосие, ки аз Рӯшон ба сӯи Хоруғ мебарад, баромаданд ва бо сохтани занҷири зинда монеи ба самти Хоруғ рафтани як корвони ҳарбӣ шуданд. Мақомот расман сарусадоҳои бархоста дар бораи ба Хоруғ эъзом кардани нирӯҳо ва техникаи ҳарбии иловагиро то ҳол тасдиқ ё такзиб накардаанд, вале ба гуфтаи сокинон, дар Рӯшон онҳо дастикам 4 мошини пур аз сарбозро дидаанд, ки мехостанд ба тарафи Хоруғ бираванд.

Вазъ дар маркази маъмурии ВМКБ, шаҳри Хоруғ рӯзҳои ахир дигарбора ҳассос шуд. Тазоҳургарон шоми14 май дар маҳаллаи Бархоруғ гирд омада, истеъфои роҳбарони шаҳру вилоят, озод кардани бадахшониҳои дар робита ба эътирозҳои моҳи ноябри соли 2021 дастгиршуда, ба ҷавобгарӣ кашидани афроди гунаҳкор дар қатли сокинони Бадахшон, бардоштани блокпостҳо ва қатъи таъқиби зодагони Помирро талаб карданд. Шоми 16 май дар натиҷаи задухӯрдҳо байни эътирозгарон ва нирӯҳои амниятӣ дар Хоруғ як ҷавон аз маҳаллаи Ш.Шотемур (Гулакен) кушта шуда, дастикам 6 тани дигар аз тазоҳургарон ҷароҳат бардоштанд. ВКД Тоҷикистон гуфт, шоми 16 май дар ҷараёни ҳамлаи мусаллаҳона ба бинои додгоҳи вилоятӣ дар шаҳри Хоруғ  бар асари таркиши норинҷак муовини аввали сардори РВКД дар ВМКБ, полковники милитсия Муборакшозода Ғайратшо Ғуломшо, корманди шуъбаи оперативии РҚД ВКД капитан Қамишев Шуҳрат Абдуҷабборович ва командири взводи таъиноти махсуси Қисми ҳарбии 3503 ҚД ВКД лейтенанти калон Файзуллозода Абубакр низ ҷароҳат бардоштанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button