ВидеоРӯйдодҳои БадахшонТоҷикистон

ВАЗОРАТИ МУДОФИА ХАБАРИ СУҚУТИ ЧАРХБОЛРО ДАР РӮШОН РАД КАРД

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон хабари суқути чархболи низомиро дар ноҳияи Рӯшон рад кард.

Маркази матбуоти ин вазорат рӯзи 18 май дар як иттилоия гуфт: “Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паҳн гардидани хабарҳо дар сомонаҳои иҷтимоӣ, вобаста ба амалиёти муштараки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ВМКБ, ки гӯё зимни он як чархболи низомии Тоҷикистон дар Рӯшон суқут кардааст, хабарро рад менамояд ва изҳор медорад, ки ин маълумот ягон асоси воқеӣ надорад”.

Қаблан шореҳи рус Андрей Серенко дар Телеграм-каналаш хабар дод, ки рӯзи 18 майи соли 2022 дар ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистон Бадахшон як чархболи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистонро суқут додаанд.

“Тасдиқи расмии ин хабар дар даст нест. Вале агар ин рост бошад, ҳодисаҳои кунунӣ метавонанд ба муноқишаи бузурги мусаллаҳона дар минтақа бипечанд. Чархболро бо рогатка зада намешавад…» – навишт Серенко. Ӯ баъдан илова кард, ки бо сокинони Вамар, маркази маъмурии ноҳияи Рӯшон суҳбат кардааст ва онҳо бо тасдиқи хабари суқути чархбол гуфтаанд, ки онро аз тарафи Афғонистон бо мушак задаанд. “Мардум (дар Рӯшон –ИДОРА) чунин силоҳе надорад, ки чархболро бизананд”, – навишт Серенко бо истинод ба сокинони Вамар.

Яке аз сокинони Вамар дар мусоҳиба бо пойгоҳи хабарии “Бомдод” низ хабари суқути чархболи ҳарбиро тасдиқ кард. Ба гуфтаи ӯ, ин чархбол барои аз ҳаво пароканда кардани издиҳоми эътирозгарон истифода мешуд ва ҳангоме, ки мехост гардиши бузургтар карда, барои тирандозии навбатӣ аз ҳаво мавқеи муносибтареро интихоб кунад, аз болои дарёи Панҷ, ки марз аз рӯи он мегузарад, ба тарафи Афғонистон гузаштааст ва нирӯҳои Толибон, ки Афғонистон ҳоло зери назорати онҳост, чархболро бо зарбаи мушак суқут додаанд. Вамар дар наздикии марз бо вилояти Бадахшони Афғонистон ҷойгир шудааст.

Ба гуфтаи сокинони Рӯшон, амалиёти ҳарбӣ дар инҷо соати шаши субҳи 18 май оғоз ёфт ва нирӯҳои мусаллаҳ аз дохили қисми низомии воқеъ дар Вамар ба кӯчаҳо рехта, ба тирпарронӣ ва боздошти роҳгузарон пардохтанд. Баъдан кофтукоби хона ба хона ҳам сар шудааст.

ВКД Тоҷикистон нимаи дуюми рӯзи 18 май хабар дод, ки дар ҷараёни нооромиҳо дар  Рӯшон як афсари КДАМ ва 8 нафар аз он тараф кушта шуда, 13 хидматчии ҳарбӣ ва 11 нафар аз он тараф захмӣ шудаанд. ВКД гуфт, беш аз 70 нафар, ки дар изҳорот “аъзои гуруҳи террористӣ” номбар карда шуданд, дастгир шудаанд.

ВКД мегӯяд, “айни ҳол вазъият дар ноҳия ором буда, инфрасохтори иҷтимоӣ ва нақлияти ҷамъиятӣ ба кори муқаррарӣ ва сокинони ноҳия ба фаъолияти рӯзмарраи худ оғоз карданд”.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button