ВидеоРӯйдодҳои БадахшонҲуқуқи инсон

УЛФАТХОНИМ МАМАДШОЕВА БОЗДОШТ ШУДААСТ

Улфатхоним Мамадшоева, ҳомии ҳуқуқи инсон ва яке аз фаъолони зодаи Бадахшонро кормандони амниятӣ рӯзи 18 майи соли 2022 аз хонааш дар Душанбе бо худ бурдаанд. Ба гуфтаи наздиконаш, ба Мамадшоева гуфтаанд, ки гӯё раиси КДАМ Саймӯмин Ятимов мехоҳад шахсан бо ӯ суҳбат кунад.

Ин дар ҳолест, ки рӯзи 17 май ВКД дар изҳороташ Улфатхоним Мамадшоеваро дар баробари Мамадбоқир Мамадбоқиров, яке аз лидерҳои ғайрирасмии Бадахшон, ва Алим Шерзамонов, муовини раиси Паймони миллӣ, як эътилофи дар Тоҷикистон мамнӯи оппозитсия, ба ташкил ва раҳбарии эътирозҳои ахир дар Хоруғ айбдор кард.  Худи Мамадшоева инро рад кард. Наздиконаш гуфтанд, ки Мамадшоева як ҳафтаи охир дар Душанбе буд ва ҷисман ҳам наметавонист эътирозҳоро дар Хоруғ ташкилу раҳбарӣ кунад.

Журналист Марат Мамадшоев, бародари Улфатхоним Мамадшоева, рӯзи 18 май ба Радиои Озодӣ гуфт, соати 8-и субҳ кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва додситонии кулли Тоҷикистон ба хонаи Улфатхоним Мамадшоева дар шаҳри Душанбе рафта, ӯро бо худ бурданд. Марат Мамадшоев гуфт, ки ӯро низ ба ҳайси яке аз пайвандони Улфатхоним даъват карданд. Ба гуфтаи Мамадшоев, гӯё раиси КДАМ Саймӯмин Ятимов мехостааст шахсан бо Мамадшоева гуфтугӯ кунад.

Мақомот дар бораи қазияи боздошти Улфатхоним Мамадшоева то ҳол изҳори назар накардаанд. Вале рӯзи 17 май дар Душанбе билофосила баъди мусоҳибаҳо бо фаъоли бадахшонӣ Улфатхонум Мамадшоева, ки мақомот ӯро ба роҳбарии эътирозҳои ахир айбдор мекунанд, афроди ношинос ба хабарнигорони  ду расонаи Амрико –  Радиои Озодӣ ва «Настоящее Время» ҳамла карда,  чанд телефон ва дастгоҳи сабти онҳоро кашида гирифтаанд. Ҳамлагарон нагуфтаанд, ки аз кадом ниҳоданд ва  ин корро бо амри кӣ анҷом медиҳанд? Вале онҳо Муллораҷаб Юсуфӣ, хабарнигори Озодиро зада, якеаш ба ӯ таҳдид кардааст, ки “Муллораҷаб, ба Худо, мепарронамат!”

 Улфатхоним Мамадшоева  дар мусоҳибаҳое, ки сабташонро аз дасти хабарнигорон кашида гирифтанд, иттиҳомоти мақомотро беасос номида, гуфтааст, дар ҳеҷ амали ғайриқонунӣ даст надорад ва сафари ҳафтаи гузаштаи ӯ ба Хоруғ танҳо дар доираи як тарҳи ҷамъиятие сурат гирифтааст, ки ҳеҷ рабте ба беназмиҳои баъдӣ надошт.

Хабари боздошти Мамадшоева дар ҳолест, ки чанд рӯзи охир вазъ дар Бадахшон хеле буғранҷ шудааст. Дар ҷараёни эътирозҳо ва амалиёти ҳарбии мақомот дар се рӯзи охир дар Хоруғ ва аксаран дар Рӯшон, ба эътирофи мақомот, дастикам 10 нафар кушта ва наздики 30 нафар захмӣ шуда, танҳо дар ноҳияи Рӯшон ва танҳо рӯзи 18 май беш аз 70 танро барои иштирок дар нооромиҳо дастгир кардаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button