ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҚАЛЛОБӢ БА МАБЛАҒИ ҚАРИБ 800 ҲАЗОР СОМОНӢ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз оғози парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба ҷавони 24-солаи сокини ноҳияи Спитамен бар асоси моддаи 247, қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо иттиҳоми қаллобӣ ба маблағи махсусан бузург хабар дод. Бино ба маводи парвандааш, ин ҷавон тавонистааст дар ду маврид ду сокини Спитаменро ба маблағи 781 ҳазор сомонӣ, ё беш аз 62 ҳазор сомонӣ фиреб диҳад.

Бино ба иттилои ВКД, ин ҷавон моҳи июни соли 2021 бо роҳи фиреб ба боварии марди 39-солаи сокини ноҳияи Спитамен даромада, барои тиҷорати қисмҳои эҳтиётии дучарха ва пойафзол,  аз ӯ дар умум 581 ҳазору 725 сомонӣ гирифта, ба эҳтиёҷоти худ сарф намудааст.
Ҳамин тариқ, номбурда дар давоми моҳҳои июни соли 2021 то декабри соли 2021 бо роҳи фиреб ба боварии марди 36-солаи сокини ноҳияи Спитамен даромада, бо ҳисоби умумӣ  200 ҳазор сомониашро гирифта, ин пулро ҳам ба эҳтиёҷоти худ сарф намудааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button