ВидеоРӯйдодҳои БадахшонТоҷикистон

МАНОБЕЪ АЗ СУҚУТИ ЯК ЧАРХБОЛИ ТОҶИКИСТОН ДАР РӮШОН ХАБАР МЕДИҲАНД

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон хабари суқути чархболи низомиро дар ноҳияи Рӯшон рад кард.

Маркази матбуоти ин вазорат рӯзи 18 май дар як иттилоия гуфт: “Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паҳн гардидани хабарҳо дар сомонаҳои иҷтимоӣ, вобаста ба амалиёти муштараки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ВМКБ, ки гӯё зимни он як чархболи низомии Тоҷикистон дар Рӯшон суқут кардааст, хабарро рад менамояд ва изҳор медорад, ки ин маълумот ягон асоси воқеӣ надорад”.

Қаблан шореҳи рус Андрей Серенко дар Телеграм-каналаш хабар дод, ки рӯзи 18 майи соли 2022 дар ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистон Бадахшон як чархболи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистонро суқут додаанд.

Бино ба хабарҳои расман тасдиқношуда, рӯзи 18 майи соли 2022 дар ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистон Бадахшон як чархболи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистонро суқут додаанд. Дар ин бора аввалин шуда, дар Телеграм-каналаш шореҳи рус Андрей Серенко хабар дод. 

“Тасдиқи расмии ин хабар дар даст нест. Вале агар ин рост бошад, ҳодисаҳои кунунӣ метавонанд ба муноқишаи бузурги мусаллаҳона дар минтақа бипечанд. Чархболро бо рогатка зада намешавад…» – навишт Серенко. Ӯ баъдан илова кард, ки бо сокинони Вамар, маркази маъмурии ноҳияи Рӯшон суҳбат кардааст ва онҳо бо тасдиқи хабари суқути чархбол гуфтаанд, ки онро аз тарафи Афғонистон бо мушак задаанд. “Мардум (дар Рӯшон –ИДОРА) чунин силоҳе надорад, ки чархболро бизананд”, – менависад Серенко бо истинод ба сокинони Вамар.

Яке аз сокинони Вамар дар мусоҳиба бо пойгоҳи хабарии “Бомдод” низ хабари суқути чархболи ҳарбиро тасдиқ кард. Ба гуфтаи ӯ, ин чархбол барои аз ҳаво пароканда кардани издиҳоми эътирозгарон истифода мешуд ва ҳангоме, ки мехост гардиши бузургтар карда, барои тирандозии навбатӣ аз ҳаво мавқеи муносибтареро интихоб кунад, аз болои дарёи Панҷ, ки марз аз рӯи он мегузарад, ба тарафи Афғонистон гузаштааст ва нирӯҳои Толибон, ки Афғонистон ҳоло зери назорати онҳост, чархболро бо зарбаи мушак суқут додаанд. Вамар дар наздикии марз бо вилояти Бадахшони Афғонистон ҷойгир шудааст.

Аз Рӯшон ҳамчунин дар бораи куштаву захмӣ шудани чандин нафар дар соатҳои аввали “амали1ти зиддитеррор” хабар медиҳанд. Ба гуфтаи сокинон, амалиёти ҳарбӣ дар инҷо соати шаши субҳи 18 май оғоз ёфт ва нирӯҳои мусаллаҳ аз дохили қисми низомии воқеъ дар Вамар ба кӯчаҳо рехта, ба тирпарронӣ ва боздошти роҳгузарон пардохтанд. Баъдан кофтукоби хона ба хона ҳам сар шуд. Сокинони Рӯшон мегӯянд, аз субҳ ба ин тараф дар Вамар ва атрофи он садои тирпаррониҳо шунида мешаванд.

Мошинҳои ҳарбиён дар Рӯшон. 17 майи соли 2022

Ёдовар мешавем, субҳи барвақти 18 майи соли 2022 ВКД Тоҷикистон аз оғози “амалиёти зиддитеррористӣ” дар ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистон Бадахшон хабар дод. Бино ба хабарҳои тасдиқношуда, дар ҳудуди ноҳияи Рӯшон бо оғози амалиёт ҳама навъи алоқа, аз ҷумла алоқаи мобил ва Интернет, пурра масдуд карда шудааст.

ВКД эътирозгарони Рӯшонро “ҷинояткорон” ном бурд ва бидуни бурдани номи кадом созмоне гуфт, онҳо “бо дастгирии ташкилоти байналмилалии террористӣ силоҳу лавозимоти ҷангиро  берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ дастрас карда, барои анҷом додани амалҳои террористӣ ва дигар шаклҳои иғвоангезӣ зархаридони хориҷиро ҷалб намуданд ва … ба талаботи қонунии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар бораи супоридани силоҳу лавозимоти ҳарбӣ итоат накарда, муқовимати мусаллаҳона нишон доданд”.

Ва аммо дар расонаҳову каналҳое, ки ҳаводиси Бадахшонро пайгирӣ мекунанд, иддаои ВКД дар бораи гӯё аз хориҷа пулу силоҳ гирифтану ба нирӯҳои давлатӣ муқовимати мусаллаҳона нишон додани эътирозгарон дар Рӯшонро рад мекунанд ва мегӯянд, нирӯҳои амниятӣ дар ин ноҳия, аз ҷумла дар Вамар, болои издиҳоми мардуми осоишта тир кушодаанд.

Вазъ дар Хоруғ ва атрофи он рӯзҳои ахир дигарбора ҳассос шуд. Тазоҳургарон шоми 14 май дар маҳаллаи Бархоруғ гирд омада, истеъфои роҳбарони шаҳру вилоят, озод кардани бадахшониҳои дар робита ба эътирозҳои моҳи ноябри соли 2021 дастгиршуда, ба ҷавобгарӣ кашидани афроди гунаҳкор дар қатли сокинони Бадахшон, бардоштани блокпостҳо ва қатъи таъқиби зодагони Помирро талаб карданд. Шоми 16 май дар натиҷаи задухӯрдҳо байни эътирозгарон ва нирӯҳои амниятӣ дар Хоруғ як ҷавон аз маҳаллаи Ш.Шотемур (Гулакен) кушта шуда, дастикам 6 тани дигар аз тазоҳургарон ҷароҳат бардоштанд. ВКД Тоҷикистон гуфт, шоми 16 май дар ҷараёни ҳамлаи мусаллаҳона ба бинои додгоҳи вилоятӣ дар шаҳри Хоруғ  бар асари таркиши норинҷак муовини аввали сардори РВКД дар ВМКБ, полковники милитсия Муборакшозода Ғайратшо Ғуломшо, корманди шуъбаи оперативии РҚД ВКД капитан Қамишев Шуҳрат Абдуҷабборович ва командири взводи таъиноти махсуси Қисми ҳарбии 3503 ҚД ВКД лейтенанти калон Файзуллозода Абубакр низ ҷароҳат бардоштанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button