ВидеоДин ва боварҳоЧеҳраҳо

МАХДУМИ ИСМОИЛРО ДАР ПАҲЛУИ МАЗОРИ ПАДАРАШ ДАР ОЛИМТОЙ БА ХОК СУПУРДАНД (4 АКС)

Махдуми Исмоил Пирмуҳаммадзода, воиз ва олими маъруфи дину адабиёти тоҷик, ки субҳи 18 майи соли 2022 дар остонаи 70-солагиаш аз олам чашм пӯшид, нимаи дуюми рӯзи чоршанбе дар минтақаи Олимтойи ноҳияи Фархор, дар паҳлуи мазори падари шуҳратёраш Махдуми Пирмуҳаммад, маъруф ба Махдуми Санги Кулӯла ба хок супурданд.

Ба гуфтаи иштирокчиёни маросими дафни ин рӯҳонии шинохта, намози ҷанозаи Махдуми Исмоилро муфтӣ Саидмукаррам Абдулқодирзода имоматӣ кардааст.

Дар аксҳои нахустине, ки аз маҳалли дафни Махдуми Исмоил ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” фиристоданд, дида мешавад, ки мазори ӯву падараш паҳлу ба паҳлуянд.

Дар мазори Махдуми Санги Кулӯла, ки соли 1968 аз олам рафта буд,  чунин навишта шудааст:

Аз гӯри ман ифтихори Аҳмад ояд,

Аз сабзаи ӯ бӯи Муҳаммад ояд.

Ин роиҳаи накӯи Ҷаннат ҳар дам

Аз хоки мазори Пирмуҳаммад ояд.

Махдуми Исмоил Пирмуҳаммадзода, воизу наттоқи машҳур, узви Шӯрои уламои Тоҷикистон ва имом-хатиби масҷиди марказии ноҳияи Ҳисор, рӯзи 18 майи соли 2022, ҳамагӣ чанд ҳафта қабл аз расиданаш ба синни мубораки 70, аз олам чашм пӯшид. Махдуми Исмоил дар байни мардум нафақат бо мавъизаҳои пурбораш дар масоили динӣ эътибор ба даст оварда буд, балки ҳамчун як донандаи хуби адабиёти классику муосир бо тафсирҳои пурмаънии ашъори бузургони адабиёти мо дар ҷомиа, аз ҷумла дар миёни равшанфикрон аз обрӯ ва манзалати вижае бархӯрдор буд. Махдуми Исмоил худаш низ шеър менавишт.

Сабаби марги Махдуми Исмоил гуфта нашудааст, вале ӯ чанд вақт боз аз бемории қалб ранҷ мебурд. Тоза ҳафтаи гузашта ӯ дар Душанбе дар ду маҳфили муҳими фарҳангӣ: маҳфили адабии “Боргоҳи сухан” ва ҳам дар ҷашни 85-солагии ҳунарманди беҳамто Ҳошим Гадо иштирок дошт.

Аҳли дин ва ҳамчунин равшанфикрони тоҷик даргузашти Махдуми Исмоил Пирмуҳаммадзодаро як талафоти бузург ҳам барои арсаи дин ва ҳам барои аҳли фарҳанги Тоҷикистон меноманд.

Исмоил Абдуллоев(Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода) – воиз, имом-хатиб, наттоқ ва ровии моҳир Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Аълочии матбуоти Тоҷикистон (2008) , барандаи ҷоизаи ИЖТ ба номи А.Лоҳутӣ (2010), Аълочии телевизион ва радиои Тоҷикистон (2012), Аълочии фарҳанги Тоҷикистон (2012), дорандаи медали «100-солагии матбуоти тоҷик» (2012),  барандаи унвони «Падидаи сол» (2010) буд.

Махдуми Исмоил Пирмуҳаммадзода 1 июли соли 1952 дар деҳаи Санги Кулӯлаи ноҳияи Сарихосори вилояти Кӯлоб дар оилаи Домулло Пирмуҳаммад, маъруф ба Махдуми Санги Кулӯла ба дунё омадааст. Соҳиби таҳсилоти олист, Махдуми Исмоил Пирмуҳаммадзода наттоқ ва ровии моҳир буда, садои шевои гӯшнавозаш дар хазинаи тиллоии радио сабт ёфтааст, дар радиои ҷумҳурӣ дар хондани «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ», «Маснавии маънавӣ»-и Мавлавӣ», «Осори Мирзо Бедил», «Осори устод Рӯдакӣ», «Аз ҳаёт ва фаъолияти халифаи одил Умари Абдулазиз» наттоқӣ кардааст.

Ӯ ҳамин тавр, муҳаррири аслии “Тафсири Зарнигор”-и додарарӯсаш шоири равоншод Саидалии Саид буд. Саидалии Саид дар “Тафсири Зарнигор” ояҳои “Қуръон”-ро дар шакли назм ба тоҷикӣ тарҷума ва тафсир кардааст.

Махдуми Исмоил Пирмуҳаммадзода аз соли 1991 имом-хатиби масҷиди марказии ноҳияи Ҳисор ба номи Муҳаммад (с) буд. Исмоил Пирмуҳаммадзода маслиҳатгар ва раҳнамои мардум аст, суханонашро бо аҳодис ва абёти бузургон тақвият бахшида, шунавандагонро ба хушсуханиву накӯкорӣ даъват мекунад.

Махдуми Исмоил Пирмуҳаммадзода мухлиси асппарварӣ ва варзиши аспдавонӣ  ҳам будт. 21.03.2009 аспи сиёҳмушкинаш дар мусобиқаи аспдавонии ш.Душанбесоҳиби «Ҷоми Ҷумҳурии Тоҷикистон» шуд.

Махдуми Исмоил аз як хонаводаи муътабари руҳонист. Қиблагоҳаш Домулло Пирмуҳаммад, маъруф ба Махдуми Санги Кулӯла, дар замонаш шуҳрати беандоза ва хайли бузурге аз муридон дошт. Ин пири тариқати Нақшбандия баъди рӯи кор омадани давлати Шӯравӣ ба гӯшаи хилват рафт, то рӯҳан озод бошад ва Исломро ҳифз карда, ба муридонаш биомӯзонад. Соли 1968 дар маросими дафни Махдуми Санги Кулӯла ончунон мардуми зиёде гирд омад, ки низоми Шӯравиро, ки аз пирӯзиаш бар дин меболид, таккон дод.

“Талошҳои камаҳамият ҷилва додани ин маросим ва ҳам нуфузи Махдуми Санги Кулӯла натиҷа надод. Ҳазорон нафар аз гӯшаву канори Тоҷикистон ва дигар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ омада буданд, то ангуште ба тобути пири тариқат расонанд. Барои ширкат дар расми видоъ дертар қариб 5 000 нафар аз узвият дар Ҳизби коммунист ва мансабҳои давлатӣ ихроҷ шуданд. Моҳҳои зиёд таъқиби муридони марди порсо идома кард”, – мегӯяд хабарнигори радиои Озодӣ Барот Юсуфӣ дар як гузориши таҳқиқотии видеоӣ дар бораи ин пири ирфон.

Тайи чанд даҳсолаи ахир парчами хонаводаи Махдуми Санги Кулӯла дар байни аҳли тариқат асосан ба номи Махдуми Исмоили Пирмуҳаммадзода тавъам буд.

Идораи пойгоҳи хабарии “Бомдод” ба наздикони Махдуми Исмоили Пирмуҳаммадзода изҳори ҳамдардӣ карда, барояшон дар ин рӯзи мусибати сахт сабри ҷамил металабад. Равони Махдуми Исмоил шод ва макони охираташон Ҷаннат бод!

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button