САРВИНОЗ САФАРОВА: ФАРЗАНДАМ ЁФТ ШУД! ТАШАККУР БА ҲАМА! БАРАКА ЁБЕД!
Сарвиноз Сафарова (Sarvinoz Safarova), раҳбари созмони хайрияи “Баҳори кӯдакон” субҳи 17 май ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” хабар дод, ки духтари 13-солааш Шафоат, хушбахтона, ёфт шудааст.
Шафоат, ки маъюб асту бо мушкилӣ суҳбат мекунад, нимаи дуюми рӯзи 16 май аз хонаашон дар маҳаллаи Зарафшони шаҳри Душанбе ба кӯча баромада, бедарак шуда буд.
Сарвиноз Сафарова ба “Бомдод” гуфт, нашри хабари гум шудани фарзандаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ барои ёфтани ӯ кумак кардааст.
“Субҳи барвақти 17 май як зан зангам зад ва гуфт, ки эълонро дар Фейсбук хондам. Ташвиш нашавед, фарзандат дар хонаи мост ва сиҳату саломат аст. Ончунон аз ин хабар шод шудам, ки ногуфтанист”, – нақл кард Сарвиноз Сафарова.
Ӯ гуфт, мехоҳад ба кулли ҳамватанони азиз, дар ҷустуҷӯи Шафоат бетараф набуданд, изҳори миннатдорӣ кунад. “Пеши даргоҳи Аллоҳи меҳрубон дуо мекунам, ки дар умру ҷонатон баракати ҳарду дунёро пайдо кунед!” – гуфт ин модари аз ёфт шудани фарзандаш хеле хушҳол.