ВидеоРӯйдодҳои Бадахшон

РӮЗИ 17 МАЙ ДАР БАДАХШОН ВА АТРОФИ ОН ЧӢ ГУЗАШТ? МИТИНГ ДАР РӮШОН, ХОМӮШИИ НИСБӢ ДАР ХОРУҒ, ҲАМЛАҲО БА ЖУРНАЛИСТОН …

Рӯзи 17 майи соли 2022 дар муқоиса бо шом ва шаби 16 май дар шаҳри Хоруғ, маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нисбатан ором гузашт. Рӯзи сешанбе маркази рӯйдодҳои ин минтақа ба ноҳияи Рӯшон кӯчид.

Бино ба хабарҳо, рӯзи 17 май дар маркази Рӯшон садҳо нафар гирдиҳамоии эътирозӣ барпо карданд. Раиси ноҳия Фаррух Додхудо ба пеши эътирозгарон баромад ва аз онҳо хост, ки хона ба хона раванд. Вале мардум гӯг надод ва дар майдони назди почта истод. Қарибиҳои шом як гуруҳи эътирозгарон ба роҳи асосие, ки аз Рӯшон ба сӯи Хоруғ мебарад, баромаданд ва бо сохтани занҷири зинда монеи ба самти Хоруғ рафтани як корвони ҳарбӣ шуданд. Мақомот расман сарусадоҳои бархоста дар бораи ба Хоруғ эъзом кардани нирӯҳо ва техникаи ҳарбии иловагиро то ҳол тасдиқ ё такзиб накардаанд, вале ба гуфтаи сокинон, дар Рӯшон онҳо дастикам 4 мошини пур аз сарбозро дидаанд, ки мехостанд ба тарафи Хоруғ бираванд.

Рӯзи 17 май вазъ дар худи Хоруғ нисбатан ором буд, вале мактабҳову боғчаҳои кӯдакон ва бисёре аз идораҳои давлатӣ баста буданд. Интернет аз шоми 16 май масдуд шудааст ва аксари банкоматҳо ҳам кор намекарданд.

Дар кӯчаҳои асосии шаҳр, аз ҷумла дар чорроҳаи марказӣ, болои пулҳо ва роҳҳои асосӣ ҳузури бештари низомиҳо ба чашм мерасад, ки бо роҳи гузоштани баррикадаҳо аз чӯбу санг равуоро байни маҳаллаҳои мухталифи Хоруғ масдуд кардаанд. Сокинони маҳаллӣ дар маҳаллаҳои алоҳида ба шакли гуруҳӣ ҷамъ мешуданд, вале мисли шоми 16 май барои ҳаракат ба тарафи маркази шаҳр ё ба сӯи маҳаллаи Бархоруғ – маркази рӯйдодҳои ахир – рӯзи 17 май тақрибан як кӯшише дида намешуд. Дар бораи кадом музокироте байни мақомот ва норозиён низ хабаре дастрас нашудааст.

Хабарҳое ба даст мерасанд, ки аз Душанбе вазири энергетикаи Тоҷикистон Далер Ҷумъаро, ки зодаи Бадахшон аст, барои пайдо кардани роҳи ҳалли буҳрони кунунӣ ба Хоруғ фиристодаанд. Далер Ҷумъа моҳи ноябри соли 2021 низ барои ҳалли буҳрон ба Хоруғ фиристода шуда буд.

Рӯзи 17 май дар Душанбе билофосила баъди мусоҳибаҳо бо фаъоли бадахшонӣ Улфатхонум Мамадшоева, ки мақомот ӯро ба роҳбарии эътирозҳои ахир айбдор мекунанд, афроди ношинос ба хабарнигорони  ду расонаи Амрико –  Радиои Озодӣ ва «Настоящее Время» Муллораҷаб Юсуфӣ ва Анӯшервон Орипов ҳамла карда, 5 телефон ва дастгоҳи сабти онҳоро кашида гирифтаанд. Ҳамлагарон нагуфтаанд, ки аз кадом ниҳоданд ва  ин корро бо амри кӣ анҷом медиҳанд?

Идораи “Азия-Плюс”, яке аз расонаҳои пештози Тоҷикистон, рӯзи 17 май дар як изҳороти вижа гуфт, “Азия-Плюс” маҷбур аст аз нашри хабарҳои марбут ба ҳаводисе, ки дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рух медиҳанд, худдорӣ кунад.”

“Мутаассифона, мо наметавонам ин ҳаводисро ба таври комил инъикос кунем, зеро ба мо хатари басташавӣ таҳдид мекунад.

Қабл аз ин, “Азия-Плюс” огоҳиномаи расмии Прокуратураи генералӣ ва огоҳиҳои ғайрирасмӣ аз ниҳодҳои дигарро дар мавриди он дарёфт карда буд, ки идораи мо ҳаводиси ВМКБ-ро “якҷониба” инъикос мекунад ва “вазъи кишварро ноором месозад”.

Ба «Азия-Плюс» дастур шуда буд, ки “камбудиҳо бартараф карда шаванд”, дар ғайри сурат идораи моро хатари бастан таҳдид мекунад.

Бо дар назар гирифтани ин далел, идораи мо тасмим гирифт аз инъикос ва пӯшиши ҳаводис дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, худдорӣ кунад.

Аз ҳама хонандагони худ узр мехоҳем!” – гуфта мешавад дар изҳороти “Азия Плюс”.

Рӯзи 17 май як гуруҳи зодагони Бадахшон дар назди бинои Бундестаг, парлумони Олмон дар шаҳри Берлин гирдиҳамоӣ карданд.

Бино ба хабарҳо, зодагони Бадахшон мехоҳанд дар назди сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Маскав низ эътироз кунанд. Ёдовар мешавем, баъди эътирози ним сол пеши бадахшониҳо дар Маскав ду намояндаи шинохтаи ҷамъияти зодагони Бадахшон дар Русия – Амриддин Аловатшоев ва Чоршанбе Чоршанбиев – аз Русия ба Душанбе истирдод шуда, дар онҷо алакай мутаносибан ба 18 ва 8 солу 6 моҳи зиндон маҳкум шуданд.

Вазъ дар маркази маъмурии ВМКБ, шаҳри Хоруғ рӯзҳои ахир дигарбора ҳассос шуд. Тазоҳургарон шоми14 май дар маҳаллаи Бархоруғ гирд омада, истеъфои роҳбарони шаҳру вилоят, озод кардани бадахшониҳои дар робита ба эътирозҳои моҳи ноябри соли 2021 дастгиршуда, ба ҷавобгарӣ кашидани афроди гунаҳкор дар қатли сокинони Бадахшон, бардоштани блокпостҳо ва қатъи таъқиби зодагони Помирро талаб карданд. Шоми 16 май дар натиҷаи задухӯрдҳо байни эътирозгарон ва нирӯҳои амниятӣ дар Хоруғ як ҷавон аз маҳаллаи Ш.Шотемур (Гулакен) кушта шуда, дастикам 6 тани дигар аз тазоҳургарон ҷароҳат бардоштанд. ВКД Тоҷикистон гуфт, шоми 16 май дар ҷараёни ҳамлаи мусаллаҳона ба бинои додгоҳи вилоятӣ дар шаҳри Хоруғ  бар асари таркиши норинҷак муовини аввали сардори РВКД дар ВМКБ, полковники милитсия Муборакшозода Ғайратшо Ғуломшо, корманди шуъбаи оперативии РҚД ВКД капитан Қамишев Шуҳрат Абдуҷабборович ва командири взводи таъиноти махсуси Қисми ҳарбии 3503 ҚД ВКД лейтенанти калон Файзуллозода Абубакр низ ҷароҳат бардоштанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button