Хабарҳои кӯтоҳ

ҲАЛОКАТИ ДУЧАРХАРОН ДАР ЗЕРИ ЧАРХИ “ШАКМАН” ДАР РОҲИ ҶАМОАТИ ЗАЙНАБОБОД

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки шоми 15-уми майи соли 2022, тахминан соати 19:30, ронандаи мошини боркаши тамғаи “Шакман”, Гулов Фирӯз Раҳматуллоевич, соли таваллудаш 1993, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди ҷамоати деҳоти Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дучархарон Сафаров Акрам Эсанович, соли таваллудаш 1990, сокини шаҳри Ваҳдатро пахш намудааст.
Дар натиҷа, дучархарон Сафаров А.Э. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Дар рӯзҳои охир ин алакай дуюмин хабари садамаи марговар дар роҳҳои Тоҷикистон аст, ки  ВКД нашр мекунад.

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон як рӯз қабл хабар дод, ки субҳи якшанбе, 15-уми майи соли 2022, тахминан соати 08:20, ронандаи мошини тамғаи “Мерседес-Бенс”, Пиров Абдусатор Маҳмадалиевич, соли таваллудаш 1976, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Зафар аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагардон: Холиқова Солеҳа Ҳолмаҳмадовна, соли таваллудаш 1983 ва Рабиева Ганҷина Азимовна, соли таваллудаш 2004, сокинони пойтахтро пахш намудааст.

Дар натиҷа, Холиқова Солеҳа  ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Ноболиғ Рабиева Ганҷинаро бо ҷароҳати ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ кардаанд.

Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози шумори садамаҳо пурхатар шумурда мешаванд. Бино ба омори расмӣ, соли 2021 бар асари 1102 садамаи нақлиётӣ  дар роҳҳои ин кишвар 395 нафар ба ҳалокат расида, 1 218 нафар ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштаанд. Суръати баланди ҳаракат ва риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ҳамчунин роҳҳову мошинҳои фарсуда аз иллатҳои умдаи садамаҳо, аз ҷумла садамаҳои марговар дар роҳҳои Тоҷикистон ном бурда мешаванд.

Вақтҳои охир истифодаи телефонҳои мобил ва дигар васоили электронӣ ҳангоми рондани мошин ба як омили дигари садамазо табдил ёфтааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button