ВидеоРӯйдодҳои БадахшонТоҷикистон

ДАР ҲОДИСАҲОИ ХОРУҒ ЗАМИР НАЗРИШОЕВ КУШТА ВА СЕ АФСАРИ БАЛАНДПОЯИ МИЛИТСИЯ ЗАХМӢ ШУДААНД

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар як изҳороти вижа, ки соати дуи шаби 17 май дар сомонааш нашр кард, ҳалокати як сокини Хоруғ ва ҷароҳат бардоштани се афсари баландпояи милитсия дар ҷараёни нооромиҳои шаби 16 ба 17 мартро тасдиқ кард. ВКД гуфт, гирдиҳамоии ғайриқонуниро яке аз лидерҳои ғайрирасмии Бадахшон Мамадбоқир Мамадбоқиров (Боқир) “таҳти роҳбарӣ ва сарпарастии Мамадшоева Улфатхоним Масумовна ва шахси дар ҷустуҷӯй қарордошта Шерзамонов Алим дар маҳаллаи Хоруғи болои шаҳри Хоруғ, бо мақсади халалдор намудани амнияти ҷамъиятӣ, монеъ шудан ба фаъолияти мақомоти давлатӣ, тарсонидани аҳолӣ ва таъсиррасонӣ ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ барои қабули қарор ба манфиати ашхоси ҷиноятпеша ташкил кардаанд”.

Бино ба изҳороти ВКД, “соатҳои 20.40 бо супориши Мамадбоқиров Мамадбоқир як гурӯҳ ҷавонони ноогоҳ бо роҳбарии Назришоев Замир Маҳтобшоевич, соли таваллудаш 1993, сокини маҳаллаи Ш.Шоҳтемури шаҳри Хоруғ, ба хизматчиёни РВКД дар ВМКБ, ки дар бинои Суди вилоят вазифаҳои хизматии худро иҷро мекарданд, ҳамлаи мусаллаҳона намуда, норинҷаки дастиро таркониданд.Дар натиҷаи ин амалҳои ғайриқонунии номбурдагон муовини аввали сардори РВКД дар ВМКБ, полковники милитсия Муборакшозода Ғайратшо Ғуломшо, корманди шуъбаи оперативии РҚД ВКД капитан Қамишев Шуҳрат Абдуҷабборович ва командири взводи таъиноти махсуси Қисми ҳарбии 3503 ҚД ВКД лейтенанти калон Файзуллозода Абубакр ҷароҳат бардошта, дар бемористон бистарӣ шуданд. Ҳангоми зада гардонидани ҳамлаи мусаллаҳона Назришоев З.М. захмӣ гардида, дар бемористон ба ҳалокат расид.

ВКД гуфт,нисбат ба саркардагони ин ҳодиса аз тарафи додситонии ВМКБ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст ва “барои муайян кардани дигар аъзои гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ, ки дар ҳамлаи мусаллаҳона иштирок карданд, чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ идома доранд”.

Ва аммо журналист Рамзия Мирзобекова навиштааст, ки Улфатхоним Мамадшоева тақрибан як ҳафтаи охир дар Душанбе қарор дошт ва ҷисман наметавонист ҳодисаҳои Хоруғро “сарпарастӣ ва раҳбарӣ” кунад.

Тавре қаблан хабар додем, нирӯҳои амниятии мусаллаҳ шаби 16 ба 17 май дар мавзеи Чинаки шаҳри Хоруғ пеши роҳи издиҳоми тазоҳургаронро, ки аз маҳаллаи Бархоруғ ба сӯи майдони Исмоили Сомонӣ дар маркази Хоруғ раҳсипор буд, бо истифода аз тирҳои резинӣ, гази ашковар ва васоили дигар гирифтанд. Дар натиҷаи задухӯрд бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сокини маҳаллаи Шириншо Шотемур (собиқ Гулакен) Замир Назришоев кушта шуда, дастикам 6 тани дигар аз тазоҳургарон ҷароҳат бардоштанд.

ВКД тасдиқ кард, ки шаби 16 ба 17 май дар Хоруғ “дар рафти амалиётҳо маводҳои махсуси зиддигирдиҳамоӣ истифода карда шуд”.

Матни пурраи изҳороти ВКД чунин аст:

Вазорати корҳои дохилӣ хабар медиҳад

16-уми майи соли ҷорӣ соати 18.30 дақиқа саркардаи гурӯҳи муташаккили ҷиноятии шаҳри Хоруғ Мамадбоқиров Мамадбоқир таҳти роҳбарӣ ва сарпарастии Мамадшоева Улфатхоним Масумовна ва шахси дар ҷустуҷӯй қарордошта Шерзамонов Алим, дар маҳаллаи Хоруғи болои шаҳри Хоруғ, бо мақсади халалдор намудани амнияти ҷамъиятӣ, монеъ шудан ба фаъолияти мақомоти давлатӣ, тарсонидани аҳолӣ ва таъсиррасонӣ ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ барои қабули қарор ба манфиати ашхоси ҷиноятпеша гирдиҳамоии ғайриқонунӣ ташкил намуданд.

Соатҳои 20.40 дақиқаи ҳамин рӯз бо супориши Мамадбоқиров Мамадбоқир як гурӯҳ ҷавонони ноогоҳ бо роҳбарии Назришоев Замир Маҳтобшоевич, соли таваллудаш 1993, сокини маҳаллаи Ш.Шоҳтемури шаҳри Хоруғ, ба хизматчиёни РВКД дар ВМКБ, ки дар бинои Суди вилоят вазифаҳои хизматии худро иҷро мекарданд, ҳамлаи мусаллаҳона намуда, норинҷаки дастиро таркониданд.
Дар натиҷаи ин амалҳои ғайриқонунии номбурдагон муовини аввали сардори РВКД дар ВМКБ, полковники милитсия Муборакшозода Ғайратшо Ғуломшо, корманди шуъбаи оперативии РҚД ВКД капитан Қамишев Шуҳрат Абдуҷабборович ва командири взводи таъиноти махсуси Қисми ҳарбии 3503 ҚД ВКД лейтенанти калон Файзуллозода Абубакр ҷароҳат бардошта, дар бемористон бистарӣ шуданд.
Ҳангоми зада гардонидани ҳамлаи мусаллаҳона Назришоев З.М. захмӣ гардида, дар бемористон ба ҳалокат расид.
Дар рафти амалиётҳо маводҳои махсуси зиддигирдиҳамоӣ истифода карда шуд.
Барои муайян кардани дигар аъзоёни гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ, ки дар ҳамлаи мусаллаҳона иштирок карданд, чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ идома доранд.
Нисбати саркардагони ин ҳодиса аз тарафи Прокуратураи ВМКБ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.”

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button