ВидеоРӯйдодҳои БадахшонҲуқуқи инсон

“АЗИЯ ПЛЮС” МИНБАЪД АЗ ИНЪИКОСИ РӮЙДОДҲОИ БАДАХШОН ХУДДОРӢ МЕКУНАД

Идораи “Азия-Плюс”, яке аз расонаҳои пештози Тоҷикистон, рӯзи 17 майи соли 2022 дар як изҳороти вида дар мавриди вазъи Бадахшон гуфт, “Азия-Плюс” маҷбур аст аз нашри хабарҳои марбут ба ҳаводисе, ки дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рух медиҳанд, худдорӣ кунад.

“Мутаассифона, мо наметавонам ин ҳаводисро ба таври комил инъикос кунем, зеро ба мо хатари басташавӣ таҳдид мекунад.

Қабл аз ин, “Азия-Плюс” огоҳиномаи расмии Прокуратураи генералӣ ва огоҳиҳои ғайрирасмӣ аз ниҳодҳои дигарро дар мавриди он дарёфт карда буд, ки идораи мо ҳаводиси ВМКБ-ро “якҷониба” инъикос мекунад ва “вазъи кишварро ноором месозад”.

Ба «Азия-Плюс» дастур шуда буд, ки “камбудиҳо бартараф карда шаванд”, дар ғайри сурат идораи моро хатари бастан таҳдид мекунад.

Бо дар назар гирифтани ин далел, идораи мо тасмим гирифт аз инъикос ва пӯшиши ҳаводис дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, худдорӣ кунад.

Аз ҳама хонандагони худ узр мехоҳем!” – гуфта мешавад дар изҳороти “Азия Плюс”.

“Азия-Плюс” дар миёнаҳои солҳои 90 таъсис ёфта, яке аз расонаҳои пештоз дар арсаи матбуоти Тоҷикистон эътироф шудааст. Гуруҳи расонаҳои “Азия-Плюс” хабаргузорӣ, ҳафтанома, як шабакаи радиоӣ ва ширкатҳои реклама ва продюсери таҳти ин ном муттаҳид мекунад.

Вазъ дар маркази маъмурии ВМКБ, шаҳри Хоруғ рӯзҳои ахир дигарбора ҳассос шуд. Тазоҳургарон шоми14 май дар маҳаллаи Бархоруғ гирд омада, истеъфои роҳбарони шаҳру вилоят, озод кардани бадахшониҳои дар робита ба эътирозҳои моҳи ноябри соли 2021 дастгиршуда, ба ҷавобгарӣ кашидани афроди гунаҳкор дар қатли сокинони Бадахшон, бардоштани блокпостҳо ва қатъи таъқиби зодагони Помирро талаб карданд. Шоми 16 май дар натиҷаи задухӯрдҳо байни эътирозгарон ва нирӯҳои амниятӣ дар Хоруғ як ҷавон аз маҳаллаи Ш.Шотемур (Гулакен) кушта шуда, дастикам 6 тани дигар аз тазоҳургарон ҷароҳат бардоштанд. ВКД Тоҷикистон гуфт, шоми 16 май дар ҷараёни ҳамлаи мусаллаҳона ба бинои додгоҳи вилоятӣ дар шаҳри Хоруғ  бар асари таркиши норинҷак муовини аввали сардори РВКД дар ВМКБ, полковники милитсия Муборакшозода Ғайратшо Ғуломшо, корманди шуъбаи оперативии РҚД ВКД капитан Қамишев Шуҳрат Абдуҷабборович ва командири взводи таъиноти махсуси Қисми ҳарбии 3503 ҚД ВКД лейтенанти калон Файзуллозода Абубакр низ ҷароҳат бардоштанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button