ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

САДАМА ДАР КӮЧАИ ЗАФАРИ ПОЙТАХТ: ЗАН ҶОН БОХТ, ДУХТАР – ДАР БЕМОРИСТОН

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки субҳи якшанбе, 15-уми майи соли 2022, тахминан соати 08:20, ронандаи мошини тамғаи “Мерседес-Бенс”, Пиров Абдусатор Маҳмадалиевич, соли таваллудаш 1976, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Зафар аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагардон: Холиқова Солеҳа Ҳолмаҳмадовна, соли таваллудаш 1983 ва Рабиева Ганҷина Азимовна, соли таваллудаш 2004, сокинони пойтахтро пахш намудааст.

Дар натиҷа, Холиқова Солеҳа  ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Ноболиғ Рабиева Ганҷинаро бо ҷароҳати ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ кардаанд.

Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози шумори садамаҳо пурхатар шумурда мешаванд. Бино ба омори расмӣ, соли 2021 бар асари 1102 садамаи нақлиётӣ  дар роҳҳои ин кишвар 395 нафар ба ҳалокат расида, 1 218 нафар ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштаанд. Суръати баланди ҳаракат ва риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ҳамчунин роҳҳову мошинҳои фарсуда аз иллатҳои умдаи садамаҳо, аз ҷумла садамаҳои марговар дар роҳҳои Тоҷикистон ном бурда мешаванд.

Вақтҳои охир истифодаи телефонҳои мобил ва дигар васоили электронӣ ҳангоми рондани мошин ба як омили дигари садамазо табдил ёфтааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button