ВидеоРӯйдодҳои БадахшонТоҷикистон

ФАВРӢ! ДАР ҲОДИСАҲОИ ХОРУҒ ДАСТИ КАМ ЯК КАС КУШТА ВА 6 ТАНИ ДИГАР ЗАХМӢ ШУДААНД (ВИДЕО)

Шоми 16 майи соли 2022 дар ҷараёни кӯшиши пароканда кардани эътирозгарон дар шаҳри Хоруғ, маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон як ҷавони сисола кушта шудааст. Гуфта мешавад, Замир Назаршоев, соли таваллудаш 1992, сокини маҳаллаи Гулакен аз тири силоҳи оташфишон ҷон бохтааст. Манобеи пойгоҳи хабарии Бомдод” аз шаҳри Хоруғ дар бораи ҷароҳат бардоштани дастикам 6 тани дигар аз эътирозгарон хабар медиҳанд.

Гуфта мешавад,  наздикиҳои шоми 16 май нирӯҳои амниятӣ  дар мавзеи Чинак бо истифода аз силоҳ як издиҳоми бузурги эътирозгаронро, ки аз маҳаллаи Бархоруғ (Хоруғи Боло) ба самти майдони Исмоили Сомонӣ дар маркази шаҳр раҳсипор буданд, аз роҳ гардонданд. Ба гуфтаи сокинон, ба зидди эътирозгарон аз тирҳои резинӣ ва гази ашковар истифода бурдаанд.

Мақомот то ҳол ҳодисаҳои ахири Хоруғро шарҳ надодаанд.

Бо ин ҳол, сокинон мегӯянд, дар саросари Хоруғ дастрасӣ ба Интернетро дигарбора қатъ кардаанд ва дар шаҳр посгоҳҳои зиёде гузоштаанд, ки ҳар кадомаш бо сангарҳои сангин тақвият дода шудаанд. Дар посгоҳҳо ҳамчунин хаймаҳо гузошта шудаанд.

Сокинони Хоруғ мегӯянд, эътирозгарони зиёде дар гӯшаҳои гуногуни шаҳр дар кӯчаҳо ҷамъ шудаанд ва роҳҳои рафтан ба маркази шаҳр ё ба маҳаллаи Бархоруғро меҷӯянд. Бино ба хабарҳои тасдиқношуда, эътирозгарон роҳи стратегии Душанбе Кӯлоб Хоруғ Қулмаро дар қисмате, ки аз маҳаллаи Бархоруғ мегузарад, масдуд кардаанд.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Бадахшон аз пеш ба сокинони ин вилоят ҳушдор доданд, ки ҳар навъ кӯшиши вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ, аз ҷумла митингу раҳпаймоӣ ба таври шадид пешгирӣ карда хоҳад шуд. Додситони вилоят Парвиз Орифзода бошад як рӯз қабл яке аз лидерҳои ғайрирасмии минтақа Мамадбоқир Мамадбоқировро дар ташкили ин эътирозҳо гунаҳкор кард ва гуфт, ин амали ӯ бар асоси моддаи терроризм арзёбӣ ва ҷазо дода хоҳад шуд.

Ёдовар мешавем, нимаи дуюми рӯзи 14 май, тахминан соати 16, дар маҳаллаи Бархоруғ (Хоруғи Боло) гирдиҳамоӣ ё “сход” доир шудааст, ки дар он даҳҳо сокинони Хоруғ ва ноҳияҳои дигари Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иштирок кардаанд. Манобеи наздик ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мегӯянд, дар ин гирдиҳамоӣ ҳудуди 200 нафар иштирок кардаанд. Сокинони шумораи иштирокчиёни “сход” дар Бархоруғро ба маротиб бештар рақам мезаданд.

Бино ба иттилои дарёфтии манобеи  пойгоҳи хабарии “Бомдод” аз шаҳри Хоруғ, иштирокчиён дар ин гирдиҳамоӣ масъалаи истеъфои раиси вилояти Бадахшон Алишер Мирзонабот, раиси шаҳри Хоруғ Ризо Назарзода, раиси ноҳияи Шуғнон Ҷумъа Ҷумъаевро дар миён гузоштаанд.  Гуфта мешавад, иштирокчиён дар умум ба мақомот 12 талаб гузоштаанд, ки дар баробари истеъфои роҳбарони вилоят ҳамчунин талабҳое, чун ба ҷавобгарӣ кашондани қотилони Гулбуддин Зиёбеков ва дигар сокинони Бадахшон дар моҳи ноябри соли 2021, аз ҳабс озод кардани Амриддин Аловатшоев, Чоршанбе Чоршанбиев, Манучеҳр Шеров ва дигар афроде, ки баъди ҳодисаҳои моҳи ноябр боздошт шудаанд, бардоштани ҳамаи блокпостҳо аз Хоруғ ва қатъи таъқиби сокинони вилоятро дар бар мегирад.

Гирдиҳамомадагон гуфта буданд, ки агар талабҳои онҳо нодида гирифта шавад, дигарбора ба намоиши эътирозӣ даст хоҳанд зад.

Парвиз Орифзода, прокурори вилояти Бадахшон шоми 15 май дар як изҳороти шадидуллаҳн, ки тавассути ТВ “Бадахшон” нашр шуд, гуфт, гирдиҳамоии, ба гуфтаи ӯ, ғайриқонқунии рӯзи 14 майро лидери ғайрирасмии Бархоруғ Мамадбоқир Мамадбоқиров (Боқир) тибқи маслиҳат бо раҳбарони оппозитсия Муҳиддин Кабирӣ ва Алим Шерзамонов ва бо мақсади ба ҳам задани амнияти кишвар ташкил кардааст. Прокурор гуфт, ин амали Боқир бар асоси моддаи 179 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ҳамчун терроризм арёзбӣ шуда ва ҳамчун терроризм ба он вокуниш хоҳад шуд. Парвиз Орифзода ҳушдор дод, ки моддаи 179 барои терроризм ҳамчун ҷазо аз 5 соли зиндон то ҳабси якумриро пешбинӣ мекунад.

Прокурори вилоят гуфт, дар сурати дигарбора ба гирдиҳамоӣ даст задани Боқиру тарафдоронаш мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба он ҳамчун ба амали террористӣ вокуниши шадид нишон хоҳанд дод. Ӯ аз сокинони Хоруғ ва ноҳияҳои атрофи он талаб кард, ки нисбат ба тақдири фарзандони худ бетараф набошанд ва онҳоро нагузоранд, ки гумроҳ шуда, ба иқдомҳои эътирозии Боқир ва дигар “саркардагони гуруҳҳои муташаккили ҷиноятӣ” ҳамроҳ шаванд.

Авзоъ дар Бадахшон рӯзҳои охир дар пайи эълони паиҳами ҳукми зиндони чанд сокинони ин вилоят дигарбора рӯ ба вахомат овард. Аз ҷумла рӯзи 29 апрел Амриддин Аловатшоев, яке аз лидерҳои ғайрирасмии ин минтақа ба 18 соли зиндон ва рӯзи 13 май варзишгари шинохтаи зодаи Бадахшон Чоршанбе Чоршанбиев ба 8 солу 6 моҳи зиндон маҳкум шуданд. Чоршанбиев ба далели як суханрониаш ба тарафдорӣ аз эътирозҳои моҳи ноябр маҳкум шуд ва Аловатшоев асосан барои ташкили эътирози зодагони Бадахшон дар назди сафорати Тоҷикистон дар Маскав дар таърихи 25 ноябри соли 2021.

Сокинони Бадахшон мегӯянд, бо онки баъди эътирозҳои моҳи ноябр даҳҳо сокини ин минтақаро зиндонӣ карданд, мақомот бар хилофи ваъдаи худ то ҳол ягон нафарро бо гумони даст доштан дар қатли Гулбиддин Зиёбеков, ки сабаби он эътирозҳо шуд, боздошт накардаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button