ВидеоХабарҳои кӯтоҳ
ДУЗДИИ 60 БАЛОН, 15 ДИСК ВА БАЗА АЗ УСТОХОНАИ МОШИНҲО ДАР ҲАЁТИ НАВ

Ба ШВКД дар ноҳияи Кӯшониён бо ариза марди 36-солаи сокини шаҳри Бохтар муроҷиат намудааст, ки 12-уми майи соли 2022, шахсони номаълум бо тариқи пинҳонӣ вориди ҷойи таъмиргоҳи автомашина, воқеъ дар маҳаллаи Ҳаёти-Нав шуда, аз он ҷо 60-адад балон, 15-адад дискҳои автомашина ва як адад базаи камераҳои мушоҳидавиро дузида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 21 ҳазору 800 сомониро ташкил медиҳад.
Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки ҳангоми гузаронидани чорабиниӽои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 26-солаи сокини ӽамин ноӽия ӽамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Оид ба ин ӽолат тафтишот идома дорад.

