АфғонистонВидеоМинтақа ва ҷаҳон

ЗАДУХӮРДИ НАВИ ЧОРСОАТА ДАР МАРЗИ ТОҶИКИСТОН БО АФҒОНИСТОН

Шабакаи иттилоотии Afghanistan International  шоми 15 майи соли 2022 бо такя ба манобеъ дар шимоли Афғонистон дар бораи тирпаррониҳои нави шадид дар марзи Афғонистон бо Тоҷикистон хабар дод.

“Манобеи маҳаллӣ дар шимоли Афғонистон мегӯянд, марзбонони Тоҷикистон ва нирӯҳои Толибон шанбешаби 14 май дар марзи муштарак дар наздикии Шерхон Бандар ба муддати чаҳор соат даргир шуданд “, – гуфта мешавад дар хабар.

“Ба гуфтаи ин манобеъ, даргирӣ пас аз таниши лафзӣ миёни нирӯҳои Толибон бо  марзбонони Тоҷикистон рӯй дода, аввал толибҳо тирандозӣ кардаанд”, – меафзояд Afghanistan International.

Шерхон Бандар дар рӯбарӯи Панҷи Поён ҷойгир шудааст. Ин бузургтарин гузаргоҳ дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон ба шумор меравад.

То кунун мақомоти расмии Тоҷикистон ва намояндагони Толибон  ин хабарро шарҳ надодаанд.

Ин алакай дуюмин тирпарронӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон дар як ҳафтаи охир аст.

Ёдовар мешавем, рӯзи 7 май аз ҳудуди вулусволии Хоҷа Ғори вилояти Тахор ба тарафи марзи Афғонистон 7 мушак андохтанд. Гуруҳи тундрави “Хуросон”, шохаи шарқии ДОИШ (“Давлати исломӣ”) масъулияти он мушакборони қаламрави Тоҷикистонро бар дӯш гирифт.

Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 8 май дар як изҳорот  ба қаламрави ин кишвар асобат кардани гулӯлаҳои аз хоки Афғонистон андохташударо тасдиқ кард, вале гуфт, ин тирҳое буд, ки дар ҷараёни задухӯрди байни қувваҳои Толибон ва ДОИШ дар минтақаи Хоҷа )ор “тасодуфан ба ҳудуди Тоҷикистон гузаштаанд”.

Марзбонони тоҷик бар пояи иттилоияи расмии намояндаи нерӯҳои марзбонии Толибон дар минтақаи Хоҷа Ғори вилояти Тахори Афғонистон хабар доданд, ки “рӯзи 7 майи соли 20222, соати 11:45 дар рӯ ба рӯи дидбонгоҳи сарҳадии №12-и Отряди сарҳадии «Панҷ», 7 миёни қувваҳои Толибон ва гурӯҳи мусаллаҳи аъзоёни ташкилоти байналмилалии террористии «Давлати исломӣ»(ДОИШ)  задухӯрди мусаллаҳона сурат гирифта, якуним соат идома ёфтааст. Минтақаҳои мазкур дар наздикии сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, тирҳои болозикр тасодуфан ба ҳудуди кишвар гузаштаанд. Хисороти моливу ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст”.

Вале бо ин вуҷуд, Душанбе гуфт, “ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ ба ҳолати омодабошии пурраи ҷангӣ гузаронида шудаанд”.

Тоҷикистон бо Афғонистон 1425 километр марзи муштарак дорад. Ин марз қадқади дарёи Панҷ, ки дар поёноб баъди ба  ин рӯдхона рехтани дарёи Вахш Амӯдарё ном мегирад, кашида шудааст ва ба далели релефи мураккаби кӯҳистониаш мушкилҳимоя дониста мешавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button