ВидеоМуҳоҷирон

ТОҶИКҲОИ ХУДАШОНРО ҒОРАТ МЕКАРДАНД… ҲУКМИ ЗИНДОНИ 8 ГАНГСТЕРИ ТОҶИКИСТОНӢ ДАР РУСИЯ

Додгоҳ дар шаҳри Суворови вилояти Тулаи Русия рӯзи 13 майи соли 2022 якбора 8 шаҳрванди Тоҷикистонро бо ҷурми ғоратгарӣ ба муҳлати аз 7 солу 8 моҳ то 10 сол маҳкум ба зиндон кард. Аз маводи парванда бармеояд, ки ин гангстерҳои зодаи Тоҷикистон асосан ҳамватанҳои худро ғорат мекардаанд. Бо ҳукми додгоҳ

  1. Умаров Р.Р.  ба 7 солу 8 моҳи зиндон,
  2. Пирназаров Ш.М. ба 7 солу 10 моҳ,
  3. Бобоёров Ш.Х. ба 8 солу 8 моҳ,
  4. Ҷӯрақулов И.А. ба 9 солу 6 моҳ,
  5. Раҳмонов Ф.О. ба 9 солу 8 моҳ,
  6. Тошмуродов М.О. ба 9 солу 10 моҳ
  7. Чутов А.Н. ба 9 солу 10 моҳ ва
  8. Артиққулов А.Н. ба 10 соли зиндон маҳкум шуданд.

Суворов дар 90–километрии ғарби Тула ва 60–километрии ҷануби Калуга ҷойгир шудааст.

Бино ба маводи парванда, аъзои ин бандаи гангстерҳои тоҷик аввалин ҳамлаи худро шаби 8 ноябри соли 2020 анҷом доданд. Онҳо 5 нафар як мошинро иҷора гирифта,  дар рӯ ниқобу дар дастҳо дастпӯшак ба шаҳраки коттеҷҳои Акиншино дар маҳаллаи Марушкинское дар канори шаҳри Маскав омада, аз сари девор ба даруни хона даромаданд.

Дар рӯи ҳавлӣ дар даруни мошин як муҳоҷири низ тоҷик мехобид.  Онҳо ба рӯи он бечора пистолет монда, талаб карданд, ки пулҳояшоро бароварда, ба онҳо диҳад. Он муҳоҷири тоҷик не мегӯяд ва ӯро ба гарданаш зарба зада, дастонашро бастанд.

Баъди ин онҳо дари вагончаро зада шикаста, вориди он шуданд ва бо таҳдиди силоҳ аз як шаҳрванди Хитой, ки дар дохили вагонча мехобид, пулу телефонашро талаб карданд. Он мард ба онҳо 28 ҳазор рубл ва ду телефонашро дода, боз ҳам зери таҳдид пароли ҳисоби бонкиашро дод. Дар ҳисоби ӯ 300 ҳазор рубл будааст. Барои гирифтани ин пул, ҷабрдида яке аз ғоратгаронро бо банкомати наздиктарин дар хиёбони Ленин будааст.

Дар ин байн 4 ғоратгари дигар ҷабрдидаи аввалро, ки ҳамватани худашон буд, ба вагонча дароварда, мошинашро кофтанд ва аз онҷо 15 ҳазор рубл ёфта, ин пулро ҳам ба яғмо бурданд.

Ғанимати бадастовардаи онҳо дар он шаб дар умум 406 ҳазор рублро ташкил дод.

Дафъаи дуюм, 23 ноябри ҳамон соли 2020 аъзои ин банда алакай 8 нафар шуда, дар ду мошин боз ҳам дар рӯ ниқобу дар дастҳо дастпӯшак ба як хона дар деҳаи Красное Михайловои ноҳияи Суворови вилояти Тула ҳамла карданд. Яке аз онҳо бо худ пистолет ҳам дошт.

Онҳо дари ин хонаро зада шикаста, ба пушти соҳибхона пистолет монданд ва ӯро ҳамроҳи ҳамсараш дар як ҳуҷра маҳкам карда, дастонашро  бастанд. Сипас ғоратгарон хонаро кофтанд, вале ягон сӯм наёфта, ба зан таҳдид карданд, ки пулҳояшонро диҳад. Яке аз ғоратгарон бо корд ба шавҳари зан ҳамла кард ва зан аз тарс 20 ҳазор рублеро, ки дар сумкачааш дошт, бароварда, ба онҳо дод. 

Ғоратгарон сипас занро баста, ба даҳонаш скотч заданд ва аз шавҳари ӯ талаб карданд, ки пулҳояшро бароварда диҳад. Таҳти фишору таҳдид соҳибхона ба онҳо ҷои пулҳояшро гуфт ва ғоратгарон аз ошхона 807 ҳазор рублро ёфта гирифта, аз он хона фирор карданд.

Вале ҳамагӣ чанд рӯз баъд пулис бо изи гарм ғоратгаронро муайян ва дастгир кард.

Ҳукми аъзои ин банда ҳанӯз ба иҷро надаромадааст ва онҳо метавонанд ба додгоҳи болоӣ шикоят баранд. Назари маҳкумшудаҳо ба ин ҷурмҳои ба зиддашон эълоншуда дастрас нест.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button