ВидеоНомаҳо ба президентТаърихҲуқуқи инсон

НОМАИ ДОДИ ҲАМСАРИ ЭШОНИ ҶУНАЙД БА ПРЕЗИДЕНТ: МО ДАР КӮЧА МЕМОНЕМ…

Гулдаста Салимова, ҳамсари Ҷунайдулло Умаров (Эшони Ҷунайд), фармондеҳи собиқи Иттиҳоди нирӯҳои мухолифин ва сардори собиқи Раёсати бозрасии ҳарбии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, ки соли 2015 дар ҷараёни ошӯби Ҳоҷӣ Ҳалим кушта шуд, ба президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муроҷиат карда, хостааст, то барои баргардондани ҳавлии меросиаш, воқеъ дар деҳаи Нилкони ҷамоати Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ ба онҳо кумак кунад. Гулдаста Салимова мегӯяд, ӯву фарзандону набераҳояш, дар умум 8 нафар, ҷои дигаре барои зиндагӣ надоранд, вале мақомот онҳоро аз ин хона кӯчонданианд.

Гулдаста Салимова дар номааш ба президент менависад, ки ин хона аз падару модараш ба ӯ мерос монда буд ва шавҳари марҳумаш дар ин хона ҳамчун хонадомод мезист. Ҷунайдулло Умаров соли 1988 ба духтари холааш Гулдаста Салимова издивоҷ карда буд.

Ҷунайдулло Умаров дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ яке аз фармондеҳони саҳроии Иттиҳоди нирӯҳои мухолифин буд, ки баъди имзои созишномаи сулҳи соли 1997 ба саффи нирӯҳои давлатӣ пайваст ва то ба мақоми сардори раёсати бозрасии ҳарбии вазорати мудофиа ва рутбаи полковникӣ расид. Вале дар моҳи сентябри соли 2015 ӯ ба ошӯби таҳти раҳбарии муовини вақти вазири мудофиа генерал Абдуҳалим Назарзода, маъруф ба Ҳоҷӣ Ҳалим пайваст ва ҳангоми таъқиби ошӯбгарон дар дараи Ромит кушта шуд.

23 августи соли 2016 коллегияи ҳарбии Додгоҳи олии Тоҷикистон дар ғайбаш Эшони Ҷунайдро баъди маргаш дар иштирок дар исёни мусаллаҳона, куштору гаравгонгирӣ ва дигар ҷиноятҳои сангин гунаҳкор донист ва  қарор кард, ки манзили ӯ дар деҳаи Нилкон ба фоидаи давлат мусодира карда шавад.

Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, ки ин манзил мебоист ба тавозуни ҳамин кумита мегузашт, барои кӯчондани аҳли оилаи Эшони Ҷунайд аз ин хона ба додгоҳ муроҷиат кард ва бо ҳалномаи суди ноҳияи Рӯдакӣ аз санаи 02 декабри соли 2020 даъвои Кумита оиди кӯчонидани оилаи Умаровҳо аз ин манзил бидуни додани манзили истиқоматии дигар қонеъ карда шуда, Гулдаста Салимоваро амр додаанд, ки ҳамроҳи фарзандону набераҳояш аз онҷо бикӯчад.

Гулдаста Салимова дар номааш ба президент Эмомалӣ Раҳмон менависад: “Манзили истиқоматӣ, воқеъ дар суроғаи ноҳияи Рӯдакӣ, ҷамоати деҳоти Роҳатӣ, деҳаи Нилкон, ҳавлии № 542 моликияти меросии ман ба ҳисоб рафта, марҳум шавҳарам Умаров Ҷунайдулло ба ин манзил ягон ҳуҷҷати ҳуқуқмуайянкунанда надошт. Танҳо бо розигии соҳибмулк, яъне модарам Умарова Шарбат дар дафтари хоҷагии ҷамоати деҳоти Роҳатӣ шавҳарам Умаров Ҷунайдулло ҳамчун сардори хоҷагӣ ба қайд гирифта шудааст. Ҳангоми қабул намудани санади судӣ, судяҳо ба инобат нагирифтаанд, ки тибқи талаботи қисми 8 моддаи 57 КҶ Тоҷикистон : – Молу мулке, ки барои маҳкумшуда ва шахсони таҳти сарпарастии ӯ қарордошта зарур аст, мусодира карда намешавад. Айни замон ягона ҷои зисти мо, 8 узви оила ҳамине манзил дар  деҳаи Нилкон, ҳавлии № 542, мебошад. Агар моро аз ин манзил кӯчонанд, дигар чои зист надорем ва дар кӯча мемонем. Ҳар шахсе, ки ҷиноят содир кардааст, барои кирдори содир намудааш бояд дар назди қонун ҷавоб гӯяд. Марҳум шавҳарам Умаров Ҷунайдулло ба ҷиноят даст зада, ҳангоми содир кардани ҷиноят ба қатл расонида шудааст. Вале ман ё дигар аъзои оилаам ба ягон ҷиноят даст назадаем ва доимо сиëсати адолатпарваронаи Шуморо ҷонибдорӣ мекунем. Шукр аз он мекунем, ки дар сояи давлати Шумо орому осоишта умр ба сар мебарем ва албатта, боварӣ дорем, ки  Шумо, Ҷаноби Олӣ, ба мо кумак карда, барои баргардонидани манзили меросиамон ба оилаи мо мусоидат менамоед”.

Мақомот  исёни Ҳоҷӣ Ҳалимро “кӯшиши табаддулоти давлатӣ” эълон карда, ҳизби наҳзати исломӣ (ҲНИТ), як ташаккули умдаи мухолифинро дар ташкилу раҳбарии он гунаҳкор карданд ва ба ин далел, ин ҳизбро мамнӯъ ва шомили рӯйхатҳои сиёҳи созмонҳои ифротию террористӣ карданд. Роҳбарони ҲНИТ, ки ҳоло асосан дар Аврупо амал мекунад, ин иттиҳомро рад мекунанд.

Матни пурраи муроҷиати Гулдаста Салимова ба президенти Тоҷикистон чунин аст:

Ба таваҷҷуҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои Миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Аз номи шаҳрванд Салимова Гуддаста Яҳёевна, сокини  ноҳияи Рӯдакӣ, ҷамоати деҳоти Роҳатӣ,  деҳаи Нилкон, ҳавлии №542

тел: (918) 13-45-07

МУРОҶИАТНОМА

Муҳтарам Пешвои муаззами миллат!

Ба маълумоти Шумо мерасонам, ки ман бо ҳашт нафар аҳли оилаам, ки кӯдакони ноболиғ низ ҳастанд, дар суроғаи ноҳияи Рудакй, ҷамоати деҳоти Роҳатӣ, деҳаи Нилкон, ҳавлии №542 истиқомат намуда истодаем. Манзили мазкур ҳамчун моликияти меросӣ ба хисоб рафта, ба падару модари ман Салимов Яҳё ва Умарова Шарбат тааллуқ дошт. Аз сабаби он ки маро ба писари холаам Умаров Ҷунайдулло ба шавҳар дода буданд, ӯ ҳамчун хонадомод дар ин хона зиндагӣ мекард.

Дар ҳақиқат марҳум шавҳарам Умаров Ҷунайдулло ба ҷиноят даст зада, ҳангоми содир кардани ҷиноят ба қатл расонида шудааст ва бо ҳукми додраси коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 23-юми августи соли 2016 Маҷидов Қаюм Ёрибекович ва дигарон бо моддаҳои 187, қисми 1, 131, қисми 3, банди “а”, 130, қисми 3, банди “а”, 199, қисми 4, бандҳои “а,б,в”, 104, қисми 2, бандҳои “а,б,ж,з,и,л,м”, 32 қисми 3- 104, қисми 2, бандҳои “а,б,ж,3, и,л, м”, 255 қисми 2 бандҳои “а, в”, 32, қисми 3-199, қисми 4 бандҳои “а,6,в”, 32 қисми 1-199, қисми 4 бандҳои “а,6”, 179 қисми 3 банди “а”, 32 қисми 3-309 қисми 2 банди “6”, 32 қисми 1-309 қисми 2 банди “6”, 306, 313, 195қисми 3 ва 170 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, маҳкум гардидаанд. Инчунин бо ҳукми мазкур хонаи истиқоматиии воқеъ дар суроғаиноҳияи Рудакӣ, ҷамоати деҳоти Роҳатӣ, деҳаи Нилкон, ҳамчун далели шайъӣ эътироф гардида, ба фоидаи давлат мусодира гардидааст. Айни замон манзили истиқоматии мо ҳамчун моликияти давлат қабул гардида, ба тавозуни Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шудааст. Бо ҳалномаи суди ноҳияи Рӯдакӣ аз санаи 02 декабри соли 2020 даъвои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди кӯчонидан аз манзили истиқоматӣ бе додани манзили истиқоматии дигар қонеъ карда шуда, ман ва фарзандону наберагонам аз манзили истиқоматӣ, воқеъ дар суроғаи ноҳияи Рудакй, ҷамоати деҳоти Роҳатӣ, деҳаи Нилкон, ҳавлии N 542 кӯчонида шудаем. Ҳарчанд ман аз болои ҳалномаи суди ноҳияи Рӯдакӣ ба Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шикояти кассатсионӣ оварда бошам ҳам, вале шикояти ман рад карда шудааст.

Инчунин ман бо шикояти назоратӣ аз болон ҳукми коллегияи ҳарбии Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 23 – юми августи соли 2016 нисбати Маҷидов ва дигарон дар қисмати ба фоидаи давлат мусодира кардани манзили истиқоматии меросӣ, воқеъ дар суроғаи ноҳияи Рӯдакӣ, ҷамоати деҳоти Роҳатӣ, деҳаи Нилкон, ҳавлии № 542 ба коллегияи ҳарбии Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат карда будам. Вале бо мактуби таҳти № 1кх -108 аз санаи 27 апрели соли 2021 ба ман ҷавоб гардонида шудааст, ки метавонам ба суди маҳалли чойгиршавии иншоот муроҷиат намуда, масъалаи баҳсиро тариқи суди гражданӣ ҳаллу фасл намоям. Дар ҳоле ки баҳси мазкур ба тариқи гражданӣ ҳал гардида, санади судӣ қабул гардидааст, ман чӣ тавр метавонам боз ба суд муроҷиат намоям?

Тибқи талаботи моддаи 22 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон : – Ба манзили шахс зӯран даромадан ва касеро аз манзил маҳрум кардан мань аст, ба истиснои мавридҳое, ки қонун мукаррар кардааст. 

Чӣ хеле ки дар боло қайд намудам, манзили истиқоматӣ, воқеъ дар суроғаи ноҳияи Рӯдакӣ, ҷамоати деҳоти Роҳатӣ, деҳаи Нилкон, ҳавлии № 542 моликияти меросии ман ба ҳисоб рафта, марҳум шавҳарам Умаров Ҷунайдулло ба ин манзил ягон ҳуҷҷати ҳуқуқмуайянкунанда надошт. Танҳо бо розигии соҳибмулк, яъне модарам Умарова Шарбат дар дафтари хоҷагии ҷамоати деҳоти Роҳатӣ шавҳарам Умаров Ҷунайдулло ҳамчун сардори хоҷагӣ ба қайд гирифта шудааст. Ҳангоми қабул намудани санади судӣ, судяҳо ба инобат нагирифтаанд, ки тибқи талаботи қисми 8 моддаи 57 КҶ Тоҷикистон : – Молу мулке, ки барои маҳкумшуда ва шахсони таҳти сарпарастии ӯ қарордошта зарур аст, мувофиқи рӯйхатти дар Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардида мусодира карда намешавад. (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 – уми июни соли 2013 таҳти № 966, аз 26 июли соли 2014 таҳти №₂ 1089 ).

 Айни замон ягона ҷои зисти мо, 8 нафар узви оила ин манзили истиқоматии меросӣ, воқеъ дар суроғаи ноҳияи Рӯдакӣ, ҷамоати деҳоти Роҳатӣ, деҳаи Нилкон, ҳавлии № 542, мебошад. Агар моро аз ин манзил кӯчонанд, дигар чои зист надорем ва дар кӯча мемонем. Ҳар шахсе, ки ҷиноят содир кардааст, барои кирдори содир намудааш бояд дар назди қонун ҷавоб гӯяд. Чӣ хеле ки дар боло қайд намудам, марҳум шавҳарам Умаров Ҷунайдулло ба ҷиноят даст зада, ҳангоми содир кардани ҷиноят ба қатл расонида шудааст. Вале ман ё дигар аъзои оилаам ба ягон ҷиноят даст назадаем ва доимо сиëсати адолатпарваронаи Шуморо ҷонибдорӣ мекунем. Шукр аз он мекунем, ки дар сояи давлати Шумо орому осоишта умр ба сар мебарем ва албатта, боварӣ дорем, ки  Шумо, Ҷаноби Олӣ, ба мо кумак карда, барои баргардонидани манзили меросиамон ба оилаи мо мусоидат менамоед.

Нусхаи ҳуҷҷатҳо вобаста ба манзили мазкур замима карда мешавад.

Бо эҳтироми самимӣ,

 Гулдаста Салимова

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button