Муҳоҷирон

МАРГИ МУҲОҶИРИ ТОҶИК ВА БА КОМА АФТОДАНИ ТИФЛИ ТОҶИК ДАР ВИЛОЯТИ ЛЕНИНГРАД

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Всеволожскийи вилояти Ленингради Русия ба таҳқиқи сабабҳои марги як шаҳрванди 41-солаи Тоҷикистон пардохтаанд. Бино ба хабарҳо, субҳи 14 майи соли 2022 аз бемористони Всеволожск ба пулис хабар додаанд, ки шоми 13 май, соати 19, чанд мушоҷир дар мошини “Toyota Hilux” ин мардро бо ҷароҳати вазнин аз ноҳияи шикамаш ба бемористон оварда,  гуфтаанд, ки ӯ зери плитаи бетонӣ мондааст. Мутаассифона, баъди ним соат ин мард дар рӯи кати ҷарроҳӣ ҷон додааст.

Маълум шудааст, ки марди фавтида моҳи сентябри соли 2021 барои кор ба Русия омада, дар маркази Петербург зиндагӣ мекард. Всеволожск, маҳалли марги ин муҳоҷири тоҷик, аз  канораҳои шарқии “пойтахти шимолии Русия” ҳамагӣ 10 километр дуртар ҷойгир шудааст.

Як ҳодисаи дигари нохуш ба сари оилаи муҳоҷирони тоҷик дар шаҳри Кириши, воқеъ дар 150-километрии ҷанубушарқи Петербург омад. Дар ин қисмати вилояти Ленинград, дар кӯчаи Волховская набережная, тақрибан соати ҳашти шоми 14 май як кӯдаки ширмаки муҳоҷирони тоҷик аз кат афтида, аз қисмати сараш ҷароҳатҳои вазнин бардоштааст. Ин фалокат вақте рӯй додааст, ки модари 29-солаи ин тифл ба ошхона рафтааст, то шири ӯро гарм кунад.

Кӯдакро дар ҳолати кома ба бемористони Кириши овардаанд. Пулис ин ҳодисаро низ таҳқиқ мекунад. Бино ба иттилои пулис, падари кӯдак 36 сол дошта, ҳанӯз моҳи марти соли 2020 ба Русия барои кор омадааст.

Ҳар сол беш аз як миллион нафар, ё тақрибан нисфи аҳолии қобили кори Тоҷикистон бо мақсади таъмини рӯзгори хонаводаҳои худ ба Русия ба мардикорӣ мераванд. Ва ҳар сол дар Русия беш аз 1000 нафар аз муҳоҷирони тоҷик ба иллатҳои гуногун тарки ин дунё карда, чанд ҳазори дигари онҳо маъюб мешаванд. Фалокатҳо дар ҷои кору ҷои зист яке аз иллатҳои умдаи маргу мир ва маъюб шудани муҳоҷирони тоҷик дар Русия ба шумор меравад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button