ВидеоИқтисодМинтақа ва ҷаҳон

ЛАТТУКӮБИ КОРМАНДОНИ ТАРОЗУ ДАР МАСТЧОҲ АЗ СӮИ РОНАНДАГОНИ ӮЗБЕК (ВИДЕО)

Муҳаммад Тағоев, як фаъоли мухолифини тоҷик дар саҳифааш дар Фейсбук видеои лаҳзаи латтукӯби чанд корманди роҳ аз ҷониби як гуруҳи ронандагони мошинҳои боркашро нашр кард.  Тағоев навиштааст, ки дар ин видео лаҳзаи латтукӯби коргарони IRS дар даруни марзи Тоҷикистон аз ҷониби ронандагони ӯзбек сабт шудааст.

Ширкати IRS ин қазияро то ҳол шарҳ надодааст, вале Муҳаммад Тағоев рӯзи 15 май ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” гуфт, бино ба иттилои ӯ, ин ҳодиса рӯзи 14 май дар ҳудуди ноҳияи Мастчоҳ дар шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ, ягона роҳи пулакии Тоҷикистон рӯй додааст.

“Ронандаҳои ӯзбекистонӣ пули тарозуро надоданд  ва аз ин рӯ, коргарони ширкати IRS рақами мошинҳои онҳоро канданд, ронандагон дар посух кормандонро задаанд”, нақл кард Муҳаммад Тағоев.

Дар видео дида мешавад, ки як гурӯҳи ронандагоне, ки ба забони ӯзбекӣ ҳарф мезананд, аввал як нафарро дар даруни алафзори канори роҳ латтукӯб мекунанд ва сипас ба тарафи як нафари дигар рафта,ба рӯи шаппотӣ мезананд ва талаб мекунанд, ки рақамҳои аз мошинҳои онҳо кандаашонро баргардонад.

Яке аз ин ронандагон бо садои баланд кормандони тоҷикро ба миллатчигӣ айбдор мекунад ва мегӯяд, ин корашон беҷазо нахоҳад монд. Қад-қади роҳ шумори зиёди мошинҳои боркаш дида мешаванд, ки барои убур аз тарозу навбат истодаанд.

Идораи “Бомдод” барои шарҳи ин қазия ба ширкати IRS низ муроҷиат кардааст ва ба муҷарради дарёфташ, шарҳи ширкатро низ нашр хоҳад кард.

IRS масъулияти нигоҳубини мошингарди Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ ва ҳам масъулияти пулчинӣ дар ин ягона роҳи пулакии Тоҷикистонро бар уҳда дорад.

Шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ ягона роҳи заминист, ки вилояти Суғд дар шимоли Тоҷикистонро бо қисматҳои боқимондаи ин ҷумҳурӣ, аз ҷумла бо пойтахташ, шаҳри Душанбе мепайвандад. То сохта шудани нақби “Истиқлол” дар ин шоҳроҳ ягона роҳи байни шимол ва маркази Тоҷикистон аз тариқи ағбаи Анзоб буд, ки дар зимистон баста мешуд.

Шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ аз пойтахти Тоҷикистон тавассути кӯҳҳои  Зарафшону шаҳри Хуҷанд то марзи Ӯзбекистон сохта шудааст.

Шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ дар даҳаи аввали асри 21 бо наздики 300 миллион доллар қарзи Хитой навсозӣ шуда, аз соли 2009 масъулияти нигоҳубин ва пулчиниаш ба ширкати IRS вогузор карда шуд. Дар ҳоли ҳозир ин ягона роҳи пулакӣ дар Тоҷикистон аст. IRS аз моҳи январи соли 2022 нархи убури ин роҳро дастикам 50% боло бурд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button