ВидеоНомаҳо ба президентНуқтаи назар

МАКТУБИ КУШОД БА РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ: МИЛЛАТРО АЗ ШАРМАНДАГӢ НАҶОТ ДЕҲ!

Инак, 2 пешниҳоди банда:

1. Хизмат дар сафи артиш бояд 1 сола бошад. Аз ин як сол 6 моҳашро аскар дар қисмҳои низомӣ хизмат кунаду 6 моҳи дигарашро дар хона. Дар сурати зарурат бо як занги телефонӣ дар муддати кӯтоҳтарин, ба қисми ҳарбӣ дар либоси низомӣ ҳозир шавад. Баъди 1 соли дигар, чун билети ҳарбӣ гирифт, ҳама дар қайди комиссариатҳои ҳарбӣ дар эҳтиёт боқӣ мемонанд, то 40 солагӣ.

Ҳама бояд хизмат кунанд. Ҳангоми муроҷиат ба ҳама сохторҳои давлатӣ ва фурӯдгоҳҳо ҳатман бояд билети ҳарбӣ ё гувоҳномаи комиссариати ҳарбиро пешкаш намоянд.

2. Ротаҳои корӣ таъсис додан лозим. Хизмат дар ин ротаҳо ихтиёрӣ бояд бошад. Барои пайдо шудани ихтиёриён, ба ин хизматчиён моҳона додан лозим. Масалан 2000 сомонӣ маошаш бошад, 500 сомонӣ ба суратҳисоби артиш гузарад, 1500 сомонӣ ба суратҳисоби худи хизматчӣ. Баъди 1 сол ё 2 соли хизмат, (вобаста ба хоҳиши худаш) хизматчӣ билети ҳарбӣ гирад.

Салому дуруд бар шумо, раиси Парлумони Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ.

Мактубро бояд ба унвони Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон менавиштам, аммо гумон дорам, ӯро ташвиш додан лозим нест, аниқтараш ҳаққи ташвиш додани ӯро надорам. Ӯ рисолати азалии худро дар назди миллати тоҷик адо кардааст. Бо изни Худо давлати ҷангзадаи касоду фасодро ба як кишвари гулгулшукуфон мубаддал гардонид. Дар ин роҳ ширинтарин лаҳзаҳои ҳаёташ-ҷавониашро қурбон кард. Ҳақ дорад ҳоло аз буҷҷаи кишвар дар беҳтарин истироҳатгоҳҳои олам бафароғат дам гирад. Корро бояд ман, ки раиятам ва ту, ки садри ҳукуматӣ анҷом диҳем. Хоҳиш дорам «ту» гуфтани маро таҳқир ҳисоб накун, чунки менталитети мардуми мо ҳамин аст -калонтар ба хурдтар «шумо» гуфта муроҷиат кунад, таҳқираш меҳисобанд. Ин одати мардуми бародармиллати мо узбекон аст, ки ҳатто мӯйсафед ба кӯдаки 1 сола «шумо» гуфта муроҷиат мекунад.

Хулоса, бародари гиромии мо Рустам, баъди тамошои навори «облава» дар ноҳияи Ёвон ҳамин ҳафта, дигар тоқатам намонд. Дигар тобу тавони дидани таҳқири давлатамро надорам. Ин ҳама доду фиғон, ин ҳама аз ошёнаҳо парида гурехтани донишҷӯёни Коллеҷи тиббии Ёвонро дида, сахт дар изтироб шудам. Банда ҳанӯз 15 соли пеш дар мақолаҳоям гуфта будам, ки бо ин тарзи коргузории фармондеҳии ҳарбӣ билохира ватани ман шарманда мешавад. Баъди солҳои 2010-ӯм бошад дар бораи аз байн бурдани «облава» пешниҳодҳои зиёд кардам, ки гӯши шунаво наёфтанд. Мисли он, ки қасдан пешниҳодҳоро қабул намекунанд, то давлати мову сарвари мо шарманда шаванд! Аммо мову ту ку ба ин ду, хайрхоҳем, мехоҳем давлати мо дар арсаи байналмилал мавқеи волои худро дошта бошад? Ҳоло ҳама медонанд, ки дар як сол 2 маротиб раисони ҳукуматҳои маҳалҳо бо тамоми сохтори давлатдорӣ ба кормандони ғайриштатии комиссариатҳои ҳарбӣ мубаддал мегарданд. Баъзеашон дар хилват ва дар назди наздикон хун мегирянд, чунки бовар надоранд нақшаро иҷро карда тавонанд. Яке облава мекунаду солдат мефурӯшад, дигаре гурехта ба хориҷи кишвар меравад, саввумӣ дар кунҷу канори мувофиқ пинҳон мешавад. Агар касе мегӯяд ин суханон ҳақиқат надоранд, ба Худо қасам хоини ҳамин миллат аст! Маҳз ҳамин нафарон заҳматҳои кашидаи падари ту ва Пешвои миллати маро дар роҳи ободии диёр ба сифр оварда расониданианд. Воқеоти назди Коллеҷи тиббии Ёвон дар назди ҳама комиссариатҳои ҳарбии ватан қариб ҳар рӯз такрор мешаванд ва аламовараш ҳамин ки пинҳон намемонанд.

Медонам, намепурсӣ, ки кӣ айбдор аст, чунки худ таҳсилкардаиву донишмандтар аз ман, ба хубӣ ҳамаашро медонӣ.

Инҷо Ҳукумати ноҳияи Ёвон ва ҳукуматҳои дигар шаҳру навоҳӣ айбдор нестанд, комиссариатҳо ҳам, ҳатто ҷавонон ҳам, балки айб дар сиёсати нодурусти Вазорати мудофиаи кишвар аст. Ислоҳаш бошад, гумон дорам, дар дасти раиси парлумони кишвар, яъне дар дасти ту аст, додари азиз. Баъзеҳо ба ман гуфтанд, ки агар чунин мактуб ба Рустами Эмомалӣ нависӣ, базудӣ аз паят кормандони милитсия омада дастонатро баста мебаранд. Бо вуҷуди ин ҳам навиштам. Бигзор ману чанд нафари дигари мисли ман қурбон шаванду мушкил ҳалли худро ёбад, набошад кадом рӯз кадом раиси ҳукумати маҳал даст ба худкушӣ мезанаду шармандагӣ аз ҳад мегузарад.

Инак, 2 пешниҳоди банда:

1. Хизмат дар сафи артиш бояд 1 сола бошад. Аз ин як сол 6 моҳашро аскар дар қисмҳои низомӣ хизмат кунаду 6 моҳи дигарашро дар хона. Баъди 6 моҳи хизмат дар казарма бо либосҳои ҳарбиаш ба хона ҷавоб шавад, аммо билети ҳарбӣ ҳоло нагирад ва дар қайди қисми низомӣ бошад. Дар сурати зарурат бо як занги телефонӣ дар муддати кӯтоҳтарин, ба қисми ҳарбӣ дар либоси низомӣ ҳозир шавад. Баъди 1 соли дигар, чун билети ҳарбӣ гирифт, ҳама дар қайди комиссариатҳои ҳарбӣ дар эҳтиёт боқӣ мемонанд, то 40 солагӣ.

Ҳама бояд хизмат кунанд. Ҳангоми муроҷиат ба ҳама сохторҳои давлатӣ ва фурӯдгоҳҳо ҳатман бояд билети ҳарбӣ ё гувоҳномаи комиссариати ҳарбиро пешкаш намоянд. Инро вориди қонун кардан лозим.

Ду сол пеш ҳафтавори «Пайк» як нафар кормандашро ихтиёрӣ ба сафи артиш равон кард. Хизматро адо карда омада гуфт, ки дар ду сол ҳамагӣ 6 тири автомат паррондааст. Ду соли умраш беҳуда гузашт, на ягон касб омухт на тарбияи ватандустӣ гирифт ва на малакаи ҳарбӣ. Дар 6 моҳи пешниҳодкардаи мо бошад, хизматчӣ бояд фақат ҷанг омӯзад, подабонӣ накунад, ҷуфту хишова накунад, барои командирон пул набарад.

2. Ротаҳои корӣ таъсис додан лозим. Хизмат дар ин ротаҳо ихтиёрӣ бояд бошад. Барои пайдо шудани ихтиёриён, ба ин хизматчиён моҳона додан лозим. Масалан 2000 сомонӣ маошаш бошад, 500 сомонӣ ба суратҳисоби артиш гузарад, 1500 сомонӣ ба суратҳисоби худи хизматчӣ. Баъди 1 сол ё 2 соли хизмат, (вобаста ба хоҳиши худаш) хизматчӣ билети ҳарбӣ гирад.

Ҳоло сохтмонҳо зиёданду коргарон намерасанд, аз ин ҳисоб метавон бо як тир чанд нишон зад.

Аз ин зиёд пешниҳодҳо намекунам. Бовар надорам Вазорати дифоъ қабули ин 2 пешниҳодро ҳам ба ту тавсия диҳанд, чунки гумон мекунанд ман, як журналистак обуруйи муфт меёбам. Бало ба сари обуруйи ману сад чун ман, обуруйи ватанро бихаред!

Бале, ин ду пешниҳод дар дунё собиқа надорад, аммо мо миллати ориёием, бигзор дигарон аз мо омӯзанд.

Додари азиз, Рустами Эмомалӣ, ҳоло ту вазифадорӣ, ки обурӯйи падарат ва ватанатро бо қабули ин ду пешниҳод ё роҳи дигар бихарӣ. Атрофиёнат гуфтанд, ки ту хеле ҷавони ҷасур ва бофаҳму боидрокӣ. Ба дуқад шудану тамаллуқкорӣ кардани баъзе аз масъулин фирефта нашав, эҳтиром фақат дар ин нест! Инҳо дар асл санг дар бағал доранд, ба шумо некӣ намехоҳанд.

Шахсан ман ва тими «Пайк» имрӯз ва дар оянда мехоҳем бо ту кор кунем, ватан обод созем ва дастовардҳои абармардони собиқ ва падари арҷманди туро ҳифз созем, фақат имрӯз нагузор, ки ватани ману ту шарманда шавад.

Бо эҳтироми хосса, Аҳмади Иброҳим, сармуҳаррири ҳафтавори «Пайк»

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button