ВидеоҲуқуқи инсонҶомеа

ҶАВОНЕ, КИ ДАР ДАРУНИ ТРАНСФОРМАТОР ДАР “ВОДОНАСОС” ҲАЛОК ШУД, КӢ БУД?

Милитсияи шаҳри Душанбе рӯзи 14 май дар як баёнияи алоҳида “облава” будани ҳодисаи марги як марди шахсияташ номаълум дар даруни трансформатор дар назди бозори “Варзоб” дар маҳаллаи “Водонасос” дар шимоли пойтахти Тоҷикистонро рад карда, аз сокинон хостаанд, барои муайян кардани шахсияти марди ҳалокшуда ба милитсия кумак расонанд. Қаблан расонаҳо аз қавли шоҳидон хабар доданд, ки рӯзи 12 май як марди ҷавон ғолибан ба хотири фирор аз “облава” ба даруни трансформатори нирӯи барқ даромадааст, вале барқ ӯро чунон ба шиддат задааст, ки ӯ дар ҷои ҳодиса ҷон бохтааст. Вале милитсия пойтахт гуфт, Душанбе нақшаим даъватро алакай иҷро кардааст ва зарурате барои “облава” боқӣ намондааст.

РВКД Душанбе дар сомонааш хабар дод, ки “санаи 12-уми майи соли 2022 дар асоси хабари қисми навбатдорӣ гурӯҳи фаврӣ-тафтишотии милитсия ба кӯчаи Ҳ.Ҳакимзода назди бозори ҶДММ «Варзоб» сафарбар гардиданд, ки дар натиҷа, ҷасади шахсияташ номаълум, зоҳиран марди тақрибан 35-40 сола, бе аломатҳои марги маҷбурӣ дар назди трнсформатор дарёфт гардид. Зимни азназаргузаронӣ муайян карда шуд, ки номбурда аз шиддати қувваи барқ ба ҳалокат расидааст”.

Бино ба иттилои милитсия, қади марди ҳалокшуда 165 сантиметр буда, мӯйи сараш зардина аст. Ӯ дар тан шими ҷинси кабуд доштааст.

Милитсияи Душанбе аз шаҳрвандон хостааст, барои муайян намудани шахсияти ҷасад ба мақомоти милитсия кумак намоянд.
“Мутаассифона, баъзе аз расонаҳо ҳодисаи мазкурро ба падидаи ниҳоят номатлуби ба истилоҳ «облава» рабт додаанд, ки комилан хабари беасос ва носаҳеҳ мебошад. Расман шаҳри Душанбе нақшаи даъвати баҳориро пурра ба анҷом расонида, сафарбаркунӣ ба хизмати ҳарбӣ дар пойтахт хотима ёфтааст.  Вобаста ба ин Раёсати ВКД дар ш.Душанбе аз шаҳрвандон хоҳиш менамояд, ки барои муайян намудани шахсияти ҷасад ба милитсия кумак намуда, ба ҳар гуна ахбору иттилои носаҳеҳ эътимод накунанд”, – гуфта мешавад дар иттилоия.

Рӯзи 13 май сомонаи Рressa.tj бо истинод ба як шоҳиди ҳодиса хабар дод, ки рӯзи 12 майи соли 2022 як ҷавон дар маҳаллаи “Водонасос” дар шимоли шаҳри Душанбе ҳангоми гурехтанаш аз “облава” дар дохили трансформатор ҷон додааст.

Кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар маҳаллаи маъруф ба “Водонасос”-и шаҳри Душанбе ҳангоми “облава” боиси марги як ҷавон шудаанд”, – навишт ин нашрия.

Ба иттилои Pressa.tj,  ин ҷавон дар пайгарди кормандони ҳифзи ҳуқуқ қарор гирифта, ҳангоми фирор ба дохили як трансформатор, ки дараш ба далелҳои номаълум боз будааст, даромада, хостааст, ки онҷо пинҳон шавад, вале шиддати барқ нобудаш кардааст. Хонандаи Pressa.tj  гуфтааст, ин ҳодисаро мардум мушоҳида кардаанд.

Диловар Баротзода, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ марги як нафарро дар дохили трансформатор тасдиқ, вале қурбонии “облава” шудани ӯро рад кардааст. Баротзода ҳодисаро чунин шарҳ додааст: “Ҳодиса нисфирӯзии 12-уми май дар кӯчаи Гагарин, назди бозори  “Варзоб” рух дод. Марди тақрибан 30-35-сола, ки мувофиқи маълумоти ба мо расида, ӯ бомж (одами бидуни ҷои зисти муайян) аст,  аз беэҳтиётӣ вориди трансформатор шуда, фавтидааст. Ҳоло шахсияти вайро маълум карда истодаем”.
Чанд шоҳид ба “Азия Плюс” ҳам гуфтаанд, ки ҳодиса мисли фирори як ҷавон аз “облава” ба назар меомад. Вале як намояндаи бозори “Варзоб”, ки ин ҳодиса дар назди ҳамин бозор рӯй дод,  ба “Азия Плюс” гуфтааст, баробари рух додани ин ҳодиса, “ду зани иғвогар ба наворбардории ҳодисаи рухдода шурӯъ карданд ва мехостанд нишон диҳанд, ки ин ҳодиса бар асари “облава”рух додааст. Дарҳол кормандони интизомӣ онҳоро  аз ҷои ҳодиса дур карда, телефони онҳоро гирифта, онҳоро бо худ бурданд».

Ин ҳодиса дар ҳоле рух дод, ки дар Тоҷикистон мавсими баҳории даъват ба саффи артиши Тоҷикистон идома дорад. Ин маъракаҳо ҳар дафъа ҳамроҳ бо сели гузоришҳо дар бораи “облава”, яъне маҷбуран дар кӯчаю бозорҳо доштану ба комиссариатҳои ҳарбӣ бурдани ҷавонон сурат мегирад. Мавсими кунунии даъват ба артиш низ истисно набуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button