Дин ва боварҳо

ЯК ЗАНРО ДАР ДУШАНБЕ БАРОИ ҶОДУГАРӢ 2560 СОМОНӢ ҶАРИМА БАСТААНД (АКС)

Зане, ки ҳамаро фол мекушоду гӯё ояндаашонро медид, худ нофаҳмида монд, ки чӣ гуна кормандони милитсия худашро дастгир карданд. Кӯрхатҳои ӯ на кормандони милитсия  асар карду на ба додгоҳе, ки ин занро барои сеҳру ҷодугарӣ ва фолбинӣ ҷарима баст…

Маркази матбуоти РВКД Душанбе  рӯзи 14 майи соли 2022 xабар дод, ки як зани 66-солаи сокини маҳаллаи Гулпарвари ноҳияи Фирдавсиро барои машғул шудан ба сеҳру ҷоду ба маблағи 40 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 2560 сомонӣ (ё тақрибан 220 доллар) ҷарима бастаанд.

Гуфта мешавад, кормандони шуъбаи корҳои дохилии №1 дар ноҳияи Шоҳмансур зимни як амалиёт муайян намуданд, ки шаҳрванд Бекмуродова Ҳабиба Гуловна, санаи таваллудаш 07.01.1956, истиқоматкунандаи ноҳияи Фирдавсӣ, маҳаллаи Гулпарвар дар манзили истиқоматии худ ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ машғул аст.
Милитсияи Душанбе дар шарҳи ин қазия мегӯяд: “Дар асл Бекмуродова Ҳабиба саводу дониши тиббӣ надошта, маҳз ба хотири қонеъ сохтани эҳтиёҷоти молиявии худ ва ба даст овардани маблағ ба ин кор машғул будааст. Ӯ бо истифода аз ҳар гуна ашё, аз қабили шамъу ришта ва испанду об гӯё ба дарди шаҳрвандон даво мебахшида бошад, онҳоро сеҳру ҷоду ва фолбинӣ намуда, бар ивази ин амали худ маблағи муайяне меситонидааст. Аз ҷумла, зимни азназаргузаронии манзили истиқоматии номбурда як қатор ашё, ки барои анҷоми сеҳру ҷоду истифода мебурд, ҳамчун далели шайъӣ дарёфту мусодира карда шуд”.
  Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати шаҳрванд Ҳабиба Бекмуродова барои машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ бар асоси моддаи 482 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протокли маъмурӣ тартиб дода шуда, нисбаташ ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи 40-нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 2560-сомонӣ татбиқ карда шуд. Ҳамзамон Бекмуродова Ҳабибаро огоз кардаанд, ки минбаъд ба ин амал, яъне сеҳру ҷоду машғул нашавад.

 “Машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ яке аз амалҳои нописандидарин ба шумор меравад. Мутаассифона новобаста аз таъкидҳои ҳамешагӣ ҳастанд нафароне, ки ба чунин амал машғул шуда, бо роҳи фиреб аз шаҳрвандон маблағ мерӯёнанд”, – гуфта мешавад дар иттилоияи милитсияи пойтахти Тоҷикистон.

Дар Тоҷикистон аз соли 2006 фолбинӣ ва сеҳру ҷоду қонунан манъ карда шуда, барои он дар қонунгузорӣ ҷазоҳои маъмурӣ пешбинӣ шудааст. Вале аксари онҳое, ки ба чунин кор машғул буданд, ҳоло худро дар вазорати тандурустӣ ҳамчун “табиби халқӣ” сабти ном карда, ҳамчунон ба корашон идома медиҳанд.



Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button