ВидеоИқтисодНомаҳо ба президент

ДАВРИ ШУМО ГУЗАШТ! ҶАНҶОЛИ СОКИНОНИ РАШТ БО БАРОДАРИ РАИСИ СОБИҚИ ИН НОҲИЯ (ВИДЕО)

Ба дасти пойгоҳи хабарии “Бомдод” видеое расид, ки дар он лаҳзаи ҷанҷоли чанд сокинони ноҳияи Рашт бо одамони раиси собиқи ин ноҳия Қаноатшо Лоиқзода, аз ҷумла бо бародари раиси собиқ Идибек, сабт шудааст. Ин муноқиша рӯзи 10 май дар назди масҷиди деҳаи Порвоғ, зодгоҳи Лоиқзодаҳо сурат гирифтааст.

Дар сабт дида мешавад, ки аввал Идибек Лоиқзода бо Фарҳод Азизов, бародари фармондеҳи собиқ ва ҳоло зиндонии Иттиҳоди нирӯҳои мухолифин Сайриддин Азизов вориди баҳси лафзӣ мешавад. Фарҳод Азизов Лоиқзодаҳоро чанд вақт боз ба он айбдор мекунад, ки ҳамаи чарогоҳҳои воқеъ дар кӯҳҳои атрофи деҳаро “хусусӣ” карда гирифтаанд ва сокинони дигар, аз ҷумла худи ӯ, ки 170 сар чорвои хурду 20 сар чорвои калон ва чанд сар асп доштааст, имкони чаронидани чорвояшонро надоранд.

Идибек Лоиқзода исрор мекунад, ки Фарҳод Азизов “занам 3 талоқ!” гуфт, қасам бихӯрад, ки ӯро дашном надодааст. Вале Азизов мегӯяд, ки ман ҳақорат кардам, ва Валлоҳ, хубатон кардам! Лоиқзода сипас мепурсад, ки чаро ӯро дашном дод? Фарҳод Азизов посух медиҳад, ки барои заминҳои чарогоҳи мардумро кашида гирифтанат. Лоиқзода мепурсад, ки заминҳои шуморо кӣ гирифт? Фарҳод Азизов посух медиҳад, ки ту ва бародарат (манзураш раиси собиқи ноҳияи Рашт Қаноатшо Лоиқзода). Дар пайи ин ҳарду бо якдигар бо лаҳни хеле тунд афтударафти лафзӣ мекунанд, ки идораи “Бомдод” аз нашри лаҳзаҳои пур аз дашномаш худдорӣ мекунад.

Қисмати дигари видео сабти ҷараёни баҳси лафзии Фарҳод Азизов бо  Анвари Дониёр ном нафаре аз одамони Лоиқзода аст, ки ба гуфтаи сокинони Порвоғ, Анвари Дониёр рамаву подаи чорвои бешумори Лоиқзодаҳоро бонӣ мекунад.

Сокинони Порвоғ Қаноатшо Лоиқзодаро ба он айбдор мекунанд, ки соли 2018, вақте раиси ноҳияи Рашт буд, беш аз 1000 гектар замини чарогоҳи умумии мардумро ба хоҷагии деҳқонии “Абдухолиқ”, ки ба номи ҳамсари бародари Лоиқзода Мойнисо Сӯфиева гузарондааст. Лоиқзодаҳо баъди ин ба сокинон иҷозати дар ин заминҳо чаронидани чорвояшонро надодаанд.

Соли 2020 Қаноатшо Лоиқзода аз мақоми раиси ноҳияи Рашт барканор карда шуд ва роҳбарони нави ноҳия дар пайи шикояти 190 нафар аз сокинон ба Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон муроҷиат карда, хостори ба сокинон баргардондани чарогоҳи умумиашон шуданд.

Дар аввали соли 2022 Додгоҳи олии иқтисодӣ  қарори Лоиқзодаро аз соли 2018 бекор кард ва ба хулосае расид, ки ҳамон 800 гектар замине, ки соли 2015 ба хоҷагии “Абдухолиқ” дода шуд, барои чаронидани чорвои ин хоҷагӣ кифоят мекунад ва 1000 гектар чарогоҳи умумиро бояд ба мардум баргардонад.

Вале бо гузашти 5 моҳ аз судури ин қарор Лоиқзодаҳо то ҳол чарогоҳро ба мардум барнагардондаанд ва дар ин замина байни онҳо ва сокинон пайваста ҷанҷолҳо рух медиҳанд, ки сабти якеашро инҷо нашр мекунем.

Лоиқзодаҳо исрор меварзанд, ки ҳаққи касеро аз худ накардаанд ва ҳамаи кори анҷомдодаашон дар чорчӯби қонун буд. Вале ончӣ ки ба сари Лоиқзодаҳо омад, як ҳақиқатро бори дигар бармало мекунад, ки ҳеҷ мансабу мақом доимӣ нест ва ҳар соҳибмансаб бояд вақти сари мансаб буданаш фикри он рӯзеро кунад, ки аз мақом канор меравад ва он вақт оё чӣ гуна ба рӯи мардум нигоҳ хоҳад кард?

Чунин аст расми сарои дурушт:

Гаҳе пушт ба зину гаҳе зин ба пушт.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button