ВИДЕО АЗ ҶОИ ҲОДИСА: СЕЛИ ХАРОБИОВАР ДАР ҶАМОАТИ МОҒИЁНИ ПАНҶАКЕНТ

Санаҳои 9-ум ва 11-уми май дар баъзе деҳаҳои ҷамоати деҳоти Моғиёни шаҳри Панҷакент борони пуршиддат ва жола рехта ба хоҷагиҳои кишоварзии мардум хисорот ворид кардааст.
Сокинони ин ҷамоат мегӯянд, хушбахтона ,талаботи ҷониву молӣ нарасидааст, вале заминҳои кишти онҳо зарари ҷиддӣ дидаанд. Ҳамчунин чанде аз роҳҳо тахриб шудаанд.
Тайи чанд рӯзи охир дар минтақаҳои алоҳидаи кишвар омадани сел ба қайд гирифта шудааст.
Ин дар ҳолест, ки Агентии обу ҳавошиносии Тоҷикистон чанд рӯзи охир ҳавои номусоидро дар Тоҷикистон пешгӯӣ кардааст. Гуфта мешавад, боришот дар кишвар дастикам то 16 май давом мекунад ва дар ин рӯзҳо фурӯ рехтани селу обхезӣ, ярчу сангрезу тарма ва дигар офатҳои табиӣ низ аз эҳтимол дур нест.
Рӯзи 11 май сели шадид пули роҳи Исфара Ворухро дар мавзеи Тангии Сурх дар ҳудуди деҳаи Сурх канда бурд.
Дар бораи ба мардум зарари зиёд расондани сел дар дигар минтақаҳои Тоҷикистон низ гузоришҳо ба даст мерасанд.
Аз ҷумла ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, нимаи дуюми рӯзи 12 май, соати 17:33 боди шадид бом як хонаро дар ноҳияи Рӯшон кардааст. Хушбахтона, касе осеб надидааст.
Ба иттилои Кумита, селу обхезиҳо, 7 ҳавлиро дар маҳаллаҳои Лангар, Хелесон ва Ибод Файзулоеви ҷамоати Чоркӯҳи Исфара хери об монда, 350 метр канали селгузари Лангар ва канали Мастчоҳ дар деҳаи Хоҷаи Аълоро хароб кардааст. Сел ҳамчунин роҳи маҳаллаи Таги Саддаро дар ҷамоати Сурх муваққатан масдуд кард. Ҳоло ин роҳ тоза карда шуда, ҳаракати нақлиёт барқарор гардидааст. Хушбахтона, дар ин офатҳо касе осеб надидааст.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда гуфт, дар деҳаҳои Хурмӣ, Пули Гирдоб, Ғезан, Сӯҷина ва Косатарош (ҷамоатҳои Моғиён ва Косатарош) дар канори шаҳри Панҷакент низ сел омада, таҳхонаи манзилҳои се сокини маҳаллаи Зарафшони деҳаи Сӯҷина ва ду манзил дар деҳаи Чорбоғи ҷамоати Косатарошро об зер кардааст. Хушбахтона, дар ин офатҳо низ касе осеб надидааст.

