ВидеоМуҳоҷирон

ТАҲДИДИ ТО 15 СОЛИ ЗИНДОН БА РОНАНДАИ ТОҶИК ДАР РУСИЯ БАРОИ МАРГИ ДУ НАФАР ДАР ЯК САДАМА ДАР ҲОЛАТИ МАСТӢ

Додситони шаҳри Брянски Русия бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ парвандаи як шаҳрванди 56-солаи Тоҷикистонро барои баррасӣ ба додгоҳи шаҳри Дятково супурдааст. Муҳоҷири тоҷик бар асоси моддаи 264, қисми 6, банди “а” Кодекси ҷиноятии Русия ба вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ки аз беэҳтиётӣ сабаби марги ду нафар шудааст, айбдор мешавад. Ба ӯ бар асоси ин банди қонун то 15 соли зиндон таҳдид мекунад.

Бино ба фарзияи тафтишот, шаби 28 августи соли 2021, тақрибан соати 22:30, шаҳрванди Тоҷикистон, ки мошини тамғаи “Шевроле Круз”-ро  дар роҳи Дятково- Битош – Будочки дар ҳолати мастӣ ва бо суръати баланд меронд, ба самти муқобили ҳаракат баромада, ба мошини тамғаи “Мазда 6” бархӯрдааст. Дар натиҷа, ронанда ва як зани мусофири “Мазда” ба ҳалокат расиданд.

Дар ин бора рӯзи 13 майи соли 2022 дар сомонааш додситонии вилояти Брянск хабар дод.

Дятково тақрибан дар 45-километрии шимоли Брянск ҷойгир шудааст.

Бино ба омори расмии ФСИН – Хадамоти федеролии зиндонҳои Русия, то аввали соли 2021 дар зиндонҳои ин кишвар беш аз 7 ҳазор нафар аз зодагони Тоҷикистон адои ҳукм мекарданд ва беш аз 1200 муҳоҷири дигари тоҷик дар боздоштгоҳҳои Русия таҳти тафтиш қарор доштанд.

Бар асоси ҳисобҳои ғайрирасмӣ, тақрибан чоряки ин зодагони Тоҷикистон  дар Русия барои ҷиноятҳои марбут ба вайрон кардани қоидаҳои будубош, асосан барои тақаллуби аснод, маҳкум ба зиндон шудаанд. Тақрибан чоряки дигар аз ин 7 ҳазор зиндонии тоҷик барои ҷиноятҳои марбут ба қочоқи маводи мухаддир пушти панҷара рафтаанд. Вале дар байни тоҷикистониҳои дар Русия зиндонишуда онҳое ҳам ҳастанд, ки барои даст доштан дар садамаҳои марговар ва ҷиноятҳое, чун дуздӣ, ғоратгарӣ ва куштор маҳкум шудаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button