ВидеоИқтисодМуҳоҷирон

“СОМОН ЭЙР” АЗ 16 МАЙ АЗ ДУШАНБЕ БА ФУРУДГОҲИ ВНУКОВО ҲАМ ПАРВОЗ МЕКУНАД

Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” парвозҳоро аз Душанбе ба фурудгоҳи Внуковои шаҳри Москва роҳандозӣ менамояд. Хадамоти матбуоти ягона ширкати ҳавопаймоии фаъоли Тоҷикистон рӯзи 13 майи соли 2022 хабар дод, ки шурӯъ аз 16-уми май ҳамарӯза як парвоз (SZ 333-334) дар масири Душанбе-Маскав ба фурудгоҳи Внуково ва як парвози дигар (SZ 201-202) аз Душанбе ба фурудгоҳи Домодедово анҷом дода мешавад. Қаблан ҳарду парвози хатсайри Душанбе – Маскав ба фурудгоҳи Домодедово сурат мегирифт.

 Тибқи ҷадвали парвозҳо, хатсайри SZ 333 аз Душанбе 08:00 ба вақти маҳаллӣ парвоз намуда, соати 10:25 вақти Маскав дар фурудгоҳи Внуково фуруд меояд. Дар самти баргашт соати парвоз аз Внуково 11:45 ва фуруд дар Душанбе 17:35 ба вақти маҳаллӣ муқаррар шудааст. Вақти парвози хатсайри SZ 201-202 Душанбе – Москва (Домодедово) – Душанбе ҳамоно бетағйир боқӣ мемонад.

 Парвозҳо дар ҳавопаймоҳои Boeing 737-800 анҷом дода мешаванд. Маълумоти бештар ва чиптаҳои парвоз дар сомонаи ширкат, хазинаҳои чиптафурӯшӣ ва маркази маълумотдиҳиву чиптафурӯшии ширкат дастрас мебошанд.

Дар сомонаи расмии “Сомон Эйр” нархи чиптаи парвоз аз Душанбе то Маскав 367 евро (ҳудуди 4800 сомонӣ) ва аз Маскав ба Душанбе қариб 3 маротиба арзонтар – 130 евро (наздики 1700 сомонӣ) нишон дода шудааст.

Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” хотиррасон кардааст, ки мусофирони ба Федератсияи Россия сафаркунанда, ба истиснои шаҳрвандони Россия, бояд шаҳодатномаи ПСР-тестро бо натиҷаи манфии санҷиши COVID-19, ки давоми 48 соати пеш аз ворид шудан ба қаламрави Русия дода шудааст, пешниҳод намоянд.

Ҳамзамон ширкат ёдрас кардааст, ки аз 15.03.2022 вуруди мусофирон аз кишварҳои ИДМ ба қаламрави Тоҷикистон бо пешниҳоди гувоҳномаи ваксинатсия иҷозат дода шудааст. Дар ҳолати надоштани гувоҳномаи ваксинатсияи пурра ва ё қисман мусофирон бояд шаҳодатномаи гузаштани ПСР-тестро бо натиҷаи манфии санҷиши COVID-19, ки ба мӯҳлати 72 соат эътибор дорад, пешниҳод намояд. Кӯдакони то 3-сола аз пешниҳоди ПСР-тест озод мебошанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button