ВидеоИқтисодХабарҳои кӯтоҳ

ҲУШДОР: БОРИШОТ ДАР ТОҶИКИСТОН ТО 16 МАЙ ДАВОМ МЕКУНАД

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон  рӯзи 13 май истинодан ба Агентии ҳавошиносии ҷумҳурӣ  с сокинонро дигарборааз ҳавои номусоиди рӯзҳои 14-15-уми май огоҳ кард. Бино ба пешбинии ҳавошиносон, тайи ин ду рӯз дар қаламрави кишвар (ба истиснои ВМКБ) боронҳои пуршиддат пешбинӣ карда мешаванд, ки  ин боришот метавонад зиндагиро дар баъзе манотиқ ба мушкил рӯбарӯ сохтаву сатҳи обро дар рӯдхонаҳо боло барад.

Гуфта мешавад, аз 13-уми май ва то рӯзи 16-уми май боронҳо дар маҳалҳои ҷудогонаи баъзе ноҳияҳои кӯҳии вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеъи марказ метавонад сабабгори омадани селҳо шаванд. 

Боронҳо дар минтақаҳои кӯҳиву наздикӯҳӣ, талу теппаҳо ҳамчунин метавонанд боиси аз ҷои худ канда шудани заминҳо, канда шудани садҳои зидди сел, хароб шудани пулҳои мошингузару одамгузар шаванд. Ҳавои номусоид чорвочарониро низ мушкил мекунад.

Болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳо ва обхезиву селҳо метавонанд боиси зери об мондани киштзор ва зироатҳои кишоварзӣ гардад. 

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда сокинон ва меҳмонони кишварро ҳушдор медиҳад, ки дар чунин рӯзҳо аз сафарҳои безарурат бо роҳҳои кӯҳӣ худдорӣ кунанд. Рафтан ба шикор, ғунучини ҳезум ва рустаниҳои дорувор, занбӯруғҳо ва ё рафтан ба соҳили кӯлу обанборҳо барои моҳидорӣ  низ ба сокинону меҳмонони Тоҷикистон маслиҳат дода намешавад. 

Кумита аз мақомоти маҳаллӣ хоҳиш мекунад ба хотири пешгирӣ аз хатари селҳо сари вақт дар минтақаҳои осебпазир ҳашарҳои умумихалқӣ ташкил кунанд ва ҷӯю каналу селроҳаҳои наздики маҳалҳои истиқоматро аз ҳар гуна сангу сангреза ва хасу хасрубаҳо тоза намоянд. 

Кумита ба хотири пешгирӣ аз ҳодисаҳои нохӯш дар роҳҳо аз ронандагон бо эҳтиром хоҳиш мекунад, қоидаҳои ҳаракатро ҷиддан риоя намоянд. Бахусус дар соатҳои боронӣ аракат дар роҳҳо мушкил аст ва боло бурдани суръати ҳараат ҳамеша хатар дорад.

Тайи рӯзҳои ахир дар манотиқи гуногуни Тоҷикистон даҳҳо селу обхезии харобиовар рӯй дод, ки ба хоҷагиҳо зарари зиёд расонд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button