ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ДАР КОМБИНАТИ НОБИНОЁНИ ҲИСОР ДАСТИ НОНПАЗ ДАР МОШИНИ ХАМИРШӮРӢ ДАРМОНДААСТ (2 АКС)

Дар Ҳисор як ҳодисаи нохуш рух додааст. Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 12 майи соли 2022, соати 09:30  ба қисми навбатдории КҲФ раиси маҳаллаи “Ҳаёти нав”-и ҷамоати деҳоти Ҳисор занг зада, хабар дод, ки ҳангоми кор бо дастгоҳи хамиршӯрӣ дасти нонпази 36-солаи комбинати “нобиноён” дар он дармондааст.

Барои расонидани кӯмаки фаврӣ дастаи имдодгарони Кумита ба ҷойи ҳодиса равон карда шуданд. Онҳо бо ёрии техникаи махсус дасти дар таҷҳизот дармондаи нонпазро раҳо карданд.

Наҷотдиҳандагон ба ҷабрдида ёрии аввалияи тиббӣ расонданд ва баъдан ӯро фавран ба бемористони шаҳри Ҳисор интиқол доданд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда гуфт,нонпаз вақти кор ба қоидаҳои бехатарии истифода мошини хамиршӯрӣ риоя накардааст.

Маҳаллаи Ҳаёти нав, маъруф ба маҳаллаи Қориҳо, дар тақрибан дукилометрии ҷануби шаҳри Ҳисор ва 25-километрии ғарби пойтахти Тоҷикистон, шаҳри Душанбе ҷойгир шудааст. Аз замони СССР дар ин маҳалла асосан шаҳрвандони нобино кору зиндагӣ мекарданд. Дар инҷо барои онҳо ҳанӯз дар даврони Шӯравӣ мактаби махсуси нобиноён ва барои бо кор таъмин кардани ин оилаҳои осебпазир як комбинати махсуси нобиноён ташкил карда буданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button