ВарзишВидеоРӯйдодҳои БадахшонҲуқуқи инсон

ЧОРШАНБЕ ЧОРШАНБИЕВ БА 8 СОЛУ 6 МОҲИ ЗИНДОН МАҲКУМ ШУД

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Чоршанбе Чоршанбиев, варзишгари муҳорибаҳои омехтаро ба 8 солу 6 моҳи зиндон маҳкум кард.

Радиои Озодӣ хабар дод, ки ҳукми додгоҳ бегоҳи 13-уми май дар толори мурофиаҳои додгоҳии Боздоштгоҳи №1 дар маркази шаҳри Душанбе содир шуд. Бино ба ин манбаъ, додгоҳ варзишгарро дар “даъват ба сарнагунии ҳокимият” айбдор кардааст, вале худи Чоршанбиев ба ҳукм норозигӣ кардааст.

Айбдоркунандаи давлатӣ барои Чоршанбиев 10 соли зиндон талаб кардааст. Ба гуфтаи манобеи огоҳ аз парванда, рӯзи 13-уми май вакилони дифои Чоршанбиевро барои шинос шудан ба хулосаи ташхис даъват карданд.

“Вакилон намедонистанд, ки мурофиа мешавад. Вақте онҳо ба бинои Боздоштгоҳ даромада бо хулосаи ташхис шинос шуданд, додрас мурофиа эълон кардааст. Ба ғайр аз адвокатҳо, ягон хешу табори Чоршанбе, дар мурофиа ширкат надоштанд,”—гуфтааст манбаи Озодӣ.

Вакилони дифоъ баъди баромадан аз мурофиа ба хабарнигорон гуфтанд, Чоршанбиев аз додгоҳ хост, сухани охирини ӯро ба рӯзи дигар гузаронанд, то падараш ҳам ширкат кунад. Аммо ба гуфтаи вакилони дифоъ, додрас ин дархостро рад кард.

Варзишгар гуфтааст, ҳукмро қабул надорад. Пайвандону ҷонибдоронаш низ боздошту маҳкум шудани ӯро ноодилона медонанд.

Чоршанбе Чоршанбиев 26 сол дошта,  зодаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва  яке аз ситораҳои варзиши поп-ММА, як навъи ҷангҳои бидуни қоида аст. Ӯ солҳои охир дар Русия зиндагӣ ва ҳунарнамоӣ мекард. Рӯзи 3 декабр, ҳамагӣ чанд рӯз баъди изҳори назараш дар бораи ҳодисаҳои Бадахшон, Чоршанбе Чоршанбиев  дар Маскав аз ҷониби кормандони ГИБДД (собиқ ГАИ) бо иттиҳоми дар тобистони соли гузашта бидуни ҳуҷҷати ронандагӣ ва суғуртаи ОСАГО бо суръати баланд рондани мошин боздошт шуд.  Додгоҳи ноҳияи Останкино билофосила ҳукми ихроҷи ӯро баровард ва Чоршанбиевро алакай рӯзи 30 декабр ба Душанбе фиристоданд.

Парвандаи Чоршанбиев асосан бар пояи видеоест, ки ӯ дар он дар вокуниш ба ҳалокати Гулбиддин Зиёбеков ва чанд сокини дигари Бадахшон дар ҳодисаҳои моҳи ноябри соли 2021 мегӯяд, “бояд бар зидди беадолатӣ эътироз карда, ҳамаи афроде, ки дар марги мардуми бегуноҳ даст доранд, ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.”

Мақомот бар асоси ин навор варзишгарро ба даъват ба тағйири сохти давлатдорӣ айбдор карданд. Вале ӯ ин иттиҳомро рад карда, гуфта буд: “Ман ягон мақсади даъват ба ғасби базӯрии ҳукумат надоштам. Ман  танҳо ба ҷавобгарӣ кашондани гунаҳкоронро талаб карда будам.”

Тарафдоронаш истирдоди ӯ аз Русия ва ҳабсаш дар Душанберо интиқом барои изҳори назарҳояш дар бораи рӯйдодҳои Бадахшон мешуморанд. Мухолифонаш Чоршанбиевро ба он айбдор мекунанд, ки як замон аз тоҷик ном бурданаш ор мекард ва дар ҳаққи тоҷикҳо носазо мегуфт. Вале ӯ тобистони соли 2021 дар як видео барои он суханонаш узр хоста, махсус бо парчами Тоҷикистон акс гирифт ва гуфт, аз ин ба баъд дар мусобиқаҳо аз номи Тоҷикистон ба майдон хоҳад баромад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button