ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонМинтақа ва ҷаҳон

БОЗДОШТИ 11 ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН АЗ СӮИ МАҚОМОТИ АМНИЯТИИ ҚИРҒИЗИСТОН

Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон 13 майи соли 2022 хабар дод, ки дар шаҳри Сулуктуи вилояти Бодканд 11 шаҳрванди Тоҷикистонро бо иттиҳоми убури ғайриқонунии марз ва фаъолияти ғайриқонунӣ дар як анбори ангишти ин минтақа дастгир кардаанд.

Маркази матбуоти КДАМ Қирғизистон гуфт, кормандони кумитаи амният дар ҷараёни чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯӣ дар бар мавриди роҳҳои муҳоҷирати ғайриқонунӣ маълумот гирифтанд, ки дар яке аз анборҳои ангишти шаҳри Сулукту як гуруҳи шаҳрвандони Тоҷикистон ғайриқонунӣ кор мекунанд. Дар натиҷа, рӯзи 29 апрел кормандони амният дар ин анбор 11 сокини деҳаи Қӯрғогнчаи ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғди Тоҷикистонро дастгир карданд.

Ин 11 нафарро дар боздоштгоҳи КДАМ Қирғизистон ба ҳабси пешакӣ гирифта, нисбат ба онҳо бар асоси моддаи 378 Кодекси ҷиноятии он кишвар бо иттиҳоми убури ғайриқонунии марз парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Ба онҳо бар асоси ин банди қонун ҷарима ба маблағи аз 500 то 1000 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ё корҳои ислоҳӣ ба муҳлати аз 1 то 3 сол ва ё то 2 соли зиндон таҳдид мекунад. Тафсилоти дигари қазия дастрас нест.

Ҷониби Тоҷикистон боздошти шаҳрвандонаш дар Қирғизистонро ҳанӯз шарҳ надодааст.

Сулукту (Сулюкта) бо ноҳияи Ҷаббор Расулов ҳамсарҳад буда, яке аз марказҳои бузургтарини истеҳсоли ангишт дар Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Дар гузашта бахши аъзами ангишти дар Сулукту тавлидшуда тавассути истгоҳи роҳи оҳани Пролетарски воқеъ дар ҳудуди ноҳияи Ҷаббор Расулови Тоҷикистон бароварда мешуд.

Боздошти 11 сокини Тоҷикистон дар Сулукту дар ҳолест, ки равобити Қирғизистону Тоҷикистон дар солҳои ахир давраи пуртанишеро паси сар мекунад.

Бо гузашти 30 сол аз суқути СССР, аз 983 километр марзи Тоҷикистону Қирғизистон то кунун  ҳудуди 330 километраш таъйин ва аломатгузорӣ нашудааст. Дар қитъаҳои баҳсӣ, ки асосан дар марзи ноҳияҳои Бодканду Лайлаки Қирғизистон бо ҷамоатҳои шаҳри Исфара ва  ноҳияи Ғафурови Тоҷикистон ҷойгир шудаанд, ҳар сари чанд вақт бар сари обу замину чарогоҳу роҳ муноқишаҳо рух медиҳанд.

Дар поёни моҳи апрели соли 2021 дар хунинтарин муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 55 нафар кушта ва 240 каси дигар захмӣ шуданд. Аз аввали соли 2022 дар чанд даргирӣ дар марзи ин ду кишвар 4 нафар аз ҷониби Тоҷикистон кушта шуда, беш аз 20 тани дигар аз ҳарду тараф ҷароҳат бардоштанд.

Қирғизистон марзаш бо Тоҷикистонро аз 20 майи соли 2021 билофосила баъди задухӯрдҳои хунин дар марзи ин ду кишвар барои равуои сокинону мошинҳо баст ва интиқоли маҳсулот низ байни ду кишвар расман манъ шудааст. Ҳарчанд Бишкек қарори бастани марзро ба пандемияи коронавирус рабт медод, вале мансабдорони қирғиз чандин бор изҳор доштанд, ки марзро тангҳо баъди ҳалли тамоми масоили марзӣ бо Душанбе аз нав хоҳанд кушод.

Хадамоти марзбонии Қирғизистон ахиран хабар дод, ки шоми 11 майи соли 2022, тахминан соати 20:30, дар мавзеи Қаровултеппаи ноҳияи Чон-Олойи вилояти Ӯш 8 шаҳрванди Қирғизистон – сокинони деҳаи наздимарзии Қарамиқ дар як мошини “Toyota-Estima” ғайриқонунӣ марзи Қирғизистон бо Тоҷикистонро убур карда, ба назди як воҳиди Қӯшунҳои марбонии Тоҷикистон рафтаанд ва бо онҳо вориди раддубадали лафзӣ, ё ба таъбири дигар, вориди “разбор” шудаанд.

 “Шаҳрвандони Қирғизистон, ки дар ҳолати мастӣ қарор доштанд, ба марзбонони тоҷик  дар масоили гуногун изҳори норозигӣ кардаанд. Бо шарофати амалҳои дуруст ва муназзами марзбонҳои қирғизе, ки дар он қитъаи марз хидмат мекарданд, шаҳрвандони Қирғизистонро ба қаламрави Қирғизистон баргардонда, ба кормандони милитсия супурданд”, – гуфта мешавад дар хабар.

Ҷониби Тоҷикистон то кунун ин қазияро шарҳ надодааст. Ноҳияи Чон-Олой бо ноҳияи Лахш (собиқ Ҷиргатол) дар водии Рашт ва қисман бо Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон ҳамсарҳад аст. Гузаргоҳи Қарамиқ дар марз бо ноҳияи Лахш ҷойгир шудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button