Хабарҳои кӯтоҳҶомеа

АЗ “ОБЛАВА” МЕГУРЕХТ? МАРГИ МАРМУЗИ ЯК ҶАВОН ДАР ДАРУНИ ТРАНСФОРМАТОР

Сомонаи Рressa.tj бо истинод ба як шоҳиди ҳодиса хабар дод, ки рӯзи 12 майи соли 2022 як ҷавон дар маҳаллаи “Водонасос” дар шимоли шаҳри Душанбе ҳангоми гурехтанаш аз “облава” дар дохили трансформартор ҷон додааст.

Кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар маҳаллаи маъруф ба “Водонасос”-и шаҳри Душанбе ҳангоми “облава” боиси марги як ҷавон шудаанд”, – менависад ин нашрия.

Ба иттилои Pressa.tj,  ин ҷавон дар пайгарди кормандони ҳифзи ҳуқуқ қарор гирифта, ҳангоми фирор ба дохили як трансформатор, ки дараш ба далелҳои номаълум боз будааст, даромада, хостааст, ки онҷо пинҳон шавад, вале шиддати барқ нобудаш кардааст. Хонандаи Pressa.tj  гуфтааст, ин ҳодисаро мардум мушоҳида кардаанд.

Барои маълум намудани асли воқеа нашрия бо сухангӯи ширкати “Барқи тоҷик” Нозирҷон Ёдгорӣ муроҷиат кардааст, вале ӯ аз қазия изҳори бехабарӣ кард.

Сипас Pressa.tj бо мақомоти ноҳияи Исмоили Сомонӣ, ки маҳаллаи “Водонасос” дар ҳудуди ин ноҳия дохил мешавад, тамос гирифтааст.

Диловар Баротзода, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ марги як нафарро дар дохили трансформатор тасдиқ, вале қурбонии “облава” шудани ӯро рад кардааст. Баротзода ҳодисаро чунин шарҳ додааст: “Ҳодиса нисфирӯзии 12-уми май дар кӯчаи Гагарин, назди бозори  “Варзоб” рух дод. Марди тақрибан 30-35-сола, ки мувофиқи маълумоти ба мо расида, ӯ бомж (одами бидуни ҷои зисти муайян) аст,  аз беэҳтиётӣ вориди трансформатор шуда, фавтидааст. Ҳоло шахсияти вайро маълум карда истодаем”.
Аммо, менависад Pressa.tj,  як суоли дигари матраҳ ин аст, ки чаро ин трансформатор дараш боз асту ҷони одамонро зери хатар мегузоранд?

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button