ВидеоТоҷикистонҶомеа

15 СОЛ ҲУКМИ ЗИНДОНИ СОКИНИ ФАЙЗОБОД БАРОИ СӮИҚАСД БА ҶОНИ РАИСИ МАҲАЛЛА

Коллегияи додгоҳӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 27 апрели соли 2022 Камолов Нуридин Тоҷидинович, сокини деҳаи Офтобрӯяи ҷамоати деҳоти Бӯстони ноҳияи Файзободро бо ҷурми сӯиқасд ба ҷони раиси ин деҳа Қурбоналӣ Давлатов  бар асоси моддаҳои 32, қисми 3-104, қисми 2 банди «д» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Точикистон ба 15 соли зиндони низомаш сахт маҳкум кардааст.

Маркази матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 13 май дар шарҳи ин парванда гуфт, тафтиши ин парвандаро додситонии ноҳияи Файзобод анҷом додааст.

“Дар рафти тафтишоти пешакӣ ва баррасии додгоҳӣ муайян карда шудааст, ки Камолов Н.Т. дар хусуси гузаронидани санҷиши риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарӣ аз сӯхтор» ва аз рӯи хусумати шахсӣ раиси маҳаллаи деҳаи Офтобрӯя, ҷамоати деҳоти Бӯстони ноҳияи Файзобод, Давлатов Қ.С.-ро дашномҳои қабеҳ намуда, бо табари хоҷагӣ ба қисмати пушти гардан ва бозуи дасти чапаш зарба зада, ба ӯ ҷароҳати вазнини ҷисмонии барои ҳаёт хафвнок расонидаааст. Минбаъд, дар натиҷаи эроди ҳамсараш Камолов Н.Т. аз идомаи амалҳои ҷиноятии худ даст кашидааст. Дар натиҷаи сари вақт аз ҷониби сокинони деҳа ба беморхона дастрас намудани Давлатов Қ.С. ва расонидани ёрии тиббӣ номбурда аз марг наҷот дода шудааст”, – гуфта мешавад дар иттилоияи додситонӣ.

Тафсилоти дигари ин қазия гуфта нашудааст, вале қаблан расонаҳо хабар дода буданд, ки ин ҳодисаи дар Тоҷикистон ангуштшумори сӯиқасд ба ҷони раиси маҳалла дар деҳаи Офтобрӯяи ноҳияи Файзобод рӯзи 24 октябри соли 2021 рӯй додааст.

Гуфта мешуд, ки он рӯз сокини Офтобрӯя Нуриддин Камолов ба раиси маҳалла Қурбоналӣ Давлатов, барои ҳамроҳӣ кардани маъмурони Хадамоти оташнишонии ноҳия, ки дар манзили зисти Камолов истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ бо асбобҳои худсохтро ошкор карданд, бо табар ҳамла кардааст. Дар пайи ҳамла раиси маҳалла аз гарданаш захм бардошта, дасташ низ шикастааст ва ӯро бо чунин аҳвол дар беморхонаи Файзобод бистарӣ кардаанд.

Шарофиддин Давлатов, писари Қурбоналӣ Давлатов ба Радиои Озодӣ  гуфта буд, он рӯз падараш аз рӯи қоида маъмурони идораи оташнишонии ноҳияро барои тафтиши манзилҳои зист ҳамроҳӣ карда буд. Ба гуфтаи ӯ, маъмурони Идораи оташнишонӣ дар хонаи ин сокини деҳа асбобҳои худсохти барқӣ пайдо кардаанд ва нисбат ба ин ҳолат санад тартиб додаанд.

“Ӯ он замон дар хонааш набудааст. Дертар меояд ва падарамро ба хонааш даъват кардааст. Меравад, ки ӯ бо табар пешвоз мегирад. Падарам гуфт, ки ҳеҷ дар ақлаш намеғунҷид, ки бо табар мезанад. Чанд табар мезанад, ки ду зарби табараш мерасад. Як зарб дар гарданаш ва зарби дигар устухони дасташро ду пора мекунад. Як нафар ӯро медорад, вагарна шояд мекушт”,–гуфт ӯ.

Раиси маҳалла дар Тоҷикистон як вазифаи ҷамъиятӣ буда, раисони маҳалла аз буҷаи давлат маош намегиранд, вале ба ниҳодҳои давлатӣ дар иҷрои вазифаҳояшон дар маҳал кумак мерасонанд.

Маъмулан, кормандони Хадамоти оташнишонӣ бо баҳонаи пешгирӣ аз сӯхтор дар манзилҳои зист санҷиш анҷом медиҳанд. Дар идораи оташнишонии ноҳияи Файзобод гуфтанд, ки дар хонаи Нуриддин Камолов ин сокини ноҳия печҳои худсохт пайдо шуда буд, ки барқро ғайриқонунӣ аз меъёр зиёд истифода мебурд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button