ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонМинтақа ва ҷаҳон

“РАЗБОР”-И 8 ҚИРҒИЗИ МАСТ БО МАРЗБОНҲОИ ТОҶИК ДАР НОҲИЯИ ЛАХШ (СОБИҚ ҶИРГАТОЛ)

Хадамоти марзбонии Қирғизистон хабар дод, ки шоми 11 майи соли 2022, тахминан соати 20:30, дар мавзеи Қаровултеппаи ноҳияи Чон-Олойи вилояти Ӯш 8 шаҳрванди Қирғизистон – сокинони деҳаи наздимарзии Қарамиқ дар як мошини “Toyota-Estima” ғайриқонунӣ марзи Қирғизистон бо Тоҷикистонро убур карда, ба назди як воҳиди Қӯшунҳои марбонии Тоҷикистон рафтаанд ва бо онҳо вориди раддубадали лафзӣ, ё ба таъбири дигар, вориди “разбор” шудаанд.

 “Шаҳрвандони Қирғизистон, ки дар ҳолати мастӣ қарор доштанд, ба марзбонони тоҷик  дар масоили гуногун изҳори норозигӣ кардаанд. Бо шарофати амалҳои дуруст ва муназзами марзбонҳои қирғизе, ки дар он қитъаи марз хидмат мекарданд, шаҳрвандони Қирғизистонро ба қаламрави Қирғизистон баргардонда, ба кормандони милитсия супурданд”, – гуфта мешавад дар хабар.

Ҷониби Тоҷикистон то кунун ин қазияро шарҳ надодааст. Ноҳияи Чон-Олой бо ноҳияи Лахш (собиқ Ҷиргатол) дар водии Рашт ва қисман бо Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон ҳамсарҳад аст. Гузаргоҳи Қарамиқ дар марз бо ноҳияи Лахш ҷойгир шудааст.

Бино ба иттилои ҷониби Қирғизистон, дар пайи қазияи ахир билофосила мулоқоти ёварони намояндагони ниҳодҳои марзбонии Қирғизистон дар самти Ӯш ва Тоҷикистон дар самти Лахш доир шуда, “дар ҷараёни он ҷонибҳо ҷиҳат дар оянда роҳ надодани ба чунин ҳодисаҳо, ҳамчунин ба таври фаврӣ ҳал кардани ҳар тағйироти пешомада дар марз тавофуқ кардаанд”.

Бо гузашти 30 сол аз суқути СССР, аз 983 километр марзи Тоҷикистону Қирғизистон то кунун  ҳудуди 330 километраш таъйин ва аломатгузорӣ нашудааст. Дар қитъаҳои баҳсӣ, ки асосан дар марзи ноҳияҳои Бодканду Лайлаки Қирғизистон бо ҷамоатҳои шаҳри Исфара ва  ноҳияи Ғафурови Тоҷикистон ҷойгир шудаанд, ҳар сари чанд вақт бар сари обу замину чарогоҳу роҳ муноқишаҳо рух медиҳанд.

Дар поёни моҳи апрели соли 2021 дар хунинтарин муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 55 нафар кушта ва 240 каси дигар захмӣ шуданд. Аз аввали соли 2022 дар чанд даргирӣ дар марзи ин ду кишвар 4 нафар аз ҷониби Тоҷикистон кушта шуда, беш аз 20 тани дигар аз ҳарду тараф ҷароҳат бардоштанд.

Вале марзи вилояти Ӯш бо Тоҷикистон то ҳол нисбатан оромтар ба назар мерасид.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button