ВидеоТоҷикистонҲуқуқи инсон

ДАР ЁВОН ДУХТАРОН НАГУЗОШТАНД, КИ ПИСАРОНИ ҲАМСАБАҚАШОНРО БА АРТИШ БАРАНД (ВИДЕО)

Хонандагони пойгоҳи хабарии “Бомдод” аз ноҳияи Ёвон бо ирсоли як видео хабар доданд, ки рӯзи 11 май духтарони донишҷӯи коллеҷи тиббии Ёвон ба кормандони комиссариат имкон надодаанд, ки писаронеро, ки дар ин коллеҷ таҳсил мекунанд, “облава” карда, маҷбурӣ ба артиш баранд.

Рӯзи 11 май дар коллеҷи тиббии Ёвон имтиҳон мегузашт ва масъулон ба инҷо чанд автобусро оварданд, то ки баъди анҷоми имтиҳонҳо писарони донишҷӯро гӯё “ихтиёран” ба хидмат баранд.

Вале духтароне, ки дар коллеҷи тиббӣ таҳсил мекунанд, якҷоя шуда, монеи боздошту ба ин автобусҳо бор кардани писарон шудаанд.

Дар видеои фиристодашуда дида мешавад, ки автобусҳо холӣ саҳни коллеҷи тиббии Ёвонро тарк мекунанд ва донишҷӯён: чӣ писарону чӣ духтарон ин автобусҳоро бо шӯру шавқ ва ҳуштаккашӣ гусел мекунанду бо ин тариқ пирӯзии худро ҷашн мегиранд.

Дар рӯзҳои охир донишгоҳҳову донишкадаву коллеҷҳои Тоҷикистон паиҳам дар бораи ба хидмат фиристодани садҳо донишҷӯи хатмкунанда хабар медиҳанд. Ба ин хотир имтиҳонҳои хатми бисёре аз ин мактабҳои олиро ҳатто ба пештар овардаанд. Масъулони ин муассисаҳои таълимӣ мегӯянд, ки гӯё ин ҳама донишҷӯён бо ихтиёри худ ба хидмат рафтанд. Вале бархе аз ин донишҷӯён мегӯянд, ки онҳоро барои рафтан ба хидмат маҷбур кардаанд ва бархеро ҳатто бо усули “облава” дастгир карда, бурдаанд.

Тибқи қонун дар бораи хидмати ҳарбӣ ҳоло шаҳрвандони Тоҷикистон баъди хатми мактаби олӣ низ бояд як сол дар саффи Қувваҳои мусаллаҳ хидмат кунанд.

Дар ин шабу рӯз дар Тоҷикистон мавсими баҳории даъват ба артиш идома дорад. Ин маърака 1 апрел оғоз ёфт ва то 31 май давом мекунад. Вазорати мудофиа ахиран хабар дод, ки дар моҳи аввали даъват, яъне то 1 май нақшаи даъват алакай 70% иҷро шудааст.

Ҳар мавсими даъват ба артиш дар Тоҷикистон ҳамроҳ бо шикоятҳо аз “облава” ё “сарбозшикор” ҷараён мегирад.  “Облава” як шеваи аслан ғайриқонуниест, ки кормандони комиссариатҳои ҳарбӣ ва мақомоти маҳаллӣ ҷавонони синну соли даъватиро дар кӯчаю бозорҳо дастгир карда, ба хидмат мефиристанд. Дар бисёр маврид хешу табори ҷавонони “облава” –шуда танҳо баъди чанд рӯз хабар меёбанд, ки наздикони гумшудаашонро ба артиш бурдаанд.

Мавсими кунунии даъват низ аз шикоятҳо дар бораи “сарбозшикор” истисно набуд. Дар тӯли моҳи апрел дар Интернет чандин видеои лаҳзаҳои маҷбуран дар кӯча доштану ба комиссариат бурдани ҷавонон нашр шуд.

Фаъолони ҷомиаи шаҳрвандӣ  пайваста аз роҳбарони Тоҷикистон даъват мекунанд, ки ба ин таҷрибаи “облава”, ки обрӯи давлатро мерезонад, нуқта гузоранд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button