ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

15 ШАБОНАРӮЗ ҲАБСИ ОРЗУ ВАЙСОВИЧ БАРОИ ТАШКИЛИ “АЛИК-МАЛИК” (3 АКС)

Маркази матбуоти РВКД ш. Душанбе 12 майи соли 2022 хабар дод, ки як сокини 22-солаи кӯчаи Деҳотии пойтахтро бо иттиҳоми мардумфиребӣ бо роҳи ташкили қиморбозӣ, ё ба таъбири мардум, “алик-малик” дар назди бозори “Ганҷина” ба 15 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ маҳкум кардаанд.

Дар гузориш гуфта мешавад, ки як падидаи номатлуб ва ғайриқонуние, ки баъзан дар кӯчаҳои пойтахт, асосан дар назди бозорҳо ва маконҳои ҷамъшавии одамон ба чашм мерасад, ин аз ҷониби баъзе аз афрод ташкили қиморбозӣ ё ба истилоҳи мардумӣ «алик-малик» мебошад.

Ахиран дар натиҷаи пешбурди рейду амалиёти санҷишӣ як нафар қиморбоз, ки бо роҳи фиреб ва ҷалби таваҷҷӯҳи шаҳрвандон ба ин кирдори ғайриқонунӣ машғул буд, дастгир ва ба Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дастрас карда шуд.

Ин нафар шаҳрванд Шарипов Орзу Вайсович, соли таваллудаш 2000, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Деҳотӣ мебошад, ки номбурда дар кӯчаи Неъмат Қарабоев, назди бозори “Ганҷина” ба ин амали мардумфиребона машғул будааст.

 Вобаста ба ин ҳолат нисбат ба Орзу Шарипов протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, бо қарори додгоҳ нисбаташ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 15-шабонарӯз таъин карда шуд.
  Бо назардошти ҳолати мазкур Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз ҳамаи сокинону меҳмонони пойтахт хостааст, ки дар сурати шоҳиди чунин ҳодисаҳо гардидан, қонуншиканҳоро тавассути телефон навор ва ё акс гирифта, ба милитсияи пойтахт ирсол намоянд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button