ВидеоҲодиса

ТАРКИШИ МОШИНИ СӮЗИШВОРӢ ДАР МАСТЧОҲ 6 ЗАХМӢ БА ҶО ГУЗОШТ

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 10 майи соли 2022 бар асари таркидани як мошини пур аз сӯзишворӣ дар як нуқтаи фурӯши маводи сӯхт дар ҷамоати Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ дар шимоли ҷумҳурӣ 6 нафар ҷароҳат бардоштанд.

Бино ба иттилои ин ниҳод, рӯзи 10 май ба қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда хабар расид, ки дар як нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Оббурдони ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд як мошини пур аз маводи сӯхт оташ гирифта, таркидааст.

 “Бар асари таркиш нуқтаи фурӯши маводи сӯхт ва иншооти атрофи он хароб шуда, 6 нафар ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд. Ҳамаи онҳоро дар бемористони ноҳияи Мастчоҳ бистарӣ кардаанд”, – гуфта мешавад дар хабар.

Сабаби таркиш ҳанӯз равшан нест. Гуфта мешавад, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ҳоли ҳозир машғули муайян кардани сабабҳои оташ гирифтани таркидани ин мошини пур аз маводи сӯхт мебошанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳамчунин хабар дод, ки рӯзи 10 майи соли 2022, аз соати 12:50 то 13:00  дар ҳудуди ноҳияи Нуробод борони сел боридааст. Дар натиҷа, лойу селобаи зиёде аз дараҳои атроф ба ҷамоати Хумдон фурӯ рехта, ҳудуди 4 гектар замини кишти сокинони деҳаи Сари Қошро хароб кардаанд. Ҳамчунин лойоба 800 метри канали “50-солагии Тоҷикистон”-ро, ки заминҳои кишти сокинони ҷамоати Хумдон аз ҳамин канал обёрӣ мешуд, пур кардааст.

Хушбахтона, дар ин офат касе осеб надидааст.

Дар маҳалли офати табиӣ комиссияи ҳолатҳои фавқулодда кор мекунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button