РӮЗИ 11 МАЙ ДАР ТОҶИКИСТОН БОРОНИ БОШИДДАТ МЕБОРАД (ВИДЕО)

Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 11 майи соли 2022 дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда пешбинӣ шуда, борони бошиддат меборад. Аммо бо ин вуҷуд ҳарорати ҳаво аз +13 (дар Бадахшон) то +28 (дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Суғд) гарм мешавад.
Бино ба пешбинии ҳавошиносон, дастикам то поёни ҳафтаи рафон, яъне аз 10 то 16-уми моҳи майи соли 2022 дар қаламрави ҷумҳурӣ обу ҳавои номусоид ҳамроҳ бо боронҳои пуршиддат, шамоли сахт, жола, раъду барқ дар назар дошта шуда, дар пайи ин офатҳо хатари селҳои харобкор, лағзиши тарма, ярч, резиши санг вуҷуд дорад. Дар ин иртибот аз аҳолӣ хостаанд, ки дар ин рӯзҳо аз рафтан барои ҷамъоварии ҳезуму алафҳои дорувор (чукрию рошаку сиёҳалаф), занбурӯғ (хоч), чорвочаронӣ, моҳидорӣ ва шикор ҳадалимкон худдорӣ карда, дар интихоби чарогоҳ барои чаронидани чорвои худ низ аз эҳтиёт кор бигиранд.
Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар шарқи вилоят ҳавои асосан бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 9+14 дараҷа гарм, рӯзона 20+25 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм, рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат ва дар ноҳияҳои алоҳида борони бошиддат меборад. Раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 14+19 дараҷа гарм, рӯзона 23+28 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3+8 дараҷа гарм, рӯзона 15+20 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар ноҳияҳои алоҳида боридани борони бошиддат дар назар аст. Раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 17+22 дараҷа гарм, рӯзона 27+32 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 12+17 дараҷа гарм, рӯзона 18+23 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат ва дар ноҳияҳои алоҳида борони бошиддат меборад. Раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 13+18 дараҷа гарм, рӯзона 23+28 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 9+14 дараҷа ва рӯзона 21+26 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбанда шуда, шабона ва саҳаргоҳон борони бошиддат меборад. Раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 15+17 дараҷа ва рӯзона 24+26 дараҷа гарм мешавад.

