ВидеоМуҳоҷирон

РИШТАИ УМРИ ОМӮЗГОРИ ҶАВОН АЗ ТОҶИКОБОД БА ТАВРИ ФОҶИАВӢ ДАР МАСКАВ КАНДА ШУД

 Соимҷон Сафаров, омӯзгори забони англисӣ аз ноҳияи Тоҷикобод шаби 9 ба 10 май дар яке аз сохтмонҳои шаҳри Маскави Русия  ҳангоми иҷрои корҳои сохтмонӣ ҷароҳат бардошта, дар бемористон аз олам чашм пӯшид. Соимҷон ҳамагӣ 27 сол дошт ва аз ӯ ду фарзанди хурдсол: як писар ва як духтар ятим монд.

Дар ин бора Сӯҳроби Ваҳҳобниё, ҳамкасби Соимҷон Сафаров аз ноҳияи Тоҷикобод ва бародари шоири шинохтаи тоҷик Рустами Ваҳҳоб дар саҳифааш дар Фейсбук хабар дод.

“Мо аз Худоем ва ба сӯйи ӯ бозмегардем.

Ҳар азизе аз ҷаҳон бигзашт, бе мо нагзарад,

Ҳар яке ҳамроҳи худ як пора аз мо мебарад.

Шаби 9 ба 10-уми май ҳангоми корҳои сохтмонӣ дар шаҳри Маскав, собиқ омӯзгори фанни забони англисии мактаби мо Сафаров Соимҷон ҷароҳат бардошта, дар яке аз бемористонҳои ин шаҳр пас аз ҷарроҳӣ дар 27-солагӣ ба раҳмати Ҳақ пайваст. Аз Соимҷон ду фарзанд- як духтар ва як писар, ки ҳанӯз мактабхон нестанд, ба ёдгор монд.

Ҳайъати омӯзгории мактаб ба наздикон ва пайвандони Сафаров Соимҷон аз даргоҳи Парвардгори қодиру тавоно ва ҳакиму доно сабри ҷамил ва таҳаммулу бурдборӣ хоста, барои марҳум биҳишти ҷовидониро таманно мекунад.

Руҳаш шод ва манзили охираташ пурнур бод!” – навиштааст Сӯҳроби Ваҳҳобниё.

Ҳар сол беш аз як миллион нафар, ё тақрибан нисфи аҳолии қобили кори Тоҷикистон бо мақсади таъмини рӯзгори хонаводаҳои худ ба Русия ба мардикорӣ мераванд. Ва ҳар сол дар Русия беш аз 1000 нафар аз муҳоҷирони тоҷик ба иллатҳои гуногун тарки ин дунё мекунанд. Фалокатҳо дар ҷои кору ҷои зист яке аз иллатҳои умдаи марги муҳоҷирони тоҷик дар Русия ба шумор меравад.

Солҳои охир шумори зиёде аз омӯзгорон низ ба сабаби камбуди маош рӯ ба муҳоҷирати корӣ овардаанд. Ин дар ҳолест ки дар мактабҳои Тоҷикистон ҳазорон муаллим, бахусус устодони забонҳои хориҷӣ, намерасад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button