ВидеоМуҳоҷиронҶанг дар Украина

АЗ ТАРАФИ РУСИЯ МЕҶАНГИД: ЯК СОКИНИ ФАЙЗОБОД ДАР ҶАНГИ УКРАИНА КУШТА ШУД

Мақомоти Русия хабари марги як сарбози тоҷики артиши Русия дар Украинаро ба пайвандонаш дар ноҳияи Файзобод расондаанд.

Наздикони Алиҷон Сафарови 25-сола, сокини деҳаи Ҷонсӯзи ноҳияи Файзобод, гуфтанд, ки ӯ солҳо боз дар артиши Русия хидмат мекард, вале аз ҳузураш дар Украина хабар надоштанд.

Бар асоси хабаре, ки мақомоти рус ба наздиконаш расондаанд, ӯ рӯзи 8-уми май кушта шудааст. Дар кадом минтақаи Украина ва дар кадом шароит ӯ ҳалок шудааст, номаълум аст. Ҳанӯз нагуфтаанд, ки ҷасади ӯро ба Тоҷикистон меоранд ё на.

Аз ин пеш, рӯзи 23-уми апрел, ҷасади як низомии дигари тоҷиктабори артиши Русияро ба ватан наоварданд ва дар шаҳри Барнаули ин кишвар ба хок супурданд.

Ба гуфтаи пайвандонаш, Абубакр Нозимови 24-сола, рӯзи 12-уми апрел, дар шаҳри Харкови Украина кушта шудааст. Абубакр, рӯзи 15-уми феврал, барои ҷанг дар Украина сафарбар шуда буд.

Аз оғози ҷанги Русия бо Украина хабари марги беш аз даҳ зодаи Тоҷикистон ба наздиконашон расидааст.

Ҷанги Русия бо Украина беш аз ду моҳ боз давом дорад.

Як нашрияи украинӣ чанде пеш рӯйхати низомиёни Русияро расонаӣ кард. Дар ин феҳрист номи наздик ба 6 ҳазор нафаре омадааст, ки аз Осиёи Марказӣ ҳастанд. Дар бораи наздик ба 100 нафари онҳо гуфта шудааст, ки зода ва парвардагони Тоҷикистонанд. Садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ҳамзамон шиносномаи Русияро доранд. Байни ду кишвар низоми душаҳрвандӣ ҷорист.

Манбаъ: Радиои Озодӣ

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button