АфғонистонВидеоМинтақа ва ҷаҳон

ТАҲДИДИ ҲИКМАТЁР: АФҒОНИСТОН ҲАМ БА МУХОЛИФИНИ МУСАЛЛАҲИ ТОҶИК ПАНОҲ МЕДИҲАД (ВИДЕО)

Гулбиддин Ҳикматёр, сарвазири собиқи Афғонистон дар як суханрониаш ҳукумати Тоҷикистонро айбдор кард, ки ба мухолифини мусаллаҳи ҳукумати кунунии Толибон дар қаламраваш паноҳ додааст. Ҳикматёр инро “иқдоми хасмона, бидуни муҷибу далел” номида, ҳамвазни  эълони ҷанг ба зидди мақомоти кунунии Афғонистон маънидод кард ва гуфт, мақомоти Афғонистон метавонанд дар посух ба мухолифини мусаллаҳи ҳукумати Тоҷикистон паноҳгоҳ бидиҳанд ва барои Тоҷикистони, ба гуфтаи Ҳикматёр, “заифу кӯчак ва шикананда” мушкилоти ҷиддӣ эҷод намоянд.

Мақомоти Душанбе ин баёнияи Ҳикматёрро ҳанӯз шарҳ надодаанд.

Гулбиддин Ҳикматёр дар ин мавъизааш, ки бо забони дарӣ суҳбат мекард, мегӯяд: “Шумо, ки дар кишваратон ба мухолифини мусаллаҳи Афғонистон паноҳ медиҳед, оё медонед, маънои паноҳ додан ба мухолифини мусаллаҳи кишвари ҳамсоя чист?  Маънои ин ба ҷуз аз эълони ҷанг ба зидди кишвари ҳамсоя ҳеҷ чизи дигаре буда наметавонад. Ҳамист маънояш! Яъне шумо амалан ба Афғонистон эълони ҷанг додед! Мухолифини мусаллаҳашро паноҳ додед, ҳимоят мекунед ва ҳатто пойгоҳҳо барояшон додеду таҳти омӯзиш гирифтаед онҳоро, мусаллаҳашон мекунед. Ва, муттаассифона, Душанбе мудофеи сарсахти инҳост, ки дар ҳукумати Афғонистон ҳам саҳми дастикам 40 дарсадро мехоҳанд.”

Ҳикматёр батакрор гуфт, ки ин мавзеъгириҳои Душанбе ба маънои эълони ҷанг ба зидди Афғонистон ва “паёмадаш ҳам ҷуз ин нахоҳад буд, ки  дар муқобили ин иқдоми хасмона, якҷониба ва бидуни муҷибу далел Афғонистон ҳам тасмим бигирад, ки ба мухолифини мусаллаҳи давлати Тоҷикистон паноҳ бидиҳад. Ва агар ин кор шуд, Тоҷикистони заифу кӯчак ва шикананда ба чӣ сарнавиште рӯбарӯ хоҳад шуд? Ду ило се ҳазор нафар ҳам кофист, ки агар дар Афғонистон паноҳгоҳ биёбанд, барои Душанбе душвор бошад, ки битавонад вазъиятро ором кунад.”

Ҳикматёр аз Душанбе хост, дар мавзеъгириҳояш дар қиболи Афғонистон таҷдиди назар кунад ва “ба ҷои роҳи душманӣ ва хусумат роҳи тафоҳум ва таҳаммули якдигарро интихоб кунад”.

Тоҷикистон аз ангуштшумор кишварҳои дунёст, ки аз Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ба раҳбарии Аҳмади Масъуд, фарзанди Аҳмадшоҳи Масъуд пуштибонӣ мекунад ва гуфтааст, агар Толибон ба ақалиятҳои қавмӣ, бахусус ба тоҷикони Афғонистон дар ҳукумати худ ҷойгоҳи шоистаеро қоил нашаванд, режими нави Кобулро эътироф нахоҳад кард.

Бисёре аз намояндагони ҳукумати қаблии Афғонистону раҳбарони Ҷабҳаи муқовимати миллӣ, ки ба зидди Толибон меҷангад,  ва хонаводаҳои онҳо дар Тоҷикистон паноҳ бурдаанд.

Ба навбати худ, шуморе аз мухолифони мусаллаҳи ҳукумати Тоҷикистон дар Афғонистон дар канори Толибон меҷангиданд ва баъди ба пирӯзи расидани ҷангҷӯёни Толибон таҳдид карда буданд, ки акнун хатти “ҷиҳод”-и худро ба ин сӯи Омӯ мекӯчонанд.

Таҳдиди Ҳикматёр ба додани паноҳгоҳ ба мухолифони мусаллаҳи давлати Тоҷикистон дар ҳолест, ки ахиран Андрей Серенко, як шореҳи рус дар Телеграм хабар дод, ки гӯё дар сафҳои мухолифини тоҷик қаноти ҳарбӣ таъсис ёфтааст ва ин қаноти низомӣ аз шеваҳои муборизаи оппозитсияи феълӣ норозӣ буда, дар пайи таъсиси танзимҳои мусаллаҳи худ мебошад.

Гулбиддин Ҳикматёр дар солҳои 80 ва 90 аз фармондеҳони саҳроии муҷоҳидини афғон ва асосгузори ҳизби исломии Афғонистон буд, ки бо талаби супурдани қудрат дар солҳои 1994 ва 1995 Кобулро, ки таҳти назорати нирӯҳои Аҳмадшоҳ Масъуд қарор дошт, мушакборон  ва хеле вайрон кард. Ӯ баъдан солҳои зиёде ба ҳайси бандии нимаозод дар Эрон қарор дошт.

Толибон баъди тасарруфи дубораи Кобул дар моҳи августи соли 2021 Ҳикматёрро имоми яке аз масҷидҳои пойтахти Афғонистон таъйин карданд. Ӯ ҳар сари чанд вақт аз минбари ин масҷид аз ҷумла дар мавриди ҳукумати Тоҷикистон суханрониҳои баҳсбарангез мекунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button