ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

СЕ САДАМАИ МАРГОВАР ДАР ҲАМАДОНӢ, САРАЗМ ВА ИСТАРАВШАН

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон рӯзи 10 май хабар дод, ки дар рӯзҳои истироҳат (8 ва 9 май) дар роҳҳои ҷумҳурӣ боз се садамаи марговар рух дода,  сабаби дар ҷои ҳодиса ҷон бохтани як пиёдагард дар гноҳияи Ҳамадонӣ, як дучархарон дар шаҳракаи Саразми Панҷакент ва як ронандаи “Скутер” дар ҳудуди шаҳри Истаравшан шудааст.

Шаби 7 май бар асари як садама дар мавзеи Қавола дар канори шаҳри Панҷакент се нафар: ронандаи “Мерседес”, ҳамсари ӯ ва қудояш, ки келини ҳомилаи ин хонаводаро ба таваллудхона мебурданд,  ҳалок шуданд.

8-уми майи соли 2022, тахминан соати 21:15-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, Зоиров Ҷовидон Асламхонович, соли таваллудаш 1988, сокини ноҳияи Фархор, ҳангоми ҳаракат кардан аз самти деҳаи Қаҳрамон ба самти деҳаи шаҳраки Москваи ноҳияи Ҳамадонӣ, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард, Шарипов Маҳсиддин Шарофиддинович, соли таваллудаш 1982, сокини ноҳияи мазкурро пахш намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Дар натиҷа, пиёдагард Шарипов М.Ш. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ҳамин тариқ 8-уми майи соли 2022, тахминан соати 18:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Равон», Амиров Абдулкарим Сулаймонович, соли таваллудаш 1955, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди “Айнӣ-Панҷакент” дар ҳудуди шаҳраки Саразми шаҳри Панҷакент, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дучархарон, Султонов Улмас Мардонқулович, соли таваллудаш 1998, сокини шаҳри мазкурро пахш намудааст.
Дар натиҷа, дучархарон Султонов У.М. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
9-уми майи соли 2022, тахминан соати 11:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Турсунов Шавкатҷон Маҳмудович, соли таваллудаш 1995, сокини шаҳри Бӯстон, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Чанноқ-Хуҷанд-Душанбе” дар ҳудуди шаҳри Истаравшан, аз ухдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба қисми қафои “Скутер”, ки ба Шерматов Нурулло Мамадҷонович, соли таваллудаш 2001, сокини ноҳияи Б. Ғафуров тааллуқ дорад, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, Шерматов Н.М. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Тавре пойгоҳи хабарии “Бомдод” қаблан хабар дод, тақрибан соати сеи шаби 7 майи соли 2022,  як ронандаи мошини “Мерседес”, ки келини ҳомилаашро аз деҳаи Сӯҷина ба таваллудхонаи шаҳри Панҷакент мебурд,  дар мавқеи Қавола дар канори ин шаҳр аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт баромада натавониста, ба қисмати қафои як мошини боркаши тамғаи “Дулан” бархӯрдааст. Ба гуфтаи манобеи пойгоҳи хабарии “Бомдод”, дар натиҷаи ин садама ронандаи “Мерседес” ва ҳамсару қудояш, ҳарсе сокинони деҳаи Сӯҷина дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Келини ҳомилаи ин хонаводаро дар ҳолати вазнин ба бемористон бурдаанд.

Тафсилоти дигари ин ҳодиса дастрас нест.

Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози шумори садамаҳо пурхатар шумурда мешаванд. Бино ба омори расмӣ, соли 2021 бар асари 1102 садамаи нақлиётӣ  дар роҳҳои ин кишвар 395 нафар ба ҳалокат расида, 1 218 нафар ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштаанд. Суръати баланди ҳаракат ва риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ҳамчунин роҳҳову мошинҳои фарсуда аз иллатҳои умдаи садамаҳо, аз ҷумла садамаҳои марговар дар роҳҳои Тоҷикистон ном бурда мешаванд.

Вақтҳои охир истифодаи телефонҳои мобил ва дигар васоили электронӣ ҳангоми рондани мошин ба як омили дигари садамазо табдил ёфтааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button