НАШРИЁТИ “ЭРГРАФ”-РО ДАР ДУШАНБЕ ДУЗД ЗАДААСТ

Марди 38-солаи сокини шаҳри Душанбе ба он гумонбар мешавад, ки рӯзи 8 май аз бинои нашриёти “ЭрГраф” дар кӯчаи Набиев 19 ҳазору 140 сомониро дуздидааст.
ххххххххх
Сокини 41-солаи Хуҷанд ба он гумонбар мешавад, ки моҳи марти соли 2021, бо роҳи фиреб аз сокини 39-солаи шаҳри мазкур 90 ҳазор сомонӣ гирифта, то ҳол барнагардонидааст.
Аз навори хабарҳои рӯзи 10 майи маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон
Ошкор шудани ҳолати дуздӣ

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо ариза марди 62-солаи сокини пойтахт муроҷиат намудааст, ки 8-уми майи соли 2022, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба ҶДММ «ЭрГраф», воқеъ дар кӯчаи Р.Набиев даромада, аз он ҷо 19 ҳазору 140 сомониро дуздида, аз ҷои ҳодиса ғайб задааст.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниӽои оперативи-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 38-солаи сокини шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Оид ба ин ҳолат тафтишот идома дорад.
Оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ вобаста ба ҳолати қаллобӣ

Нисбати марди 41-солаи сокини шаҳри Хуҷанд парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуд.
Номбурда, моҳи марти соли 2021, бо роҳи фиреб ба боварии марди 39-солаи сокини шаҳри мазкур даромада, аз ӯ 90 ҳазор сомонӣ гирифта то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.