ВидеоРӯйдодҳои БадахшонТоҷикистон

НАШРИ АКСҲОИ ХОНАИ БА ХОК ЯКСОНШУДАИ АМРИДДИН АЛОВАТШОЕВ (5 АКС)

Журналист Aнора Саркорова, ки асосан таҳаввулоти марбут ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро пайгирӣ мекунад, дар Фейсбук 5 акси хонаи аз тарафи мақомот ба хок яксоншудаи яке аз лидерҳои ғайрирасмии ин минтақа Амриддин Аловатшоевро нашр кард.

Аловатшоев, ки моҳи январи соли 2022 аз Русия оварда шуд, рӯзи 29 апрел дар як додгоҳе, ки ҳамагӣ чанд соат давом кард, ба 18 соли зиндон маҳкум шуд.

 Мақомот хонаи ӯро дар поёни моҳи март чаппа карданд. Мақомот то ҳол сабаби чунин тасмимашонро расман шарҳ надодаанд, вале бино ба иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, мақомот далел овардаанд, ки хонаи Аловатшоев гӯё дар ҳудуди як мактаби ноҳияи Роштқалъа сохта мешуд ва як масъули идораи заминсозӣ ин қитъаи заминро “ғайриқонунӣ фурӯхтааст”. Осмон Алидодов, собиқ масъули идораи заминсозии ноҳияи Роштқалъаро гӯё ба ҳамин далел ба 8 соли зиндон маҳкум кардаанд.

Вале Анора Саркорова аз қавли наздикони Аловатшоев менависад, ки онҳо як сол аз пайи ҳуҷҷатгузории ин сохтмон двида, ҳама ҳуҷҷатҳоро алакай соли 2013 ҷамъ оварда буданд.

 “Ба онҳо як сол лозим шуд, то тамоми ҳуҷҷатҳои лозим барои қонунӣ кардани ин қитъаи замин ва иҷозат барои сохтани хонаро ҷамъ кунанд. Сертификате, ки ҳаққи ин оила ба ин қитъаи замин ва бунёди хонаро собит мекунад, то ҳол дар дасти оилаи Аловатшоев аст. Сохтмони хона 7 сол боз тӯл мекашид ва дар ин муддат ягон намояндаи мақомот дар масъалаи бунёди хонаи Аловатшоев эътирозе надошт”, – менависад Саркорова.

Бино ба иттилои ӯ, кам будани маблағ сабаби чандин сол тӯл кашидани сохтмон шудааст.

 “Аловатшоев дар 7 сол танҳо сохтмони қабати якуми биноро ба поён расонд, ки он ҳам дар поёни моҳи март пурра ба замин яксон карда шуд. Ба гуфтаи шоҳидон, барои вайрон кардани хонаи ин фаъоли ҷамъиятӣ аз Хоруғ ба маркази ноҳия трактор оварданд”, – менависад Анора Саркорова.

Амриддин Аловатшоев 21-уми декабри соли 1977 дар ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ  ба дунё омада, ду фарзанд дорад.  Исми ӯ бори аввал дар октябри соли 2018 вақте дар сархатти хабарҳо афтод, ки мақомот дар қатори 7 лидери ғайрирасмии Бадахшон бо Аловатшоев низ як протоколи алоҳида имзо карданд. Бар асоси он санад, Аловатшоев уҳдадор мешуд, ки аз ташкили гуруҳҳои ҷиноӣ даст кашида, ҷавононро ба зидди ҳукумат нашӯронад.

Аловатшоев соли 2019 ба Русия рафт ва ба зудӣ яке аз лидерҳои бонуфузи диаспораи зодагони Бадахшон дар ин кишвар шуд.  Гуфта мешавад, ки Аловатшоев дар ҳалли мушкилоте, ки ба сари муҳоҷирони бадахшонӣ дар Русия меомад, кумак мекард ва барои ҷавонони ин минтақа дар Маскав ва дигар шаҳрҳои Русия толорҳои варзишӣ ташкил мекард.

Амриддин Аловатшоевро яке аз ташкилкунандагони митинги шоми 25 ноябр дар назди сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Маскав мешуморанд. Ӯ аз ҷумлаи онҳое буд, ки он шом бо сафири Тоҷикистон дар Русия Давлатшо Гулмаҳмадзода мулоқот карданд ва талабҳои эътирозгаронро ба вай расонданд.

Аловатшоев рӯзи 11 январ дар вилояти Белгороди Русия дастгир шуд ва алакай рӯзе баъд аз тариқи Маскав ба Душанбе оварда шуд.  Додгоҳ рӯзи 29 апрел дар дохили СИЗО №1 баъди ҳамагӣ 5 соати шурӯи мурофиа Аловатшоевро ба 18 соли зиндон маҳкум кард. Тафсилоти парвандаи ӯ то ҳол расман нашр нашудааст, вале бино ба иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, алайҳи Амриддин Аловатшоев бар асоси панҷ моддаи Кодекси ҷиноӣ парванда кушода буданд:

– Гаравгонгирӣ (қисми 2-и моддаи 181);

– Ғасби бино, иншоот, воситаҳои иттилоот ва алоқа аз ҷониби гурӯҳи созмонёфта (қисми 3-и моддаи 182);

– Ташкили иттиҳоди ҷиноӣ (моддаи 187);

– Барангехтани кинаю адоват ё низои иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, маҳалгароӣ ё динӣ (моддаи 189);

– Ташкили иттиҳоди экстремистӣ (моддаи 307, иловаи 2).

Ба гуфтаи як манбаи огоҳ, Аловатшоевро ба он гунаҳкор кардаанд, ки гӯё «соли 2018 ба ҳуҷраи кории Шодихон Ҷамшед, раиси вақти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ворид шуда, ӯро гаравгон гирифтаву утоқашро хароб кардаанд.» Толиб Айёмбеков, яке аз лидерони ғайрирасмӣ дар ВМКБ, он вақт одӣ гуфта буд, ки баъзе афродро дар зиндон шиканҷа карданд ва онҳо ба назди раиси вилоят рафтанд, то масъаларо таҳқиқ кунад.

Маҳз баъди он воқеа, раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон тамоми роҳбарони вилоятро аз кор ронда,  ба Хоруғ нирӯҳои иловагӣ фиристод ва барои барқарор кардани тартибот дар Бадахшон як ситоди байниидоравӣ таъсис дод.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button